Вохӯрӣ23-01-2019, 08:41
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи дастуру супоришҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи даврони Истиқлолият ва бурдани корҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вохӯрӣ бо иштироки Муҳриддин Ғаффоров -муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Хайём Амонов -мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия, Ҷурахонзода Ҷумахон-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия, Рустам Шеров -ҷомеашинос дар саҳни масҷиди маҳалла баргузор гардид. Хайём Амонов -мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, ҳушёру зирак будан дар фазои пуртазоди муосир, ҳифзи идеологияи миллӣ аз ҷангҳои иттилотии ҷомеа ҷаҳон суханронӣ намуд. Сипас Рустам Шеров -ҷомеашинос ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба иломӯзиву забономӯзӣ, фаъол будан дар корҳои ҷамъиятӣ, ташкили коргоҳҳои дӯзандагӣ ва ҷалби занону духтарони хонашин ба коромӯзӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки муҳиммияти дастовардҳои истиқлолият дар меҳнати софдилонаву содиқонааст ва ҳифзи он қарзи ҳамешагии мост. Дар фарҷом миёни сокинони маҳалла ва меҳмонон мубодилаи афкор сурат гирифт. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.