Ҷавонон ояндаи миллат19-10-2018, 08:43
Хабарро хонданд: 567 нафар
Назарҳо: 0
«Чавонони мо неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони сохибистиклол мебошанд». Э. Раҳмон Дар кишвари мо баъд аз пош хурдани давлати Шӯравӣ зербинои он халалдор шуд ва дар натиҷаи нобасомониҳову кашмакашҳо раванди бунёдкориву созандагӣ ба таъхир афтод. Баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати нав шоҳиди он гаштем, ки ватани мо марҳила ба марҳила ба давраи нави бунёдкорӣ ва ободонӣ раҳнамун аст. Албатта, барои як давлате, ки тоза аз мушкилоти ҷанг раҳоӣ ёфта буд, тарҳҳои ҷадидро рӯи даст гирифтан хеле мушкил ба назар мерасид. Вале Ҳукумати Тоҷикистон бо барномаҳои нави созандагиву бунёдкории худ тавонист, ки дар муддати ниҳоят кӯтоҳ ба фатҳи қуллаи мақсуд расад. Дар пешрафт ва таҳкими давлатдориямон дар даврони муосир мавқеъ ва масъулияти ҷавонон хеле зиёд аст, зеро онҳо оянда ҷомеасозӣ ҷомеа дониста мешаванд. Дар чаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятхои зехниву чисмонии онхо яке аз шартхои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва чомеа мебошад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурин Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастй мебошад». Вокеан, имрӯз ҷавонони мо хамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, халли мушкилоту масъалахои хаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати ичтимоии давлат эълон гардидааст.Зеро имруз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар холи рушди доимӣ карор дорад ва аз нисф зиёди ахолӣ, яъне кувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиханд.Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург рушди иктисодиву ичтимоӣ ва сиёсиву фархангии давлатамонро тасаввур кардан гаӣриимкон аст. Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонй, аз чумла чавонон ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди чомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам афзоиш меёбад ва беш аз 35 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии чавонон аз нуқтаи назари сиёсй ва ичтимой аҳамияти калон дорад. Ин аст, ки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки хамачонибаи ҷавонони кишварро дар раванди ободкориву созандагии Ватани мукаддасамон хамеша дастгирӣ намуда, барои бехтар гардонидани шароити зиндагиву тахсил, касбомузӣ ва фаъолияти босамари онхо тамоми тадбирхои заруриро меандешад. Ҷовононро ҳамеша нерӯи пешбаранда ва ояндаи давлату миллат унвон мекунанд. Тоҷикистон, ки имрӯз аз назари демографӣ дар ҳоли рушд қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд, пас бояд ҷавонон нерӯи пешбарандаи сиёсӣ бошанд. Ҷавоне, ки аз сиёсат канор меравад ва аз масоили сиёсии дохилу хориҷ огоҳ нест, чӣ гуна метавонад дар бартараф кардани мушкилоти печидаи сиёсиву фарҳангии миллати хеш саҳм гузорад? Бе иштироки фаъолонаи нерӯи бузурги ҷавонон рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатеро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Таҷрибаи таърих низ баёнгари он аст, ки ҳеҷ таҳаввулоти чашмгир дар гӯшаву канори олам бе ширкати ҷавонон сурат нагирифтааст ва нахоҳад гирифт. Табиист, ки бо мурури вақт як насл пир мешавад ва бояд насли дигар давомдиҳандаи кори пешиниён бошад. Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш чунин гуфта буд: “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.” Такя кардани Ҳукумат ва Сарвари давлат ба насли ҷавон бесабаб нест. Боиси хушнудӣ ва фараҳмандист, ки имрӯзҳо бо талошҳои пайваста ва ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри ҳарчӣ намоёнтар кардани чеҳраи ҷавонон дар олами сиёсат як қатор тадбирҳои судманд ва саривақтӣ андешида шуда истодааст. Дар мисоли курсҳои лидерӣ дар назди донишгоҳҳо, маъракаҳои сиёсӣ баҳри бедории ҷавонон ва форуму конфронсҳои ҷумҳуриявию байналмилалие, ки дар саросари кишвар баргузор мегарданду ба ҳаёти ҷавонон бахшида мешаванд, ба зиракии сиёсии ҷавонон таъсири амиқ хоҳанд гузошт ва бидуни ҳеҷ шакку шубҳа ин ҳама ба ҷавонони мо дарси сиёсат меомӯзонанд ва хушбахтона, кам нестанд ҷавононе, ки майл ва гароиш ба сиёсат доранд. Дар ҷои дигар бояд иброз дошт, ким о имрӯз дар давроне зиндаги мекунем, таҳрикоти номатлуби диннӣ, бахусус маҳзабгароӣ ва дигар ҳаракоти гуруҳҳои терористиву экстремистӣ ба хотири манфиат ёфтан, фарогири ҷомеаи ҷаҳони гаштаанд. Онҳо бо ҳар гуна роҳҳу воситаҳо мехоҳанг қабл аз ҳама ҷавононро ба доми худ кашанд. Подоши ёфтаи ин домафканонро мо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ, Ливияву Афғонистон ва дигар мамлакатҳо дидаем. Ҳамаи ин ба мо ҷавонон ҳушдор медиҳад, ки нигаҳ доштани давлати навбунёдамон, орому осоишта зиндагӣ карданамон ва ҳифзи марзу буми он ҳамеша ҳушёр бошем. Рушди ояндаи Ватан марбут ба мо ҷавонон аст. Дарвоқеъ, рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим ва иҷтимоӣ ба он вобастагӣ дорад, ки насли ҷавон ва махсусан донишҷуён чӣ қадар малакаи аз бар намудани дониш ва ҷаҳонбиниро дороанд ва зиракии сиёсии онҳо дар кадом сатҳ қарор дорад. Дар ҳамин замина метавон рушди стратегии ояндаи давлату миллатро ба нақша гирифт ва боварӣ ҳосил кард, ки ояндаи давлату миллат чӣ миқдор пешраванда аст. Перомуни ин масъала сиёсатшиносон ва аксари фаъолони ҷомеаи шаҳвандӣ бар он назаранд, ки ҷавонон бояд аз нигоҳи сиёсӣ ба камол расида бошанд ва дар бархурдҳои ҷаҳони имрӯза фаъолӣ ва зиракии сиёсии хешро аз даст надиҳанд. Чун дар ҷомеаи ҷаҳонӣ раванди глобализатсия (ҷаҳонишавӣ) ва бархурди тамаддунҳо дар авҷ аст ва ба қавли муҳаққиқон ҳар лаҳза эҳтимоли аз байн рафтани як тамаддун ё фарҳанг дар миён аст, бояд аз ҳама ҷиҳат ҷавонон фаъоливу зиракиро пайгир бошанд, нигаҳдорандаи фарҳангу тамаддун ва билохира миллату давлати азизи хеш гарданд. Т.Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.