Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумахон бо аҳолии шаҳри Норак17-09-2015, 05:30
Хабарро хонданд: 391 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзҳои 15-16 сентябр, тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба баргузории вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумахон, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «НБО-и Норак», «НБО-и Бойғозӣ», «Беморхона», «Фарҳанг», ҷамоатҳои деҳоти Дуконӣ, Пули Сангин ва дар қасри Фарҳанг бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумахон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қумриниссо Гулмуродзода раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак, Зоидов Тағойбек, узви Кумитаи иҷроияи шаҳр, муовини менеҷери сохтори госпиталии шаҳри Норак, Шоиддинов Фазлиддин, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, директори НБО-и Норак, Рустам Саидович узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, директори НБО-и Бойғозӣ, Шаҳло Бобиева мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳр, Гулов Абдураҳмон раиси ҷамоати деҳоти Дуконӣ, Маҳмудов Сироҷиддин раиси ҷамоати деҳоти Пули Сангин, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб, кормандони корхонаҳо, фаъолон, ҷавонону занон, собиқадорони меҳнат ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ҷамъ 2475 нафар аҳолии маҳал иштирок доштанд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.