Вохӯрии вакил23-09-2015, 09:56
Хабарро хонданд: 357 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Шӯрообод вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Ҷурахон бо интихобкунандагон гузаронида шуд. Дар маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолон иштирок доштанд. Дар аввал Зоир Ҷурахон миннатдории худро ба мардуми баору номуси ноҳияи Шӯрообод баён намуда, ба онҳо ҳадафу мақсади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сиёсати давлату ҳукуматро фаҳмонид. Ба фаъолони ноҳияи Шӯрообод бошад, таъкид намуд, ҳодисаҳое, ки дар Тоҷикистон дар таърихи 4-уми сентябри соли равон аз тарафи баъзе кӯрнамакони беномуси давлат шуд, аз ҷумла, аз фаъолони ноҳия хоҳиш менамояд, ки дар байни мардум корҳои ташвиқотиву тарғиботиро дуруст ба роҳ монда, сиёсати роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои пешравии давлатамон саҳми худро гузоранд.
Дар охир узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шӯрообод Икромзода Амирхон миннатдории худро ба вакили Маҷлиси намояндагони МОҶТ Зоир Ҷурахон барои вохӯрӣ ба мардуми ноҳияи Шӯрообод баён намуд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.