Тарбияи насли ояндасоз вазифаи имониву виҷдонии мост31-01-2019, 10:37
Хабарро хонданд: 391 нафар
Назарҳо: 0
ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар Муассисаи маркази таълимии касбомӯзии назди ДДБ ба номи Носири Хусрав дар ноҳияи Хуросон бо иштироки омӯзгорону кормандони муассиса оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, аз устодону омӯзгорони ин боргоҳи касбу ҳунар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Аксияи ҳизбӣ даъват ба амал овард. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.