Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «ДАСТАРХОНОРОӢ». Дар даври минтақавии ин озмун ҷамоати деҳоти «Россия» соҳиби ҷойи аввал ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардид

«ДАСТАРХОНОРОӢ». Дар даври минтақавии ин озмун ҷамоати деҳоти «Россия» соҳиби ҷойи аввал ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардид

25-01-2019, 08:47
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
«ДАСТАРХОНОРОӢ». Дар даври минтақавии ин озмун ҷамоати деҳоти «Россия» соҳиби ҷойи аввал ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардид

РӮДАКӢ, /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади эҳё намудани таомҳои миллӣ, фарҳанги рӯзгордорӣ, бо сифати баланд ва харҷи кам оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ даври минтақавии озмуни «Дастархонороӣ» баргузор гардид. Дар он намояндагони шонздаҳ ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолона иштирок карда, дар гӯшаҳои алоҳида дастархонҳои миллӣ оростанд.

Муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Фирўза Камолзода зикр намуд, ки аъзои комиссия аз дастархони оростаи иштирокчиён дидан намуда, дар вақти баҳодиҳӣ меъёрҳои муаяншуда, аз ҷумла, бо истифодаи сарфакории моҳирона оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будани дастархони оросташуда, мавҷудияти таомҳои миллӣ дар дастархон, риояи анъанаҳои миллӣ ва ба замона мутобиқат кардани дастархони оросташударо ба инобат гирифта, ҷамоати деҳоти «Россия»-ро сазовори ҷойи якум донистанд. Ҳамзамон ин ҷамоат ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки ҳадафи баргузор намудани озмуни «Дастархонороӣ» — эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ ва баланд бардоштани маданияти дастархонороии сокинон мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: