Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Экстремизми динӣ

Экстремизми динӣ

18-03-2019, 04:42
Хабарро хонданд: 496 нафар
Назарҳо: 0
Экстремизми динӣ

Экстремизми динӣ яке аз зуҳуроти манфии иҷтимоиест, ки ба шууру руҳияи ҷомеа, ахлоқ, идеология, муносибатҳои байни қавму табақаҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва хати равобити байни давлатҳо таъсири бад мерасонад.

Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ экстремизм ин ҷонибдорӣ аз ақида, мавқеъ ва тадбирҳои ифротӣ дар фаъолияти ҷамиъиятӣ мебошад. Барои муборизаи муваффақона алайҳи экстремизми динӣ ва терроризм пешгирии саривақтии онҳо, моҳияти ҷиноятии ин зуҳуротро дуруст бояд дарк кард.

Андешаҳои бедоркунандаи ақидаҳои террористӣ, экстремизм ин ангезаҳои моддӣ, идеологӣ, майли ҳукмронӣ, рағбат ба амалҳои фаъолу хатарнок нақши бештарро мебозад.

Муборизаи беамон бо экстремизми динӣ ва терроризм, оштинопазирӣ бо ҳама гуна шакли зоҳиршавии он, хусусан дар шароити кунунӣ, ки ин навъи фаъолияти тобиши сиёсӣ гирифтааст, ҳаётан муҳим ба назар мерасад.

Ба ин гурўҳҳои экстремистӣ пеш аз ҳама ҷавононро гирифтори доми ақоиди ифротии худ мекунанд.

Аз ин нуқтаи назар мо устодони муассисаҳои таълимӣ, бахусус мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ барои боз ҳам самараноктар ба роҳ мондани муқовимат алайҳи экстремизми динӣ аҳли ҷомеа, хусусан ҷавононро дар рўҳияи хайрхоҳию таҳаммулпазирӣ, ватандўстӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осмони беғубори кишвари маҳбубамон тарбия намоем. Бояд бо толибилм фаҳмонид, ки сулҳу оромиш, фазои беғубори Тоҷикистони азиз барои мо хеле муҳим аст.

Сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистони муосир, ки худ нооромиҳоро аз сар гузаронидааст, қадру манзалати махсус дорад.

Ин неъмати бебаҳо ба туфайли заковату заҳматҳои чандинсолаи давлату ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва гиромӣ дошти он аз вазифаҳои муҳими ҳар шахс ба шумор меравад.

Коллективи устодон ва донишҷўёни Коллеҷи омўзгории шаҳри Панҷакент низ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ намуда, барои гул-гулшукуфии Ватани худ кўшиш ба харҷ хоҳад дод.

Каттаев Отабек
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: