Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мо ба ҷои ҳасиб пӯсти мурғ мехӯрдаем

Мо ба ҷои ҳасиб пӯсти мурғ мехӯрдаем

15-01-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 365 нафар
Назарҳо: 0
Мо ба ҷои ҳасиб пӯсти мурғ мехӯрдаемТо имрӯз молу маҳсулоти ба бозори исеъмолии кишвар воридшаванда на ҳамавақт мутобиқ ба талаботи мизоҷон асту ҳангоми хариди маҳсулот миёни харидору фурӯшанда ифодаҳои “Оригинал” ё “самопал” тез-тез ба гӯш мерасад, ақидаи Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Ибодулло Карим.

Мо ба ҷои ҳасиб пӯсти мурғ мехӯрдаемМусаллам аст, ки стандарт мақомоти назоратист ва тибқи муқаррароти мавҷуда, мо дар як сол ҳуқуқи 2 маротиба санҷидани ин ё он маҳсулоти бозори амалкунандаро дорему халос. Ин ҳам бошад, моле, ки дар амбор маҳфуз аст, кормандони мо ҳуқуқи санҷидани онро надоранд. Новобаста аз чунин маҳдудияти фаъолият аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз аз ҷониби кормандони мақомоти Агентӣ қариб 80 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 42, 7 тонна равғани растанӣ, 2602, 5 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ, 36, 5 тонна макарон, 3496 дал нӯшокиҳои спиртию ғайриспиртӣ, 117 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 22 тонна маҳсулоти ширӣ, 81 тона мевагиҳо ғайристандартӣ дониста шуда, қисме аз онҳо нобуд ва қисми дигар барои коркард аз бозори истеъмолӣ берун оварда шудааст. Ин баёнгари он аст, ки то ба имрӯз маърифати ҳуқуқии мизоҷон ва масъулияти фурӯшандаҳо пойбарҷо нест.

Директори агентӣ дар масъалаи манъ шудани воридоти пусти мурғ ба қалмрави мамлакат иттилоъ дода афзуд, ки маҳсулоти номбурда, барои омода намудани ҳасиб дар корхонаҳои истеҳсоли истифода карда мешуд. Новобаста аз манъи воридоти маҳсулоти зикргардида, бархе аз соҳибкорон аз ин амали худ даст кашида натавонистанд. Ин аст, ки имрӯз 80 тонна пусти мурғе, ки ғайриқонунӣ ворид карда шудааст, аз муомилот боздошт карда шуд.
Дар нишаст ба эродҳои хабарнигорон оид ба ворид шудани бархе аз маҳсулотҳои ғайритстандартӣ, аз қабили сақичу қандҳои гуногунтамға, маҳсулоти нонию печениҳо, дар посухи мутахассисон тасдиқи худро ёфта, кормандон ба саволҳои сершумор ҷавобҳои қаноатбахш дода тавонистанд.

Мо ба ҷои ҳасиб пӯсти мурғ мехӯрдаемАгетии Тоҷикстандарт баҳри рушди соҳибкорӣ, роҳ надодан ба воридшавии маҳсулоти бесифат ва фароҳам овардани имконият ба истеҳсоли маҳсулоти худӣ шароитҳои зарурӣ муҳайё хоҳад кард.

Имрӯз хабарнигорон аз рафти фаъолияти лабараторияи наве, ки сифати маҳсулоти хӯрокаро мавриди санҷишӣ ҳамаҷониба қарор дода метавонад, ошно гардида, дар анбори агентӣ маҳсулоти мухталиферо, ки аз муомилот боздошт карда шудааст, аз назар гузарониданд.
©Маъруфи Бобораҷаб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: