Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳаҷв камбудро ислоҳ ва хушҳолиро эҳё мекунад

Ҳаҷв камбудро ислоҳ ва хушҳолиро эҳё мекунад

25-01-2019, 08:45
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
Ҳаҷв камбудро ислоҳ ва хушҳолиро эҳё мекунад

Ҳаҷв як навъи сухан гуфтан ва ё офаридани нақш аст, ки нобасомонӣ, заъф ва костагиҳои ҷомеаро дар шакли муассир баён мекунад. Забони ҳаҷв сода буда, қобили фаҳми ҳамагон мебошад, зеро мардум ба хубӣ онро мепазиранд. Ҳаҷв гарчанде ки дар бештар ҳолатҳо камбудӣ ва нақди ҷомеаро дар омехтагӣ бо ҳазлу шӯхӣ нишон диҳад, аммо ҷаззобият ва ширинии хос дорад, ки дар баёни ҷиддӣ наметавон то ҳадде ин ҷазобияту шириниро эҷод кард. Он инчунин нақши хеле муҳиме дар инъикоси мушкилоти иҷтимоиву сиёсӣ низ дорад, ки заминае барои огоҳӣ ёфтани мардум аз он ва эҷоди ислоҳ дар ҷамъият хоҳад шуд. Ҷон Драйден мунаққид ва драматурги англис дар мавриди ҳаҷв гуфтааст: “Ҳадафи ниҳоии ҳаҷв пеш аз ҳама рафъи камбудиҳо дар ҷомеа ва ислоҳи онҳо аст”.
Ҳаҷвнигорӣ дар адабиёти тоҷику форс бо қолабҳои гуногуни адабӣ барои баёни ақидаи сиёсӣ иҷтимоӣ ба кор рафтааст. Мунҷики Тирмизӣ аз нахустин шоиронест, ки бахши умдаи ашъораш ба ҳаҷв бахшида шудаст. Дар “Маҷмӯа ул фусаҳо” дар бораи ин шоири ҳаҷвнигор омадааст, ки: “Марди теззабон, ҳазлоин, забонвар ва нуктадон буд, ки касе аз тири танааш наруст ва аз каманди ҳаҷваш наҷаст”. Убайди Зоконӣ, яке аз ҳаҷвнависони машҳури адабиёти мо дар ибтидои рисолаи “Дилкушо” навиштаст: “Фазилат нутқ, ки шарафи инсон бад он марбут аст бар ду ваҷҳ: яке ҷадал ва дигаре ҳазл. Тафоввути ҷадал бар ҳазл аз баён аст ва чунон ки ҷадал доим муҷиби малоли хотир ва ҳаҷв сабаби истиқболи халоиқ мебошад. Қудамо гуфтаанд: ҷадал ҳама сол ҷони мардум бихӯрад, ҳазл ҳама рӯзҳо об аз чашми мардум бубарад”.
Дар ҳаёти рӯзмара ҳамаи инсонҳо ба хандаву табассум ниёз доранд. Ҳаҷв боис мешавад, ки зиндагии онҳо латофати бештаре пайдо кунад ва сахтиҳо қобили тааммул гарданд. Махсусан ҳангоме ки зиндагии иҷтимоӣ ва мушкилоти ҳаёт чеҳраи зишт ва ҷидди худашро ба инсон нишон медиҳад ва душвориҳои зистану идомаи ҳаёт бар инсон фишор меоварад, ҳаҷву ханда метавонад, ҳамаи инро бартараф созад.

