Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паёми телевизионӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон

Паёми телевизионӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон

22-05-2017, 21:00
Хабарро хонданд: 404 нафар
Назарҳо: 0
Паёми телевизионӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон
Муҳтарам ҷавонони кишвар!
Фарзандони азиз!

Тамоми ҷавонону наврасони Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу иқболи нек ва комёбиву пешрафт орзу менамоям.

Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд.

Гузашта аз ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзу пойдории истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосиру пешрафта ва рушди ояндаи онро ба иштироки фаъолона ва саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста медонад ва бо истифода аз имконоти мавҷуда кӯшиш мекунад, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии наврасону ҷавонон мунтазам беҳтар гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Ин аст, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ дар ҷаҳонбинӣ ва назару андешаи ҷавонон таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд омада, имрӯз гуфтору рафтор, одобу ахлоқ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ бамаротиб беҳтар гардидааст ва ҷавонони мо ҳоло дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд.

Имрӯз дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, нерӯгоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва умуман дар раванди пешрафту ободонии кишварамон нақш ва саҳми ҷавонон басо арзишманд мебошад.

Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки барои амалӣ гардидани ҳамаи иқдомоти ватандӯстона ҷавонони мо бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии муосир ва ҳисси баланди миллӣ муносибат мекунанд.

Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад.

Дар раванди давлатсозӣ ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободсозии ватан, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти идораи давлат ва рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.

Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки ҷавонони даврони истиқлолият таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, барои омӯзиши илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ пайваста азму талош мекунанд.

Тараққӣ додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад.

Аз ин рӯ, ҷиҳати ҳавасманд гардонидани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки то имрӯз даҳҳо нафар варзишгарони тоҷик соҳиби он гардидаанд.

Маҳз дар давраи истиқлолияти давлатӣ варзиши тоҷик густариши бесобиқа пайдо карда, варзишгарони ҷавони мо тавонистанд, ки бо иштироки фаъолона ва ҳисси баланди ватандӯстонаи худ соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ гардида, ба ифтихори пирӯзии онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон ва дар гӯшаҳои мухталифи олам Суруди милламон садо диҳад.

Бо вуҷуди ин, ҷавонони моро зарур аст, ки мунтазам ба машқу тамрин машғул шаванд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ихтироъкориву навоварӣ ҷиддӣ муносибат кунанд ва бо дастовардҳои хеш Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври арзанда муаррифӣ намоянд.

Хизмати содиқона кардан ба Ватан - модар, ҳифз намудани марзу буми он ва ҳушёр будан дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бонангу номус ва далеру қавиирода мебошад.

Дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир, хусусан, афзоиш пайдо кардани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм ҷавонони моро зарур аст, ки ба шукронаи давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр барои суботу пешрафти сарзамини аҷдодӣ ҷаҳду талош намоянд.

Хотиррасон менамоям, ки ифротгароиву хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат танҳо бадбахтӣ меорад ва ба рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бо ин мақсад, ҷавонони мо бояд донишҳои сиёсиашонро пайваста такмил диҳанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доимо омода бошанд.

Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардуми он аз ҷавонони имрӯза вобаста мебошад.

Зеро мо - насли калонсол ҳар кореро, ки аз дастамон меояд, ба хотири ободии Ватан, пешрафти Тоҷикистон ва суботу оромии кишвар анҷом дода истодаем. Дар навбати худ, ҷавонони мо вазифадоранд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Хукумати кишвар ҳарчи бештар ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошанд, то ки фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонида тавонанд.

Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 насли ҷавонро вазифадор месозад, ки дар роҳи андӯхтани илму донишҳои муосир, азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ободиву пешрафти Ватан бо ғайрату нерӯи ҷавонӣ ва бо қадамҳои устувор пеш раванд.

Итминон дорам, ки ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол хоҳанд буд.

Орзумандам, ки ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ҳамеша ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми зиндагии онҳо бошад.

Дар охир ба тамоми ҷавонони бонангу номуси кишвар ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ, файзу баракати рӯзгор, бахту иқбол ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.

Рӯзи ҷавонон муборак бошад!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: