Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ «ВАБОИ АСР»

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ «ВАБОИ АСР»

3-07-2017, 11:12
Хабарро хонданд: 605 нафар
Назарҳо: 0
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ «ВАБОИ АСР»
Бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа, дар ҳамҷоягӣ ҳаллу фасл намудани мушкилоти рўз соли дуюм аст, ки дар назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо ибтикори шуъбаи кор бо занони кумиҷроия маҳфили «Рози бону» амал мекунад. Ба маҳфил ходимони давлативу сиёсӣ, занони фаъоли шаҳри Хуҷанд сарҷамъ омадаанд. Дирўз маҳфили навбатӣ доир гардида, занон мавзўи мубрами рўз- терроризм ва экстремизмро ҳамчун падидаи номатлуб арзёбӣ намуданд.
Маҳфилро раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ҷашҳои Иди саиди Фитр ва 20- солагии Рўзи ваҳдати миллӣ табрик намуда, баррасии мавзўи терроризм ва экстремизмро хеле саривақтӣ шуморид. Ба гуфтаи мавсуф имрўз ҷомеаи ҷаҳониро хатари боз ҳам шадидтар - ин паҳн шудани амалҳои номатлуб дар соири кишварҳо ба ташвиш овардааст. Бадбахтӣ он аст, ки аксари амалҳои террористии рухдодаро ҷомаи исломӣ мепўшонанд, ки ба паст шудани обрўи кишварҳои мусулмоннишин оварда мерасонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ қайд намудаанд, ки терроризм ва экстеремизм ба дини мубини ислом рабт надорад ва онҳое, ки ба ин амали ногувору нангин даст мезананд, душмани ин дин ҳастанд. Бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ сарҷамъона барои баланд бардоштани дониши сиёсии мардум саъй варзанд. Оқибатҳои ҳузновари аъзо ва пайравӣ ба гурўҳҳои иртиҷоиро ба ҷавонон бо мисолҳои возеҳ фаҳмонанд. Он гаҳ ҷомеа ором ва сокинон дар фазои сулҳу субот оромона умр ба сар мебаранд.
Раиси кумитаи занони ташкилоти ибтилоии 1- май дар шаҳри Хуҷанд Бойматов С.В. дар мавзуи «Терроризм ва экстремизм- фоҷиаи замони мо» баромад намуда, даъват ба амал овард, то алайҳи ин падидаи фоҷиабор муборизаи беамон барем.
Номбурда дар баромади хеш иброз дошт, ки терроризм ва экстремизм- фоҷиаи замони муосир ба шумор рафта, худи вожаҳои терроризм- тарс, тарсонидан, экстремизм- тундравӣ, беҳадрав аст. Бояд қайд кард, ки дар ҳар давру замон гурўҳҳои ифротгаро бо мақсадҳои гуногун амал мекарданд, аммо бо мурури солҳо ангезаи ин гурўҳҳо дар тамоми олам доман паҳн кард ва имрўз хатари он аз он хотир шадидтар аст, ки пайравони онҳо торафт зиёд мегарданд.
Бинобар ин, муттаҳид шудану дилу забонро як кардан омили асосии пешгирӣ алайҳи терроризм ва экстремизм бояд бошад, зеро «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Месазад, ки имрўз олимону пажўҳишгарон, барномасозону коршиносон баҳри муборизаи беамон бар зидди ҳадафҳои иртиҷоӣ асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ, барномаҳои ҳадафманду башардўстона тарҳрезӣ намуда, мардумро аз ин вартаи ҳалокатбор аз гирдоби абадӣ раҳоӣ намоянд.
Баррасии ин нукта дар баромадҳои музокирачиён – мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия Зеварой Бобоева, занони фаъоли шаҳри Хуҷанд Уғулой Умаралиева, Мукаррама Неъматова, Ҳамрохон Атаева, Мўътабар Зоҳидова боз мушаххасу густурдатар арзёбӣ гардид.
Дар фуроварди чорабинӣ ҳозирин мавзўи ояндаи маҳфилро, ки «Зани муосир чӣ гуна бояд бошад?» тасдиқ намуданд. Дар назар аст, ки бо ширкати волонтёрон давоми як моҳ вобаста ба мавзўи мазкур миёни занон назарпурсӣ доир карда мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: