Ҷавонони диёр24-01-2017, 09:31
Хабарро хонданд: 294 нафар
Назарҳо: 0
Б.Файзизода роҳбари гуруҳи «Ҷавони ташаббускор» дар ноҳияи Панҷ Ҷавонони диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, бо пуштибони аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша бурда истодаанд. Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат шаҳодати он аст, ки ҷавонони мо воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар мебошанд. Умуман, дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд ва таҳкими нерӯи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур намудан душвор аст. Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат этироф шудаанд. Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ саҳми беназир гузоштаанд. Дар зарфи 25-соли Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, воқиф будан аз технологияи муосир тамоми тадбирро амалӣ намуда, заминаи мусоид фароҳам меорад. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Ҳукумати кишвар ба он таваҷуҳи хосса зоир намудааст, ин баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар кулли муассисаҳои таълимӣ мебошад. Қайд кардан бо маврид аст, ки бо давстгирии бевоситаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо фарогирии 624 хонанда дар як баст ва бо маблағи 1 860 000 $ амрикоӣ бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷҷаҳаз бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд. Ин тӯҳфаи беназир барои кулли мардуми шарафманди ноҳия мебошад. Бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим, беҳдошти камолоти ҷисмонии ҷавонон бо ибтикорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи Иҷроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказӣ ноҳия як варзишгоҳи замонавӣ ҷавобгӯ бо талаботҳои стандарти ҷаҳонӣ сохтмонаш дар ноҳия оғоз шудааст. Варзишгоҳи мазкур бо фарогирии 5800 ҷойи нишаст ва дар муҳлати 2-сол сохта ба истифода дода мешавад. Дар ноҳияи Панҷ 41222 нафар ҷавонон, аз ҷумла 20712 нафар духтарон умр ба сар бурда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъияти кору фаъолият менамоянд. Имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҷавонони ноҳия бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ору номуси баланди миллӣ ба Ватан ва халқи Тоҷикистон хизмат мекунанд ва номбардорони падару модар ва халқу Ватани маҳбубамон мебошанд. Ин ҷавонони созанда имрӯз аз амнияти давлату ҷомеа, марзу буми сарзамини аҷдодӣ, ҷавонмардона ва далерона ҳимоят менамоянд ва дар дифоъ аз Ватани азизамон шуҷоату далерӣ ва устувориву иродаи матин нишон медиҳад. Ҳамин тавр дӯст доштани Ватан ин ифтихор аст, вале омода будан ба ҳифзи марзу буми он аз душманони дохиливу хориҷӣ карзи имони ва шарафи инсонии ҳар як ҷавонмард мебошад. Дар тули 25 - соли Истиқлолияти давлатӣ ҷавонони ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Як қисми онҳо дар мусобиқаҳои варзишии дар сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, ва минтақавӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, обрӯи ноҳияро дар чумҳурӣ баланд мебардоранд. Ичунин, бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳия муҳтарам Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабут ва дар ҷамъбастагӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарастӣ ва таблиғи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия намудҳои гуногуни варзиш аз қабили футбол, волейбол ва баскетбол бо фарогирии ҷавонони зиёд мунтазам чорабинихо гузаронида мешаванд. Мо ҷавонони ноҳия бо пайгирӣ аз сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат баҳри ҳимояи арзишҳои миллӣ ва таҳкими дастовардҳои даврони Истиқлолият ҳамеша талош хоҳем варзид. Зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ ин худ як саҳнаи пур аз тазод, ихтилофот ва зиддиятҳост, дар ин радиф моро зарур аст, ки дар ин селобаи пуртуғёни ҳаёт бошарафона истодагарӣ карда тавонем. Имрӯзҳо ҳастанд онҳое,ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдат ва якдиливу якпорчагии халқи тоҷиконро дидан намехоҳад. Аз ин хотир мо ҷавонон бояд ҳушёр бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Тавассути ВАО ва махсусан шабакаҳои интернети огоҳӣ дорем, ки дар кишварҳои дунё чӣ бадбахтиҳо рух дода истидаанд. Масалан дар давлатҳои Ироқ, Сурия, Ливия, Сомалӣ, Украина ва ҶИ Афғонистон ҷангҳои бемаънӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ таҳрик шудаанд. Мақсади ин гуна гурӯҳҳо ин нооромӣ сохта, вазъи сиёсиро ногувор кардан ва вайрону валангор кардани давлат, ҷиҳати расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ мебошад. Дар ин гуна фазо ҷавонони давлатҳои номбурда, на аз пайи илму ҳунар, балқи саргарми ҷангу ҷидол ҳастанд. Вобаста ба гуфтаҳои боло дар замони муосир ба даст овардани Истиқлолият барои мо ҷавонон кифоя нест, балки онро ҳифз ва тақвият додан зарур аст. Мо ҷавонон барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ҳамеша талош меварзем. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар роҳи эъмори ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон муҳимтарин фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мо — ҷавонон бояд таблиғгари мероси арзандаи ниёгон бошем, зеро дурӣ ҷустан аз фарҳанги гузашта ва фаромӯш намудани анъанаҳои неки ниёгон бузургтарин иштибоҳ дар шинохти ҳувияти миллӣ хоҳад буд. Ватандӯстии ҷавонон дар шароити кунунӣ иборат аст аз шинохти мавқеи таърихи имрӯз ва ояндаи миллати худ ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ. Мо умед дорем, ки ҷавонони бонангу номуси ноҳия омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунанд ва дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, рушду ободии Ватани азизамон ва боз ҳам боло бурдани обрӯву нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд. Мо насле ҳастем, ки оромиву сулҳ ва осоиштагии миллатро қадр мекунем. Мо дӯстдори сулҳу осоиш ва амнияти кишварамон ҳастем. Имрӯз сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонем. Ба ҷавонони ҳамнасламон тавсия медиҳем, ки аз ҳодисаҳои ҷаҳон огоҳ бошанд, то давлату миллатро аз одамони бадандешу бадкирдор ҳимоя карда тавонем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.