Паёми Президенти кишвар ба Парлумон мустақиман пахш мегардад20-01-2016, 07:10
Хабарро хонданд: 362 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад.
Интизор меравад, ки дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатӣ ба Парлумони мамлакат баромад менамояд. Бояд тазаккур дод, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути тамоми шабакаҳои радиоӣ ва телевизионҳои давлатӣ ба таври мустақим пахш мегардад. ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.