Ишқ - ширинтарин ханда ва талхтарин гиря25-05-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 273 нафар
Назарҳо: 0
Ба худ мегӯям: «Дӯсташ намедорам», бовар намекунам. Ба ту мегӯям: «Дӯстат медорам», бовар намекунӣ…
*** Худовандо, ёдамро дар тафаккури аз ишқ тиҳияш бичархон, то чун ман дар олами ишқ чархида сӯхтан биёмӯзад. *** Ман аз худ гузаштам барои ӯ. Ӯ аз ман рафт барои ӯ. Ман аз ӯ рафтам барои ту. Ту аз ман рафтӣ барои ӯ. Инак, ман аз ҳама меравам барои кӣ?.. *** Марвориди ёди ман дар садафи ғурури нозарурам пинҳон аст ва ё аз зарбаи номардиҳои ту шикаста? Ё ғаввосе аз ман чолоктар онро ба яғмо бурда? *** Мегӯянд, ки занҳо ошиқ мешаванду мардҳо дӯст медоранд. Ман ошиқи дӯстдориҳои туям, эй мард. *** Ишқ аст боиси ширинтарин хандаву талхтарин гиряи мо. *** Туро ба ҷурми хиёнатат ба ишқ, дигар танҳо дар хотираи кинаам нигаҳ хоҳам дошт. Ҳ. Юсуфӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.