Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Муҳокимаи Савченко: аз парвандаи ҷиноятӣ то сиёсӣ

Муҳокимаи Савченко: аз парвандаи ҷиноятӣ то сиёсӣ

11-03-2016, 13:32
Хабарро хонданд: 299 нафар
Назарҳо: 0
Муҳокимаи Савченко: аз парвандаи ҷиноятӣ то сиёсӣ
Президенти Украина Петр Порошенко гуфт, омадааст Надежда Савченкоро иваз кунад.

Порошенко дар ин бора дар нишасти матбуотии муштарак бо президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон дар Анкара изҳори назар кардааст.

"Надежда Савченко - сарнишин ва афсари украинӣ кореро кард, ки бояд ҳар кадом шаҳрванди дорои либоси низомии Украина бикунад - ватанашро ҳифз кард ва ғайриқонунӣ аз ҳудуди Украина дуздида шуд, ӯро маҷбурӣ ба Русия оварданд ва ҳоло мехоҳанд ба вай айбҳоеро бор кунанд, ки ин айбҳо умуман ба Надежда рабт надоранд", - гуфт Порошенко.

Пештар вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфта буд, ки рафтори хашини Надежда Савченко монеъ мешавад, ки табибони украиниро ба назди вай иҷозат бидиҳанд. Ба ҷуз ин, Лавров гуфт, саломатии вай "дар хатар нест". Вакилони Савченко баръакс мегӯянд, сиҳатии вай дар хатар аст - зеро рӯзи ҳафтум аст, ки Надежда аз хӯрдану ошомидан даст кашидааст.

Николай Полозов, вакили мудофеъ бар ин назар аст, ки то рӯзи қироати ҳукм Савченкоро ё иҷборан ғизо медиҳанд ва ё вай аз гуруснагӣ мемирад.

9 март Надежда Савченко зимни сухани охиринаш дар додгоҳи шаҳрии Донетски вилояти Ростови Русия гуфт, агар додгоҳ қироати ҳукмро ҳамин ҳафта баргузор кунад, аз гуруснанишинӣ даст мекашад, вале судя мегӯяд, ҳукми Надеждаро 21 ё 22 март эълон хоҳад кард. Ҷониби айбдоркунанда ба ин низомии украинӣ, ки дар ҳамдастӣ ба куштори ду хабарнигори рус айбдор мешавад, 23 сол зиндон талаб кардааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: