Ғолибони даври вилоятӣ муайян шуданд30-11-2017, 10:42
Хабарро хонданд: 469 нафар
Назарҳо: 0
СУҒД. 28 ноябр дар муассисаи ғайридавлатии таълимии «Паймони азизон» даври ниҳоии озмунҳои «Мураббии соли Тоҷикистон- 2017» ва «Муаллими соли Тоҷикистон- 2017»баргузор гардид. Ҳар ду озмун ба таври кушод, бо иштироки васеи омӯзгорону мураббиён, намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони соҳа, кормандони воситаҳои ахбори омма ҷараён гирифт. Қабл аз оғози озмунҳо сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода дар назди ҳозирин суханронӣ намуд ва ба довталабон барору комёбӣ таманно кард.Дар даври шаҳриву ноҳиявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон- 2017» 11 нафар ширкат варзида, 5 нафари онҳо дар даври вилоятӣ ширкат варзиданд. Дар натиҷа Меҳрангез Исмоилова соҳиби ҷойи аввал шуд.Зинаҳои баъдиро Дилрабо Миркалонова, Таҳмина Абдуалиева, Нигинаи Бобомурод ва Муслима Анварова ишғол намуданд. Дар даври ниҳоии озмуни «Муаллими соли Тоҷикистон- 2017» омӯзгори МТМУ № 14, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раъно Икромова аз рӯи шарти муаррифӣ холи аз ҳама зиёдтар ба даст оварда, ғолиби озмун шуд. Дар ҷамъбасти ҳар ду озмун сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода андешаҳояшро баён дошта, таманно намуд, ки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявӣ низ фаъолона иштирок менамоянд. Ёдовар мешавем, ки дар даври ҷумҳуриявии озмунҳои «Мураббии соли Тоҷикистон- 2016» ва «Муаллими соли Тоҷикистон- 2016» намояндагони вилояти Суғд Заррина Рӯзиева ва Замира Рустамова ғолиб гардида буданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.