Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Баррасии масоили ҳамкорӣ бо САҲА

Баррасии масоили ҳамкорӣ бо САҲА

25-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 391 нафар
Назарҳо: 0
Дар мулоқоте, ки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раъно Маҳмудзода Бобоҷониён бо мушовир масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ислоҳоти интихоботи Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо Весна Иванович Кастаред анҷом дод, масоили ҳамкориҳои дуҷониба, татбиқи сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир намудани силсилаи семинарҳои омӯзишӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини Раиси ҲХДТ Р. Маҳмудзода дар бораи мақом ва манзалати ҳизб дар кишвар ва обрӯи афзояндаи он дар миёни мардум изҳори назар намуда, тазаккур дод, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бонуфузтарин ҳизб дар мамлакат маҳсуб меёбад. Алҳол дар сафҳои он беш аз 450 ҳазор нафар аъзо муттаҳид гашта, сиёсати созанда ва бунёдкоронаро пеш мебарад. Барои амалӣ намудани ормонҳои мардум талош мекунад ва бо пешниҳод намудани барномаҳои воқеӣ дар маъракаҳои интихоботӣ ба пирӯзӣ мерасад. Чунончи дар заминаи дастгириҳои мардум ва иштироки фаъолонаи раъйдиҳандандагон тағйироту иловаҳои пешниҳодгардида ба Конститутсияи мамлакат комилан пазируфта шуданд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳизби мо дар парлумони кишвар фраксияи қавиеро ташкил дода, тавассути пешниҳоди санадҳои қонунгузорӣ ҳадафу мақсадҳои худро амалӣ мегардонад. Дар ҳар интихобот шумораи вакилони парлумон аз ҳисоби занон беш аз пеш меафзояд. Дар айни замон вакилон аз ҷумлаи занон беш аз 10 нафарро ташкил медиҳад. Дар доираи амалӣ намудани барномаҳои ҳукуматӣ оид ба таҳкими нақши занон дар ҷомеа шумораи занони роҳбар дар мақомоти муассисаҳои хизмати давлатӣ ба маротиб афзуда истодааст. Ҳизби мо барои татбиқи амалии сиёсати гендерӣ дар ҷумҳурӣ нақши муассир мегузорад.

Дипломати САҲА Весна Кастаред аз мусоидатҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бобати таҳким бахшидани маърифати сиёсии мардум ба шумули риояи муқаррароти баробарҳуқуқии занону мардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, эътимод бар он намуд, ки дар оянда низ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои тақвият бахшидани нақши занон дар ҷомеа ҳамкориҳоро бо созмонҳои байналмилалӣ боз ҳам вусъат мебахшад. Дар ин бобат ӯ омодагии худро ҷиҳати кӯмаку мусоидатҳо ба ташкилотҳои ҳизбии Тоҷикистон изҳор дошт.

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: