Порлумони Украина таҳқиқи офшори Порошенкоро рад кард19-06-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0
Порлумони Украина таъсиси комиссия барои таҳқиқи дороиҳои президенти кишвар Петр Порошенко дар офшорро рад кард.
Тавре сомонаи порлумони Украина хабар медиҳад, 108 вакил раъйи мусбат ва 6 нафар раъйи манфӣ додаанд, аммо 115 вакили дигар худдорӣ варзидааст. Надежда Савченко, вакили порлумон аз ҳамкасбонаш даъват кардааст, ки "гуноҳонашонро назди мардум бишӯянд". Ба гуфтаи вай, тафтиши иттилоъ дар бораи дороиҳои Порошенко, раиси Бонки миллӣ, вазири молия ва дигар мансабдорони баландпоя дар офшор, ин аввалин иқдоме хоҳад буд, ки ҳокимияти амалкунанда бояд "барои мардум" анҷом диҳад. Моҳи апрели соли ҷорӣ Эътилофи байналхалқии рӯзноманигорони таҳқиқотгар "Авроқи Панама"-ро нашр кард, ки тибқи он, тиҷорати Порошенко дар соли 2014 ба ширкатҳои офшории ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё интиқол дода шудааст. Президенти Украина мегӯяд, ба хотири ба каси дигар додани тиҷораташ, дороияшро ба офшор интиқол додааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.