Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хатар ба амнияти ҷомеа

Хатар ба амнияти ҷомеа

8-06-2018, 10:37
Хабарро хонданд: 284 нафар
Назарҳо: 0
Хатар ба амнияти ҷомеа
Солҳои охир ҳаракатҳои ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии ҷаҳони муосирро ноором карда, ҳаётро зери хатар мегузоранд. Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, оқибатҳои нохуш ба бор меорад. Ин падидаи номатлуб алалхусус байни ҷавонон ба яке аз муаммоҳои рўз табдил ёфта, оқибатҳои ногувори он тамоми башариятро ба таҳлука овардааст.
Аз ин рў, ҳар фарди ҷомеа ба ин кирдорҳои ғайриинсонӣ набояд бетараф бошанд. Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳуда таъкид накарда буданд, ки «Дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духўрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро, ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Ин масъала нуқтаи меҳварии Паёми имсола буда, ҷомеаро ҳушдор медиҳад, то бо ин амали мудҳишу ғайриинсонӣ, ки ҷони ҳазоронро зери хатар гузоштааст, муборизаи беамон барем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ҷавононро ватандўсту хештаншинос тарбия намоем. Майл намудани ҷавонон ба зуҳуроти номатлуб аз надоштани саводи диниву дунявии эшон мебошад, зеро ҷавони соҳибилм, тарбиятдида, бомаърифат ва қавиирода ҳеҷ гоҳ ба амалҳои ноҷо даст намезанад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бисёре аз ҷавонони гумроҳгашта аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба гурўҳҳои ифротӣ пайвастаанд. Вақте ки ҷавонони мо саводи казоиву касб надоранд, забонро намедонанд, барои дарёфти ризқу рўзӣ ба Россия сафар мекунанд, пас аз азобу машаққат шояд дар кўчаҳо мемонанд, оқибат дигар илоҷ намеёбанд ва ниҳоят ба доми онҳо меафтанд. Шахсе, ки дар ватани худ нонашро ёфта наметавонад, дар давлати бегона чӣ тавр соҳиби ҷои кор мегардад? Онҳоро дар давлати бегона ҳеҷ кас интизор нест. Падару модарон оқибати нохуши онро надониста, ҷавононеро, ки ҳамагӣ 17-18 сол доранд, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мефиристанд. Вақте ки фарзандонашон маблағ мефиристанд, намепурсанд, ки он маблағҳо аз куҷо, бо кадом роҳ, ба даст омадаанд. Охир падару модаре, ки фарзандро ба дунё овард, масъул ва муваззаф аст, талаботи ўро қонеъ гардонад, бо хўроку пўшок таъмин намояд. Вақте ки ҷавон бесавод ба воя мерасад, дар шоҳроҳи зиндагӣ роҳгум мезанад. Мавқеяшро намеёбад, наметавонад дар назди худ мақсад гузорад ва баҳри амалӣ гаштани он кўшад. Мо бояд имрўз ба насли ҷавон эътибори хоса диҳем, то ки соҳиби илму маърифат ва касбу ҳунар гарданд, якчанд забон омўзанд, то ки дар оянда баҳри халқу миллат ва падару модари хеш хизмати содиқонаву софдилонаро ба анҷом расонанд. Ҳастанд волидайне, ки маблағҳои бо азоб пайдо намудаи фарзандони худро бо барпо намудани тўйҳои серхарҷ дар як рўз барбод медиҳанд, ки аз рўйи адолат нест. Баъзан ҳатто аз бонкҳо қарз мегиранд, баргардонида натавониста маҷбур мешаванд фарзандони хешро ба муҳо- ҷирати меҳнатӣ фиристанд. Моҳи августи соли 2017 бо пешниҳоди худи мардум ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» тағйиру иловаҳо ворид гардид. Мардум дарк карданд, ки риояи талаботи қонун ва сарфаву сариштакорӣ, маъракаҳои камхарҷ боиси боло рафтани сатҳи камбизоатӣ гашта, маблағе ки сарфа гаштааст, баҳри беҳдошти зиндагии эшон сарф мешавад. Аммо ҳоло ҳам нафароне ёфт мешаванд, ки барои баргузории тўю маърака маблағҳои калон сарф мекунанду аз харидани китобҳои дарсӣ ва ё бадеӣ барои фарзанд худдорӣ мекунанд.
Волидайн бояд ояндаи фарзандони хешро фикр кунанд. Вақте ки ҷавон бесавод ба воя мерасад, ўро гумроҳ кардан осон аст, мафкураашро тез метавон тағйир дод ва ба ҳар гуна роҳи нодуруст раҳнамун сохт. Аз ин рў Пешвои муаззами мо дар Паёми хеш таъкид намудаанд: «Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷўён, омўзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандўстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рўҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намояд». Дарвоқеъ, агар ҷавононро мактаб ва падару модар дониши дуруст дода натавонанд, он гоҳ онҳо ҳадафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мегарданд. Аз ҷумла, имомхатибон, уламои дин бояд моҳияти донишҳои диниро ба ҷавонон дуруст расонанд ва мафҳуми ватандўстию худшиносии миллиро дар шуури ҳар яки онҳо ҷо кунанд. Он вақт метавон сари роҳи гаравидани ҷавононро ба гурўҳҳои террористию экстремистӣ гирифт.
Пайвастан ё шиносоӣ пайдо кардани ҷавонон бо «ҷиҳодиён» бо тариқи интернет бештар ба назар мерасад. Дар шабакаҳои интернет айни замон сайтҳои зиёде дар фаъолият мебошанд, ки мақсади мағзшўии ҷавононро доранд. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар як фарди боору номуси ҷомеа мебошад. Зеро иддае аз ҷавонони камдонишу сустирода ҳастии худро зери хатар гузошта, волидайн ва наздикони худро дар ҷомеа беобрў, шармсор ва сархам мекунанд. Ба ватану миллати азизи хеш хиёнат намуда, мехоҳанд обрўву нуфузи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ паст намоянд.
Чанде қабл дар тамоми ҷамоати деҳот ва маҳаллахонаҳои шаҳр оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро вохўриву мулоқот баргузор гардид. Ҳини вохўрӣ волидайни кулфатзада, ки фарзандонашон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ба гурўҳҳои ифротӣ шомил гаштаанд, бо афсўсу надомат ашк мерехтанд, ки дили касро реш мекард. Дар замири фарзандон аз хурдсолӣ садоқат ба Ватан ва халқу миллатро ҷой кунонида натавонистанд, то эшон хоину ватанфурўш ба воя нарасанд. Дар яке аз маҳаллаҳо ҳангоми мулоқот модаре, ки фарзандаш бе ному нишон гаштааст бо оби дидаи шашқатор иброз намуд, ки фарзанди 18-солааш ба Маскав, пас ба Норилск мераваду аз падару модар дур ба гурўҳи ифротӣ шомил мегардад. Айни ҳол волидайн тўли 3 сол аз фарзанди худ дарак меҷўянд.
Бояд дар ин ҳолат волидайн айбро дар худ ҷўянд, ки шояд аз тарбия фориғ мондаанд, насиҳат накардаанд, аз роҳи бад эмин нигоҳ дошта натавонистанд. Аз маҳаллаи дигар волидайни ҷавоне, ки 9 сол ҳукм гирифтааст, боисрор мегуфтанд, ки фарзанди онҳо ба ин роҳ нарафтааст, бовар намекарданд, ки вай ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил гашта бошад. Ба Маскав, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, пас аз бозгашт тарғибгари ғояҳои ифротӣ гаштааст. Аз рўи гуфтаи волидайн ў хизмати Модар-Ватанро бо сари баланд ва сарфароз гардидан бо ифтихорномаҳо ба охир расонида омада буд. Бо умеди пул сарвату бойигарӣ ба гурўҳи ифротӣ шомил гардидааст. Имрўз пушаймон аст, вале суд надорад.
Бо мақсади таъмини амният ва пешгирии терроризму ифротгароӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи “Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез” гузаронда шуд, ки саривақтӣ буд. Зеро бо ин падидаи хатарзо агар дастаҷамъона мубориза набарем, дар алоҳидагӣ маҳви он душвор аст. Мо бояд мазмун ва мундариҷаи ғояҳои хатарноки равияҳои номатлуби хислати экстремистӣ ва террористидоштаро ба ҷомеа фаҳмонида, исбот кунем, ки ғояҳои равияҳои мазкур барои ҷомеа хатарнок буда, оқибатҳои нохуш меоранд.
Имрўз мо бояд зуҳуроти номатлуби замони муосир – терроризм ва экстремизмро маҳкум намоем. Нагузорем, ки ҷавонони моро гумроҳ созанд, зеро ин амал боиси ихтилофу ҷудоиандозӣ, душманӣ, нооромӣ дар ҷомеа мебошад.
Яке аз мақсадҳои асосии тарбияи ҷавонон аз байн бурдани хислатҳои бади эшон ба шумор меравад. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат мегўянд: «Афрўхтани шуълаи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, инчунин дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кўдакӣ дар оила ва таҳсил дар мактаб оғоз меёбад». Аз ин рў волидайнро зарур аст, имрўз масъулиятро ба дўш бигиранд робитаро бо мактаб қавӣ намуда, фарзандонро дар рўҳияи ифтихори миллӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба халқу ватани хеш тарбият намоянд то ахлоқу рафтори нек ва дониши комил дошта бошад, зеро фардо дер мешавад.

Нигора Наимҷонзода,
муовини Раиси шаҳри Истаравшан
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: