Муқовимат бо амалҳои ношоиста муборизаи дастаҷамъонаро тақозо менамояд30-01-2019, 08:32
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Роҳсозон» тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дастуру супоришҳои мақомоти болои ҳизбӣ баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ Асақолов Алиҷон муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва Неъматов Абдуҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия иштирок намуда, дар бораи моҳияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷллиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, эълон гардидани солҳои 2019-2028 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, нашъамандиву нашъаҷаллоб ҳамчун омили хатарнок ба ҳаёти инсон, муқовимат бо амалҳои коррупсионӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуда, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки бар зидди чунин амалҳои номатлуб дар ҷомеаи имрӯза муборизаи дастаҷамъонаро тақозо менамояд. Моро месазад, ҷиҳати пешгирию муборизаи беамон бар зидди чунин амалҳои ношоиста бетараф набошем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.