Бонувони сермасъул6-03-2019, 17:27
Хабарро хонданд: 349 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамасола дар сар то сари кишвари азизамон Рӯзи модарон бошукуҳу шаҳомати махсус таҷлил мегардад. Хосса, вақте Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи хешро ба ин рӯз равона карда, бо мақсади бузургдошти зан–модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдори оила ин рӯз, яъне 8-мартро бо Фармони №632 аз 6 марти соли 2009 ҳамчун Рӯзи модар эълон намуданд, таваҷҷуҳи хосу ом ба он бештар гардид. Ҳамчунин бо мақсади вологузории ҳурмати эҳтироми зан-модар дар ҷомеа, дар асоси дастур ва ҳидоятҳои роҳбарияти кишвар, як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ коркард ва қабул карда шудаанд, ки нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати хоса соҳиб гаштани онҳо мебошад. Аз ҷумла, Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаогҷузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, инчунин, «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои пешбиникардаи давлату Ҳукумати мамлакат ва ободии Ватан ва пешрафти давлат саҳми худро мегузоранд. Занон табиатан дорои сиришти некӯ ва созанда, ниҳоди пок ва одобу ахлоқи ҳамида мебошанд. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба саҳми занон дар рушди илми ватанӣ таваҷҷуҳ намуда, меҳнати содиқона ва софдилонаи эшонро дар баробари мардон пайваста қадрдонӣ менамоянд. Феълан дар Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати Академияи илмҳо се тан аз бонувони кордон ва дорои одобу ахлоқи неки инсони фаъолият намуда истодаанд: Муҳаббати Файзулло–сармутахассиси шуъба, ки сафарҳои хизматии кормандони Академияи илмҳоро тибқи муқаррарот ба танзим медарорад ва ба кормандони Раёсат ва сохторҳои илмии Академияи илмҳо, ки ҷиҳати густариши ҳамкории илмӣ, иштирок дар конфронсхо, симпозиумҳо, семинарҳо, хондани лексияҳо ва гузарондани тадқиқотҳои илмии муштарак ба хориҷа фиристонида мешаванд, дар таҳияи асноди сафар ҳамеша кӯмак ва мусоидат менамояд. Дар ин замина, дар ташкил ва танзими фаъолияти шуъба, номбурдагон мутхассисони варзидаи самти худ ба ҳисоб рафта, донандангони якчанд забонҳои хориҷӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо пайваста барои такмили маҳорату малака ва баланд бардоштани сатҳу савияи дониши худ кӯшиш намуда, тамоми қувваи худро барои афзудани обрӯву эътибори илми тоҷик, фарҳанг ва маънавиёт, таблиғи ҷаҳонбинии илмӣ, мубориза бо таассубу кӯҳнапарастӣ, ифротгароиву мафкураи иртиҷоӣ равона карда истодаанд. Лозим ба қайд аст, ки Муҳаббати Файзулло, Саидҷалилова С. ва Мирсаидова Н. аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии “Илмпешагон”-и Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон дар Раёсати Академияи илмҳо ба ҳисоб рафта, бо қалби ҳассоси худ набзи ҷомеаи имрӯзаро хуб дарк менамоянд ва бо истифода аз рисолати пурмасъулияти хеш барои таҳкими сулҳу субот, тарбияи нафарони худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсту ватанпараст, инчунин, риояи муқаррароти қонунҳои миллиамон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар ин ҷода, коршиносони шуъбаазтаҷрибавудонишухирад ва маърифати Қурбонова Ширин – Раиси ташкилоти ибтидоии “Илмпешагон”, Умарова Шодигул – котиби илмии Шўрои илмии табъу нашр, Муродова Матлюба – мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Сатторова Назокат – мудири шуъбаи ҳуҷҷатгузорӣ, назорат ва бойгонӣ ва Костова Р.И. – котиби илмии шуъбаи илмҳои дақиқ пайваста истифода мебаранд. Одобу ахлоқи ҳамида ва заҳматҳои ҳамешагии номбурдагонро роҳбарияти АИҶТ ба инобат гирифта, чандин маротиба зебосанамони шуъбаи байналмилалиро бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ намудааст. Бешубҳа, даврони Истиқлолият барои занон имконияти бузурги фаъолият дар соҳаҳои идориро фароҳам овард. Имрӯзҳо бонувони мо дар корҳои давлатдорӣ низ фаъол буда, барои пешрафти ҷомеа ва давлат баробари мардон талош менамоянд. Маъмур Мирвайсов корманди шўъбаи робитаҳои байналмилалии АИҶТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.