Ҳаҷв дар ҳаёти инсон чӣ нақш дорад?
Вақте ки одамон ягон саҳнаи ҳаҷвӣ ё латифаву ҳикояи ҳаҷвиро мехонанд ва ё тамомшо мекунад, табассуму ханда дар чеҳраашон пайдо мегардад, яъне эҳсоси ханда аз ҳаҷв пайдо мешавад.
Ханда ин ба вуҷуд омадани эҳсоси хуб ва рӯҳи болидаи инсонӣ мебошад, ки баъзе коршиносон онро ҷамъшавии хушбахтӣ номгузорӣ кардаанд. Вақте ки мо хандем, моддаҳои фаъоли биологӣ, ки барои хушнудии инсон масъуланд, ба кор медароянд. Дар натиҷаи ханда инчунин, афзоиш ёфтани фаъолияти системаи мағзи сар, нест шудани ҳолатҳои стрессӣ (ҳаяҷон), ки боиси афсурдаҳолӣ ва бемории асаби инсон гаштааст, ба амал меояд. Дар давоми ханда, нейронҳои асаби инсон мусбат шуда, ба ҳолати тавозун, қаноатмандӣ, хурсандӣ, хушбахтӣ меояд. Ханда ба саломатии мо таъсири хуб мерасонад.
Сабабҳое зиёде барои инкишоф додани эҳсоси хурсандӣ ё ҳаҷв вуҷуд дорад. Масалан, муҳаққиқон мегӯянд, ки ханда бемориро табобат мекунад. Ҳодисаҳое шуданд, ки мардум аз тамошои филмҳои ҳаҷвӣ ба осонӣ аз ваъияти ногувор ва рӯҳафтодагӣ мебароянд. Дар таҳқиқоти олимон соҳаи тиб маълум гардидааст, бемороне, ки ҷарроҳии ортопедиро (бемории сутунмӯҳра ва нейронҳои асаб) аз сар гузарониданд бо тамошои филмҳои ҳаҷвӣ ё комедия зудтар шифо меёбанд, нисбат ба онҳое, ки аз тамошои чунин филмҳо парҳез мекунанд. Сабаби дигари васеъ намудани эҳсоси ханда ва хушбахтӣ он маҳсуб мешавад, ки табассум муносибат байни инсонҳоро самимӣ ва гарм мекунад.
Имрӯз дар илми тиб собит шудааст, ки ҳаҷву ханда дар ҳаёти инсон хеле муҳим аст. Онҳо дар натиҷаи таҳқиқ ва пажӯҳиш ба хулосае омадаанд, ки нафарони ҳамеша ба хандаву ҳаҷв моил буда, ба бемориҳои дил, фишорбаландӣ, инсулт кам рӯ ба рӯ мешаванд ва умрашон баръакси нафароне, ки кам механданд ва аз ҳазлу шӯхӣ канорагирӣ мекунанд, дарозтар аст.
М.Достаевский ҳатто дар натиҷаи ханда муайян кардани хубии шахсро зикр кардааст: “Агар шумо хоҳед ба одам нигоҳ карда дар бораи рӯҳия ва ҳастиаш бидонед, ба хомушӣ, чӣ хел гап задан , гиря кардан ва ҳатто ба андешаҳои мусбати ӯ нигоҳ накунед, инсони хуб будани шахс дар чӣ тавр хандиданаш пайхас мегардад. Шахсе, ки самимона ва зебо механдад, инсони комил аст”.
Муҳим будани ҳаҷв дар ҷомеаро ҳанӯз аз давраҳои қадим талқин мекарданд. Мутафаккир ва шоири Рими қадим Овиди Назон дар асараш “Дорӯи ишқ” (Remedia amoris) оид ба нақши мусбати ханда барои инсонҳо, махсусан занон андешаҳои хеле ҷолиберо баён карда, гуфтааст, ки хандаи самимонаи маъшуқа метавонад ошиқро аз марг наҷот диҳад. Ҳамчунин Тулли Сисерон низ ханда ва ҳаҷвро боиси афзудани хушбахтии инсонҳо ва кам гардидани таассуроти манфӣ гуфтааст. Файласуфони бузурге чун Эмануел Кант ҳам дар мавриди табассуму ханда ақидаҳои худро иброз кардааст. “Табассум роҳи хуби халосӣ аз таъсири шиддатноки афкори манфӣ аст”.- мегӯяд Кант.
Имрӯзҳо ҳатто дар беморхонаҳои кишварҳои мухталиф ҳуҷраҳои махсусе барои беморон ҷудо шудааст, ки ба он ҷо омада ба ҳаҷву ханда машғул мешаванд. Масалан, дар яке аз беморхонаҳои калонтарини Швейтсария барои беморон реҷаи махсуси ханда ҷудо шудааст, ки се соати як ҳафтаро ба он бахшидаанд. Дар ин соатҳо хаҷвнигорон, масхарабозҳо омада рӯҳияи беморонро болида ва табъашонро хуш менамоянд.

