Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДУОЙИ ПИРАМАРДИ САДСОЛА

ДУОЙИ ПИРАМАРДИ САДСОЛА

18-01-2019, 10:47
Хабарро хонданд: 665 нафар
Назарҳо: 0
 ДУОЙИ ПИРАМАРДИ САДСОЛА

Пирамард даруни хона, назди тиреза хобида, ба саҳни ҳавлӣ бо ҳавас менигарист ва афсӯс мехӯрд, ки мадор надорад, берун баромада, тан ба нури тиллоранги офтобак дошта, андаке гарм шуда, роҳат карда наметавонад. Фақат дида метавонад ва тамошо карда истодааст, ки осмон софу беғубор аст ва шояд ҳавои фасли тирамоҳ нарму ҳаловатбахш будагист. Парандагон дар шохсорони ниҳолону дарахтони тадриҷан урёншудаистода шодона ҷастухез ва нағмасароӣ доранд. Агар баргҳои зарду сурхи себу зардолу ва гелоси пешорӯи тиреза қадкашида намебуданд, кас гумон мебурд, ки ҳоло фасли тирамоҳ наомада, балки баҳори нозанин ҳукмфармост. Ҳаворо бин, бо софию равшанӣ ба дил шодию фараҳ меандозад. Ин рӯз рӯзи одӣ не, ғайримуқаррарӣ барин. Худованд гӯё ба офтоб амр намудааст, ки нуру саховаташро бештару беҳтар аз ҳарвақта нисор кунад. Кас мехоҳад, осмон ҳамеша чунин мусаффою нуронӣ ва хуршед мудом чунин меҳрафшону меҳрубону хандон бошад. Аммо… Оҳ-ҳ, афсӯс, афсӯс, ки умри ӯ-Ҳикматшоҳ Ҳакимзода гузашт, гузашту беҳолу бемадор гардид ва аз баракати зиндагӣ, шодию нишоти аҳли ҷомеа ҷисману руҳан торафт дур шудан дорад.
Вай ин фикрҳо дар сар қатраҳои сӯзони ашки чашмонашро бо нӯги остин пок кард. Ҳамин дам ба гӯшаш аранге садои карнай расид. Гумон бурд, ки набераю абераҳо дар хонаи шафат навори кадом базмеро тамошо доранд. Ин лаҳза духтари қадаш чун ниҳол нозук, пешгире сабз ба бар баста, дар сар рӯймоле серанг мисли парчами Ватан назди ӯ даромада бо табассум ва меҳрубонӣ пурсид, ки чой диҳаматон, бобоҷон?
-Не, ширинакам, шикам пури об, гӯй, ки садои карнаю сурнай аз куҷо?
-Имрӯз ид-ку, бобоҷон, имрӯз ид болои ид, Рӯзи Президент, бар зами ин чархи аввали неругоҳи барқи обии Роғунро ба истифода медиҳанд. Худи Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дасти муборак онро ба кор медароранд.
-Кошкӣ, қувват медоштаму дар ин тантана иштирок мекардам, кошкӣ, бо чашмон медидам, ки Тоҷикистони азизамон чи хел ба ситораи тобон, ба офтоби дурахшон табдил меёбад. Оҳ-ҳ, афсӯс, афсӯс, пир шудам-дия, духтарам, пир шудам. Охир, аз сад гузаштам-а…
-Ҳоло шумо, бобоҷон, пир нестед, олимон ба хулоса омадаанд, ки дар асри бисту як ва минбаъд умри одамон дарозтар мешудааст, мегӯянд, ки синни ҳаштоду навадсолагӣ ба даврони ҷавонӣ табдил меёбад. Бинобар ин шумо, ҳоло ҳозир дар айни камолотед, бобоҷон, дар айни камолот.
