Соли 2018 воқеан соли таърихӣ барои ноил шудан ба дастовардҳои бузург30-01-2019, 08:34
Хабарро хонданд: 373 нафар
Назарҳо: 0
ПАНҶ.Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар Маркази санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Панҷ оид ба баррасии муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид. Дар он мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирКумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳошимов Тохир, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ғафуров Сайдамир, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Ҳасанова Нигора ва аъзои ташкилоти ибтидоии назди “Муассисаи санитарӣ эпидемилогӣ”-и ноҳия иштирок доштанд. Нахуст, Ҳошимов Тоҳир оид ба барномаҳои мушаххасе, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Сарвари давлат мисли дигар соҳаҳо ба рушди соҳаҳои тандурустӣ низ диққати ҷиддӣ доданд. Тавре зикр шуд, давлату Ҳукумати Тоҷикистон пайваста ба ин соҳа эътиборӣ ҷиддӣ дода, бештари маблағҳои буҷа ба рушди ин соҳа нигаронида мешавад. Ҳамзамон, Пешвои миллат аз паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон, инчунин камбудиҳо вобаста ба масъалаи расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати ислоҳи ин вазъ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, дар қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоштанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.