Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАФАККУРИ ИФРОТИРО РЕШАКАН БИСОЗЕМ!

ТАФАККУРИ ИФРОТИРО РЕШАКАН БИСОЗЕМ!

6-04-2017, 12:31
Хабарро хонданд: 378 нафар
Назарҳо: 0
ТАФАККУРИ ИФРОТИРО РЕШАКАН БИСОЗЕМ!

Тарғиби арзишҳои миллӣ, тарбияи ҳисси баланди масъулияти ҷавонон дар ташаккули ҳофизаи таърихӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб, муборизаи беамон бо реша давонидани ҷараёнҳои тундгаро ва оқибатҳои номатлуби он дар ҷомеа, махсусан байни ҷавонон мавриди таваҷҷўҳи ҳамешагии давлату ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Доир ба ин масъала дар донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохўрӣ бо иштироки кормандони раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва намояндаи шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд дар мавзўи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ» баргузор гардид.

Дар вохўрӣ кормандони раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шўҳрат Носиров ва Садриддин Одинаев, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Манзура Шамсиева, раёсати донишгоҳ ва устодону донишҷўён ширкат намуданд.

Вохўриро ректори донишгоҳ Мумин Шарифзода оғоз бахшида, оид ба истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳо ва пешрафти Тоҷикистони имрўза сухан карда, мақсади баргузории вохўриро аз масъалаҳои муҳим дар ҳаёти донишгоҳ арзёбӣ намуд.
Сипас, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Ҳабибулло Тоатов дар бораи гуруҳҳои террористию экстремистӣ ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнини руҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, касби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Манзура Шамсиева дар бораи эълон шудани Соли 2017- Соли ҷавонон сухан карда, зикр намуд, ки ҳар як шаҳрванди тоҷик бояд шукргузорӣ аз кишвари озоду обод намояд, ҳисси баланди хештаншиносиву худогоҳӣ ва масъулиятшиносӣ дошта бошад.

Корманди раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Суғд Шўҳрат Носиров оид ба пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, гуруҳҳои экстремистию террористӣ, дар бораи Қуръони маҷид, ки дар бораи худкушию ихтилофангезӣ чӣ омадааст, доир ба ҷангҳои давлатҳои Ироқу Шом, ихтилоф андохтан байни мардуми тоҷик аз ҷониби гурўҳҳои ифротӣ, ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум, баланд бардоштани маърифати динии ҳар як шахс ибрози ақида намуд. Ў тазаккур дод, ки ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ҳар як сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст. Ў ҷавононро ҳушдор сохт, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо пайравӣ накарда, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Ҳадафи баргузории чорабинӣ ин пешгирии зуҳуроти бегонашавию бегонапарастӣ ва гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва таъмини амнияти миллӣ буд.
Дар фарҷом, ректори донишгоҳ Мумин Шарифзода ба иштирокчиёни чорабинӣ миннатдории хешро иброз дошта, ҷавононро дар руҳияи илмомўзию маърифатнокӣ даъват намуд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: