Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВОХӮРӢ БО ЗАНОНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «НАВРӮЗГОҲ» ВА МАҲАЛЛАИ ҲАБИБУЛЛО НАЗАРОВ

ВОХӮРӢ БО ЗАНОНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «НАВРӮЗГОҲ» ВА МАҲАЛЛАИ ҲАБИБУЛЛО НАЗАРОВ

1-03-2018, 17:04
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
ВОХӮРӢ БО ЗАНОНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «НАВРӮЗГОҲ» ВА МАҲАЛЛАИ ҲАБИБУЛЛО НАЗАРОВ

28-уми феврали соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Наврӯзгоҳ» вохӯрии гуруҳи корӣ аз ҳисоби занон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Зуҳурова Зарина-Мудири шуъбаи кор бо бонувон, Қурбонмамадова Қурбонгул- Мудири шуъбаи таблиғот, Казакова У. С- Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Раҳимзода Фарзона- Мудири шуъбаи кор бо бонувони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Атоев Бозоралӣ-Котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Наврӯзгоҳ» ва истиқоматкунандагони маҳаллаи Ҳабибулло Назаров иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Атоев Бозоралӣ-Котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Наврӯзгоҳ» вохӯриро ифтитоҳ намуда, суханро ба Раҳимзода Фарзона-Мудири шуъбаи кор бо занони Кумита иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмолои Сомонӣ дода, мавсуф меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ намуданд.
Дар идома Зуҳурова Зарина-Мудири шуъбаи кор бо бонувони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми кишвар бисёр муфид буда, бандҳо ва нуқтаҳои асосии Паёмро ба ҳозирин оммафаҳм намуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуда, барои мардуми заҳматкаши кишвар шароит фароҳам овард, ки маҳсули меҳнати дастии худро ба халқ барои хариду фурӯш пешниҳод намоянд.
Қурбонмамадова Қурбонгул- Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Душанбе зимни суханронӣ доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва бетарафии базеъ аз падару модарон аст, ки ҷавонон шомили гуруҳҳои ифротию террористӣ мешаванд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: