Сохтмон ва меъморӣ21-01-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 421 нафар
Назарҳо: 0
Истифодаи семблок дар сохтмони манзил манъ будааст.
Аз 124 корхонаи хишт истеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ айни замон 94 адади он фаъолият дошта, хулосаи озмоишии мутахассисон собит намуд, ки 8 корхона бе сертификати мутобиқат ва ташхиси озмоишгоҳ фаъолият карда, сифати маҳсулоти 21 корхонаи дигар ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй нестанд. Дар ин бора дар нишасти хабарии масъулини Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ маълумот дода шуд. Дар посух ба саволи хабарнигори «МХ» оид ба кафолати сифати хишти сементӣ машҳур ба «семблок» муовини аввали Раиси кумитаи номбурда Саидзода Нуралӣ Ғиёс посух дод, ки барои сифати ин маҳсулоти сохтмонӣ мақомоти «Тоҷикстандарт» муваззаф аст. Ва истифодаи он дар сохтмони манзил манъ аст. Агар чунин бошад, пас чаро хиштҳои бетонӣ дар сохтмони манзилҳои бисёрқабата истифода мешуданду касе инро пешгирӣ накард? Бино бар тавзеҳи номбурда ин масолеҳ бояд танҳо дар деҳот истифода шавад. Магар дар деҳоти кишвар касе бинои бисёрқабата намесохта бошад?Ҳамчунин дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки имрӯз нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва 8 шаҳру маркази ноҳияҳо барои мувофиқа дар вазорату идораҳо қарор доранд. Мутобиқи нақшаи нави пойтахти мамлакат дар он як миллиону дусад ҳазор нафар имкони зистро хоҳанд дошт. Мутобиқи шарҳи Қудратулло Файзуллоев, сармеъмори шаҳри Душанбе тамоми шароитҳои зарурии зист мувофиқи нақшаи нав таҳиягардидаи муҳайё карда мешавад. Пойтахти кишвар дар асоси нақшаи то соли 2005 имкони ғунҷоиши 750 ҳазор нафарро доштааст. Бо дарназардошти фароҳам овардани шароити мусоид ва амалӣ намудани нақшаи нави шаҳри Душанбе сохтмони иншооти мухталлӣ, аз ҷумла манзилҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ дар назар дошта мешавад. Дар робита ба саволҳои хавотиромези хабарнигорон оид ба аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол будани пойтахт Қудратулло Файзуллоев афзуд, ки номумкин будани сохтмони биноҳои бисёрқабата дар Душанбе беасос аст ва биноҳои нав ба заминларзаи аз 7 то 9 балл тобоваранд. Сармеъмори шаҳр дар идома аз бунёди ду шаҳраки муосир дар ду гӯшаи пойтахт хабар дода, гуфт, ки ҳоло буҳрони молӣ ба нархи манзил дар Душанбе таъсир гузоштааст. "Агар ду соли пеш нархи як метри мураббаи манзил дар биноҳои маркази пойтахт 1300-1400 долларро ташкил медод, ҳоло то ба 650-630 доллари амрикоӣ поин омадааст, иттилоъ медиҳанд дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. ©Маъруфи Бобораҷаб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.