-Хуб гапдон шудаӣ-ку, Нурия, бо сухан умри маро дароз кардан мехоҳӣ? Агар гуфтаат рост бошад ва агар ин мумкин мебуд…
-Рост, бобоҷон, рост, медонед, ки ман омӯзгорам. Омӯзгор аз навигариҳо нисбати дигарон пештар хабар меёбад. Дида истодаем, ки шароити зиндагӣ торафт беҳтар мешавад, олимони соҳаи тиб ва дарозумрӣ кашфиёт карда, доруҳо ва воситаҳои пешгирии пиршавии одамро дарёфтаанд ва ҳамаи инҳо ба боз ҳам афзудани синни инсон мусоидат хоҳанд намуд. Ҳамчунин, бобоҷон, табиат, боду ҳаво ва обҳои чашмасорону дарёҳои Тоҷикистони ҷоноҷонамон, меваҳои тару хушки боғу бӯстонҳоямон, алафу гиёҳҳои шифобахши зери пой ва оғӯши дашту домани кӯҳсоронамон барои саломатӣ аз доруҳои дорухонаҳо ҳам муфиду таъсирбахштар будаанд. Шумо бошед… Акнун садсолаеду пир шудам, мегӯед. Фақат андаке нотоб шудаед, бобоҷон, андаке нотоб, тани гарми одам гоҳ-гоҳ бемор мегардад, пагоҳ-пасфардо асп барин сиҳат шуда бармехезед.
-Рост мегӯӣ, духтарам, аввал Худованд, сонӣ, дар ҳақиқат, ҳамин обу ҳаво, табиат, меваҳои боғу бӯстонҳо ва алафу гиёҳҳои шифобахшамон ба ман саломатию умри нағз ато карданд. Меҳнату нони ҳалол ҳам барои то ба ин синну сол расиданам сабаб шуда, сабру илму ҳилм тарёки дил гардиданд ва ҳамеша аз бухлу бухсу кина, ки заҳри қотиланд, худро дур кашидам. Ман ҳам ҳамон олимони ту гуфтагӣ барин фоидаю зиёна нағз фарқ мекунам.
-Гапатон сад фоиз ҳақ, бобоҷон. Боз як хислати неки шумо ин аст, ки шодию хурсандии дигарона дида, шод мешавед, ба ғамашон шарик. Ана имрӯз рӯзи шодии умум аст, бегоҳ баистифодадиҳии чархи аввали неругоҳи Роғуна аз телевизор нишон медиҳанд, агар хоҳед, ҳамроҳ тамошо мекунем.
-Мехоҳам, духтарам, мехоҳам, охир ман ҳам фарорасии ин рӯзи муборака кайҳо боз интизор будам-ку. Ҳа, дарвоқеъ, ин калида гиру сандуқи маро кушо. Як ҷомаи бахмали сабз, дар қабаташ тоқии чорқати дастидӯз ҳаст. Ҳар дуро гирифта мон.
Нурия бо ҳайронӣ пурсид:
-Оъ, ҷомаю тоқӣ барои кӣ, барои чи?
-Баъдтар мефаҳмӣ, барои як одами табаррук. Вай рӯзе аз рӯзҳо ба дидани ман меояд. Бошам, ё набошам, нағз пешвоз гир, ин ҷомаю тоқиро мепӯшонем. Яке аз бунёдкорони неругоҳи «Роғун» аст. Фаромӯш накун. Фаҳмидӣ? Хайр, акнун рафта, аз пайи иҷрои корҳои дигарат шав, ман каме дам гирам, гашти рӯз назди телевизор нишаста, хурсандӣ мекунем.
Нурия бо табассуми маънодоре аз хона баромад. Ҳикматшоҳ ба баҳри андешаҳо ғутавар гардид. Байни зиёда аз сад набераю абераю чабераҳо ҳамин духтарак донотару дилёбтар баромад. Муаллима, ки аст, аз пастию баландии ҳаёт нағз огаҳӣ дорад. «Ба бобоям ман нигоҳубин мекунам»,-гуфта, китобу дафтарҳояшро бардошта, ба манзили ӯ омад. Худованд як ҷавони худаш барин бофаросату меҳрубона ёри умраш гардонад. Нурия ҳам мисли ӯ аз бунёди неругоҳи азим хурсанд, аз шодӣ ба куртааш нағунҷида истодагӣ барин. Охир, ин кори ҳазл не. Афсонаро ба ҳақиқат табдил додан мӯъҷиза аст. «Роғун, Роғун»,-пичиррос зад ин лаҳза пирамард ва чашм пӯшид. Пеши назар осмони соф, кӯҳҳои аҷоибшакли қуллаҳояшон ба абрҳо расида ва дар оғӯши онҳо дарёи хурӯшонро, ки ба назар неруманду саркашу бадфеъл менамуд, исён дошт, туғён мекард, аммо ба даҳани нақбҳо наздик омада, бошитоб андаруни онҳо медаромад ва аз сӯйи дигар ба обанбор рехта, оромӣ ёфта, ҳамранги самои нилӣ мешуд, тасаввур намуд. Мошинаҳои муқтадири боркашон дар ҳаракат, коргарон мисли мӯрони боҳиммати заҳматкаш дар ҷунбуҷӯл, бо дастони бақувват оҳан метобанд, сангу шахҳои ҷӯшидаро шикофта, ба оби нурбахш роҳ мекушоянд, ҳама саргарми заҳмат ба нафъи Ватану ҳамватан, ҷӯшу хурӯши меҳнат танинандоз. Ӯ пештар чанд бор ин манзараро аз телевизор тамошо карда, акнун бори дигар хаёлан пеши назар меовард. Пирамард ҳамин навори тафаккури тасаввуриро, ки андаруни мағзи сари худ сохтааст, лаҳзаҳо бо чашмони пӯшида тамошо карда истод ва кабӯтари хаёлоташ ба гузашта, ба гузаштаи дур парвоз намуд. Солҳои шастуми асри бист, фасли баҳори сабзу хурраму шукуфон ба ёдаш омад. Роҳбарони маҳал бо ризоият ва нишондоди боло иншооте бунёд карданӣ шуданд бо номи Гэс. Он айём на ба ҳамаи минтақаҳои шаҳру деҳоти Исфара неруи барқ мерасид. Бинобар ин аз мавҷудияту фаровонии оби равон истифода бурданӣ шуданд. Иншооти бунёдшавандаи барқофар бояд ба чанд деҳа нерую нуру ҳарорат мебахшид. Ҳикматшоҳ дар ташкилоти сохтмон коргари одӣ, бетонрезу хиштмон буд ва дар қомат рост кардани иншоот ҳисса гузошту музди меҳнаташро гирифт, чанд бор таърифу тавсифҳои роҳбаронро ҳам шунавид. Аз фаъолияташ қаноатманду мамнун буд. Аз ҳама муҳим як бурда нони ҳалоли меҳнатӣ дошт ва ҳамроҳи зану фарзандонаш бо он ба ояндаи нек умедвору шоду хурсандона зиндагӣ мекард. Дар интиҳо, вақте сохтмон пурра қомат рост кард ва фақат бо воситаҳои лозима ҷиҳозониданаш монда буд, ду чарх оварда даруни бино насб карданд, аз сабзтеппае, ки дуртар аз иншоот дар баландӣ ҷой дошт, паҳлӯи ҳам лӯлаҳои ғафси обрав шинониданд, то об даруни лӯлаҳо босуръат ҷорӣ шавад ва чархҳоро гардонад. Сардори сохтмон ҳамроҳи се каси хушлибоси дигар назди бисту ду нафар коргарони сафкашидаи даста омада, барои меҳнати софдилона ва бунёди чунин як иншооти чун обу ҳаво зарур миннатдорӣ баён намуд. Пас нуги риштаи суханро гум кардагӣ барин дақиқае хомӯш истод. Баъдан бо овози паст таъкид кард, ки акнун ба мақсад расидем, иншоот бунёд шуд, аммо як кори дигари муҳиме мондааст, онро бояд нафаре аз шумоён ба иҷро расонад. Гап ин, ки даруни лӯла даромада, аз баландӣ ба пастӣ гаваккашон фаромадан лозим, масофа ба худатон маълум- сесаду панҷоҳ метр. Торикӣ, камҳавоӣ ва нафасгардӣ. Барои эҳтиёт ба даст чароғак ва болғае мегирад он нафар ва андаруни лӯла дар зулмот мебинад, ки сӯрохие мавҷуд аст, ё не, агар сӯрохӣ бошад, бо болға мезанад ва коргарон он нуқтаро ишора намуда, аз берун кафшер мекунанд. Мабодо, агар лӯла нӯги сӯзан барин сӯрохӣ дошта бошад, як дунё об аз он фаввора зада баромада, талаф меёбад.