Чаро дар Тоҷикистони ҳаҷв кам аст?
Ҳоло бошад мардум норасоии ҳаҷву ханда ва табассумро бештар эҳсос мекунанд. Чун одамон ҳар рӯз ба мушкилоти ҳаёт рӯ ба рӯ ҳастанд ва ҳолатҳои зиёди стреси зиндагии рӯзмараи одамонро пахш мекунад. Бинобар ин бо ҳаҷву ханда баровардани мардум аз вазъияти мушкил ва дар баробари он ба намоиш гузоштани камбудии ҷомеа, аз пештара дида зарурати бештареро пайдо кардааст.
Собиқ ҳаҷвнигорони тоҷик хеле фаъол буданд ва маъсули эҷоди онҳо тавассути телевизионҳои кишвар ба намоиш гузошта мешуд. То ҳанӯз ҳам ҳаҷвнигорони варзидае чун Убайдулло Раҷабов, Устову Масто ва дигарон ҷойгоҳи хосе дар қалби мардум доранд.
Бештари бинандагони телевизионҳои кишвар, ҳангоми ҳамсуҳбат шудан, худро мухлиси барномаҳои ҳаҷвӣ гуфтанд. Аксарияти онҳо, ки ҷавонон буданд, мегӯянд, ки шабакаҳои кишварро дар ҳоле тамошо мекунанд, агар барномаи ҳаҷвие чун “Шӯхиҳои Аловиддин”, “Базморо”, “Шакарханд” нишон дода шавад, баръакси ҳол бо як клики пулт ба дигар шабакаҳои хориҷӣ мегузаранд. Аз ин мебарояд, ки ҳаводорони ҳаҷву танз дар кишвар ба маротиб зиёдтар аз дигар барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ҳастанд. Пас чаро ҳаҷвнигорони мо то ҳанӯз сари камбуди он андеша накардаанд ва ё телевизионҳои кишвар барои пахши барномаҳои ҳаҷвӣ бо онҳо ҳамкорӣ намекунанд?
- Барои он ки ҳаҷв дар ҷомеа густариши бештаре пайдо ва ҷойгоҳи худро ёбад, корҳои гуногунеро бояд анҷом дод. Масалан, метавон шабҳои шеъру ҳаҷвро ба мақсадҳои баргузории идҳову ҷашнҳо роҳандозӣ кард. Аслан сабаби асосии камбудани ҳаҷв ва филмҳои ҳаҷвӣ дар кишвар набудани мавод аст. Чопи осори ҳаҷвии аз шоирону нависандагони ҳаҷвнавис, ба вижа навқаламон, ки аз мушкилот ва бархӯрди ҷомеа бештар огоҳӣ доранд, кӯмаки хубе хоҳад кард, то ҳаҷв дар ҷомеа беҳтар густариш кунаду камбудиҳо бо роҳи зарофатгӯи ислоҳ ва табъи мардум низ хурсанд гардад,-мегӯяд Аловиддин Абдуллоев ҳаҷвнигори шинохтаи кишвар.
Дар ин миён нақши расонаҳо, телевизион ва радио дар паҳнкардани ҳаҷв хеле муҳим аст. Бинобар ин қобилият ва зарфияте, ки ҳаҷв дар ҷалби таваҷҷуҳи бинанда нисбат ба худ дорад, яке аз воситаҳои муносиб барои пайдо кардани шумори зиёди бинандагони телевизионҳои квар низ мегардад.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: