Созиши Порошенко, Меркел ва Макрон барои мулоқот бо Путин11-05-2018, 09:23
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Украина Петр Порошенко гуфт, барои омодагӣ ба мулоқоти "чаҳоргонаи нормандӣ", ки қарор аст, дар шаҳри Порис баргузор шавад, бо раҳбарони Олмон ва Фаронса ба созиш расиданд. Порошенко дар ин бора 10 май, баъд аз мулоқот бо раҳбарони Олмону Фаронса - Ангела Меркел ва Эммануэл Макрон хабар дод. "Созиш ва тамоми корҳоеро ҳамоҳанг кардем, ки бояд барои баргузории ҷаласаи "формати нормандӣ" дар рӯзҳои наздик анҷом дода шаванд", - изҳор дошт президенти Украина. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ҳамчунин раҳоии асирон, ворид кардани посдорони сулҳ ва имкони эъломи таҳримҳои нав зидди Русияро барои баргузор кардани интихобот дар Қрим баррасӣ карданд. Президенти Украина рӯзҳои 9 ва 10 май дар доираи як сафари расмӣ дар Олмон қарор дошт. Охирҳои моҳи май мулоқоти раҳбарони Олмону Фаронса бо президенти Русия Владимир Путин дар назар аст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.