Коргарон маънодор ба ҳамдигар менигаристанд. Касе ҷуръати ман гуфтан надошт. Хомӯшии гароне ба миён омад. Ҳакимзода беқарор шуд, худ аз худ хиҷолат кашид, гӯё сардор на ба ҳама, балки фақат як ба худи ӯ муроҷиат кардааст. Ниҳоят аз саф пеш баромад.
-Иҷозат диҳед, ҳамин кора ман ба иҷро расонам.
Ҳикматшоҳ аз даҳони лӯлаи ғафс даромад ва гаваккашон ба поён сарнишеб гардид. Сесаду панҷоҳ метри торикию камҳавоӣ ба назараш дурударозу беохир менамуд ва қариб чанд бор нафасгардон шуда, оқибат аз думи он берун баромад ва лаҳзае дам гирифта, ҳамон тавр андаруни лӯлаи дуюм бори дигар «сайругашт» намуд. Хушбахтона, сӯрохие надоштааст ҳар ду лӯла ва ҳамагон кафкӯбӣ карда, аҳсану офаринаш мехонданд.
Неругоҳ омодаи фаъолият шуд. Баъди ду рӯз роҳбарони шаҳру соҳа ва коргарон ҷамъ омада, тантана баргузор намуданд ва онро ба кор андохта, санҷиданд, ки ба ду-се деҳа қудрати барқ расонидан дорад. Он вақт ба назари Ҳикматшоҳ Ҳакимзода ин иншоот иншооти бузурги давру замон ҳисоб меёфт ва бо чи қадар масъулияту маблағу заҳмату ташвишу тараддуд бунёд шуда буд. Аммо бо сабаби таъмин будани неруи барқ аз ҳисоби неругоҳҳои Нораку Дӯстии халқҳо ба кор андохта нашуд ва муддатҳо бефаъолият истода, бинояш бороншуставу офтобсӯзондаю фарсуда ва воситаҳояш чангзеркардаю зангзада шуданд. Баъдан аз бепарвоию бемасъулиятии тоифае истифода бурда, тоифаи дигари чашмгуруснаю ҳарис қисмҳои даркорӣ ва харидоргирашро ба яғмо бурда, фурӯхта, ба қавли худашон обулой карданд. Ҳикматшоҳ, ки он иншоот чун порае аз дил барояш азиз буд, чанд бор садди роҳи он нобакорони бепарвофалак гардид, аммо мегуфтанд, ки ту акнун пир шудаӣ ва гиру дори замонаро намефаҳмӣ, ин кӯҳнаколаҳо ба коре даста намешаванд ва ба касе ҳам даркор нестанд, беҳтараш занг зада, пӯсида нараванд, пул шаванд. Гӯё он иншоотро не, манзилу макони ӯро ба яғмо бурданду вайрону валангор карданд. Ҳикматшоҳ Ҳакимзода дар мубориза бар зидди онҳо шикаст хӯрд. Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз, гуфту худро тасалло дод. Ба андозае гапашон ҳақ ҳам ҳаст. Ба хубӣ маълум, ки зиндагӣ якранг намемонад, дар оянда дигаргуниҳо рӯй медиҳанд, тараққиёт мешавад, воситаҳои нав арзи ҳастӣ мекунанд. Ҳаёти тоҷикону тоҷикистониён рӯзе аз рӯзҳо ва соле аз солҳо ба дигарон намуна мешавад. Охир, бо ҳамин қадар бузургӣ ин халқ ба иҷрои амалҳои бузург қодир аст. Як гэсча чи? Кор кардӣ, музди меҳнататро гирифтӣ, ҳамин бас-дия! Ва… Дере нагузашта, мувофиқи пиндори ӯ дигаргуниҳо рӯй доданд, зиндагӣ рангҳои нав гирифт. Рангҳои сиёҳу сурху сабзу сафед. Он айём рангҳо бо ҳам ба талошу набард оғоз намуданд. Ҳар як ранг мехост, майдони бештареро соҳиб шавад ва атрофаш мардуми зиёдтареро гирд оварад. Ҳамин тавр муборизаи рангҳо нахуст бо сухан ва шиорпартоию сиёҳкунии ранги дигар сар шуд ва баъдан ба ҷангу хунрезию мусибату бадбахтӣ расонид. Ҳикматшоҳ Ҳакимзода ҳамаи ин беназмӣ ва бесаранҷомию бетартибиро дида, ба қаъри чоҳи зулмот фурӯ рафта мепиндошт, ки дигар аз ин торикӣ баромадан имкон надорад ва акнун тамом! Вай бошад, дасткӯтаҳу ноилоҷ аст ва вазъиятро ба қадри мӯе тағйир дода наметавонад. Танҳост. Нотавон. Неруи вайронгар тавоно. Аммо баъзан аз даруни он чоҳи ба назар бетагу нопайдоканори зулмот истода, аз чанголи яъсу ноумедиҳо раҳидан мехост ва азм мекард, ки мубориза мебарад, ҳатман мубориза мебарад бар муқобили неруи зиддитоҷикӣ. Кош, Худованд инсонеро ба майдон меовард, ки мисли Ҳикматшоҳ оҷизу нотавон набошад ва бо ҳамаи ин душманони инсонияту ҳаёт ва миллати озодипараст набард карда тавонад. Ниҳоят соли 1992 фаро расид. Айни ноумедиҳо ва аз зиндагӣ дил кандани пирамард. Рафти Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро аз телевизор тамошо кард. Он шаб хобаш набурд. Андаруни қалби афгоршуда шӯлаяке фурӯзон гардида буд. Пайваста зикри номҳои Худованд мекард. Талаб дошт, ки ҳамаи орзуҳои ҳамин ҷавонмарди дилаш софу самимӣ ва ҷасурро ҷомаи амал пӯшонад. Дуоҳои маро, дуоҳои одамони ба миллату Ватанамон, ба ҳамсоягону ҳамзаминон хайрхоҳро мустаҷоб гардон ва Тоҷикистонро дар паноҳат аз ҳамаи бадиҳо, балоҳо, офатҳо нигаҳ дор, то оянда фарзандонамон тинҷу амон ва бетарсу бедарду беғамона дар ин сарзамин зиндагӣ кунанд. Торикӣ тадриҷан ҷо ба рӯшноӣ медод, камчинии гандуму орду нон оҳиста бартараф мегардид, оташи кинаву хусумату бадбинӣ фурӯ менишаст ва Ҳикматшоҳ Ҳакимзодаи он вақт ба қавле, як пояш ба лаби гӯр расида, ҳар замон лаҳзаҳои танҳоӣ оҳ мекашид ва афсӯс мехӯрд, ки пир шудааст, фарорасии сулҳу ваҳдати миллат, серу пур ва хурсанду шукуфон зиндагӣ кардани ҳамватанонро медида бошад, ё… Вай акнун аниқ ба хулосае омада буд, ки ҳатман ин гуна рӯзҳои нек фаро мерасанд, аз пиндору гуфтори Сарвари ҷавон маълум. Аммо кай фаро мерасида бошанд он рӯзҳои ширину муборак?
Ин фикрҳо андаруни дилаш талотум намуда, ба марому мақсад мубаддал мегардиданд. Акнун Ҳикматшоҳ Ҳакимзода гӯё ба як ҷавони ошиқ, орзуманд ва сертакопӯе табдил ёфта буд. Ишқи Ватан рӯҳашро навозиш менамуд ва ба тани ранҷуру афгораш неру мебахшид. Пайваста аз Худованд талаб мекард, ки умри ӯро дароз гардонад, то фарорасии сулҳу ваҳдат ва бахту саодати миллатро бубинад. Ҳар як қадами Сарвар ва давлати ҷавони Тоҷикистонро аз рӯзномаю маҷаллаҳо ва радиою телевизор хондаю шунидаю дида, ба саҳифаҳои берангшудаи хотираи чангзеркардааш сабт менамуд ва бо ин ҳуҷайраҳои мурдаистодаи мағзи сарашро аз нав ба кор меандохт. Дар ин гуна лаҳзаҳо пиршавӣ ва кам мондани умрро батамом аз ёд фаромуш мекард ва ба худ талқин менамуд, ки олимони инсоншиносу тиб рост мегӯянд. Одами боумед аз одами ноумед зиёдтар умр медидааст. Охир, зиндагӣ бе орзу ширин набуд, зиндагиро орзу ширин намуд. Орзу ба тану равони ӯ мисли дармон шифо ва қувват мебахшид.
Ҳикматшоҳ Ҳакимзода аз таҷрибаи зиндагӣ медонист, ки об якбора ба лаби ҷӯй баробар намешавад, хамирро нон сохта, ба танӯр часпонида, фавран нони пухта гирифтан, ниҳолро шинонида, дарҳол меваи онро хӯрдан ғайри имкон аст. Барои ба даст овардани нон ва меваи пухтаи ширину гуворо заҳмат кашидан, интизор шудан, сабр намудан ва ҳатто дар оташ аз гармӣ нафасгардон гардидану ниҳолро эҳтиёту парвариш намудан лозим аст. Вақти муайян зарур, то дури мақсуд ба каф ояд. Бинобар ин вай сабру таҳаммулро пеша карда, шабу рӯз аз Худованд талаб менамуд, ки орзуҳои ҳамаи одамони инсонпарвару миллатдӯст ва ватанпарасту накӯкору боинсофро ҷомаи амал пӯшонад. Ба Сарвари давлат саломатӣ ва қувват диҳад, ба ҳамаи онҳое, ки бо Эмомалӣ Раҳмон ҳамфикру ҳамақида ва ҳамкоранду мақсади тинҷию амонӣ ва нерумандию ободии давлати Тоҷикистон, хотирҷамъию осудаҳолии аҳолии онро доранд, барору комёбиҳо ва сарбаландиҳо ато намояд. Аммо дар ҷануби Тоҷикистони азиз ва дар маркази он даргириҳо дилҳо ва манзилҳоро ба коми оташ кашида, сӯзонида, беш аз пеш аланга мезад. Дар шимоли мамлакат ҳам афроди алоҳида ва гурӯҳҳои муғриз ба ҷунбуҷӯл даромада, мехостанд, ба вуҷуди одамон тарсу ваҳм ва парешонию нобовариро ҷо кунанд. Мақсадашон маълум буд: Супоришҳои хоҷагони бегонаро аз таҳти дил ба иҷро расонида, мукофоте гирифтан ва дар сурати ба курсии мансаб нишастани одами ҳамон саркардагони бегона ва бегонапараст соҳиб шудан ба вазифаяке. Як шоми тирамоҳ дари ӯро кӯфтанд. Аз сари дастархон хеста баромад, ки раиси маҳаллаашон ҳамроҳи марди сӣ-сиюпанҷсолаи галстукбастаи ришаш пасти олуфтае истодааст. Аз ӯ бӯйи атри баланде паҳн мешуд. Бо Ҳикматшоҳ нӯги ангуштон дода, гӯё бо дили нохоҳам вохӯрӣ намуд. Пас аз салому алеку пурсупос бо раиси маҳалла онҳоро ба ҳавлӣ таклиф кард.
-Не, амак, ба ҳамроҳатон нишастан, суҳбаткунию чойнӯшӣ диламон кашон, аммо вақт надорем. Шуморо барои ба митинг даъваткунӣ омадем. Пасфардо, соати понздаҳ. Дар майдони Муборизон. Ҳатман бояд равед. Шумо одами баобрӯ. