Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шоми имрӯз Меҳрона Ғайбуллоева дар даври дуввуми озмуни «Ту беҳтарин!»-и шабакаи телевизиони «НТВ»-и Россия ҳунарнамоӣ мекунад

Шоми имрӯз Меҳрона Ғайбуллоева дар даври дуввуми озмуни «Ту беҳтарин!»-и шабакаи телевизиони «НТВ»-и Россия ҳунарнамоӣ мекунад

1-05-2018, 16:29
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
Шоми имрӯз Меҳрона Ғайбуллоева дар даври дуввуми озмуни «Ту беҳтарин!»-и шабакаи телевизиони «НТВ»-и Россия ҳунарнамоӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 30.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 30 апрел соати 22:00 ба вақти Душанбе (20:00 бо вақти Москва) дар шабакаи
телевизионии «НТВ» даври дуввуми озмуни «Ту беҳтарин!» («Ты супер!») баргузор гардида, дар он намояндаи Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева иштирок мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази мабуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Меҳрона Ғайбуллоева, донишҷўи курси 1-уми шуъбаи сурудхонии академии Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе» ба номи Аҳмад Бобоқулов буда, моҳи феврали соли равон дар Озмуни байналмилалии телевизионии вокалии «Ту беҳтарин!»-и ширкати телевизионии «НТВ»-и Федератсияи Россия ширкат варзид ва ба даври дуюм роҳ ёфт.

Бояд гуфт, ки озмуни «Ту беҳтарин!» ба кӯдакони соҳибистеъдоде, ки ятиманд, имкон медиҳад қувваю истеъдоди худро санҷида, дар саҳнаҳои бузург сурудхонӣ намоянд. Ба озмуни «Ту беҳтарин!» ҳамасола беҳтаринҳо роҳ меёбанд. Дар озмуни мазкур 82 навраси аз 8 то 18-сола аз Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Латвия, Эстония, Қазоқистон, Осетияи Ҷанубӣ, Германия ва Сурия иштирок намуданд. Меҳрона низ яке аз беҳтаринҳое мебошад, ки дар байни 82 нафар ҳунарнамоӣ карда, баҳои баланди ҳайати ҳакамонро сазовор гардид. Меҳрона аз хурдӣ аз падару модар ятим монда, хатмкардаи Мактаб– интернати №1–и шаҳри Душанбе мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: