
Восеъ:-Чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо маром идома ёфта истодаанд ва ин навбат кормандони Кумита дар ҷамоати деҳоти Гулистони деҳаи Гулистон 1 ,бо иштироки сокинони деҳа чорабинии хешро баргузор намуданд.
Дар чорабинӣ мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила иштирок ва ба сухан баромада, оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб маълумоти муфассал доданд ва дар заминаи эълон кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа андешаронӣ карданд.