Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Порошенко барои давраи дуюм довталаби курсии президентӣ шуд

Порошенко барои давраи дуюм довталаби курсии президентӣ шуд

30-01-2019, 09:01
Хабарро хонданд: 333 нафар
Назарҳо: 0
Порошенко барои давраи дуюм довталаби курсии президентӣ шуд
Президенти Украина Петр Порошенко рӯзи сешанбе аз пешбарии номзадиаш ба давраи дуюми президентӣ хабар дод.

Ӯ дар форуми "Аз Крут то Брюссел" суханронӣ кард. Президенти Украина ваъда дод, ки дар сурати интихоб шуданаш соли 2024 барои вуруди Украина ба Иттиҳоди Аврупо расман ариза медиҳад.
Ба гуфтаи Порошенко, ӯ ба даври нави раёсат меравад, то таъғирнопазирии масири кишвар ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО-ро таъмин кунад.
Ӯ ба ин бовар аст, ки кишвараш дар баробари Русия ба "сулҳи сард" ниёз дорад, ки шарташ эътирофи якпорчагии Украина аз ҷониби Маскав ва ҳақи Украина ба ҳаракат дар ҷодаи худ аст.
Петр Порошенко ҳамчунин аз рақибонаш, аз ҷумла Юлия Тимошенко интиқод ва онҳоро ба президенти популисти Венесуэла Николас Мадуро монанд кард, ки ҳукуматаш бинобар буҳрони амиқи сиёсӣ ва иқтисодӣ таҳти шубҳа қарор гирифт.
Бинобар назарпурсиҳо президенти феълӣ аз номзадҳои мавриди алоқа нест. Дар ин пурсишҳо Юлия Тимошенко пешсаф аст ва дар ҷойи дуюм ҳаҷвнигор Владимир Зеленский қарор дорад. Порошенко дар ҷойи сеюм ё чаҳорум аз пуштибонии ҳудудан 10 дар сади райъдиҳандагон бархурдор аст.
Бинобар назарсанҷии Пажуҳишгоҳи сотсиологии Киев, ки рӯзи сешанбе пахш шуд, 70 дар сад ба Порошенко эътимод надоранд ва танҳо 16 дар сад аз аз ӯ тарафдорӣ мекун
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: