Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хостаҳои аҳримании наҳзатиён ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳанд шуд!

Хостаҳои аҳримании наҳзатиён ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳанд шуд!

12-03-2019, 04:58
Хабарро хонданд: 290 нафар
Назарҳо: 0
Хостаҳои аҳримании наҳзатиён ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳанд шуд!

Чанде пеш яке аз меросбарони ташкилоти ифротии наҳзат роҳбари кунунии он аз тарқи шабакаҳои интернетии иғвоангез беш аз як соат кӯшиш кард, то ягон матлаби мантиқиро баён кунад. Азбаски дар гуфтораш ягон иддаои солим ҷой надошт, гуфтаҳояш шаф-шафи шафтолуи хомро мемонданд.
Роҳбари фирории наҳзатиён дар гуфтугӯи бепояву бемояи худ бо тамоми ҳастӣ намехост аз дастовардҳои солҳои охири мамалакати мо ёдоварӣ кунад, зеро дар он сурат номбар кардани ғалабаҳои пай дар пайи кишварамон, аз шикасти ӯ бо дастаи асолатбохтааш дар ҳама ҷабҳаҳо гувоҳӣ медод. Ҳамакнун бо даст гирифтан ба ҷавонони муҳоҷир чашм ало кардаанд. Ба каллаи пучашон бояд як чизро ҷой кунанд, ки ҷавонон ба муҳоҷират барои меҳнат кардан мераванд, на барои ифротӣ шудан. Билохира худашон ба шикасти хеш иқрор мешаванд. Хостаҳои аҳримании наҳзатиён- бадхоҳони миллат ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳанд шуд!

Бадхоҳони миллат, ки худ пули муфт аз ҷайби хоҷагони худ ба даст меоваранд, бечунучаро метавонанд ба ҳар кишвару давлатҳои хостаашон сафар кунанд. Дар сомонаҳо ҷор мезанад, ки муҳоҷирони тоҷик дар ин ё он давлат зиндагии хуб доранд. Бо ин гуфтаҳояшон мехоханд, ки мо ҳам давлати тинҷу ободи худро монда, ба давлатҳои хориҷ равона шавем. Давлатҳои Аврупо ки худ кишварҳои рушдёфтаанд, дар муддати тӯлони хело хуб тараққӣ кардаанд, бале солҳо меҳнат карда ба ин дараҷа расиданд.
Хостаҳои аҳримании наҳзатиён ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳанд шуд!
«Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале бойгарии асосии ин фарзандони бонангу баномус ва бофарҳангаш мебошад»- иброз доштааст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонони кишвараш. Тоҷикистон давлати ҷавон ва аз лиҳози аҳолӣ аксарияташро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мардуми шарафманди мамалакат аз он шукрона мекунанд ки давлати мустақили худро доранд, Истиқлолияти худро доранд ва дар фазои сулҳу субот зиндагонӣ мекунанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати кишвар ҳисобида, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Ҷавонон - нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд».

Пешвои мо нисбати чавонон, манфиатҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, волоияти қонун, ташаккули татбиқи сиёсӣ ва маънавии ҷавонон, зиракии сиёсии онхо сухан карда, даъват ба амал овард, ки насли ҷавони кишвар аз бегонапарастию хурофот дур бошанд.

Хулоса мо ҷавонон бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза барем. Аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзем.

Толибов Исмон, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: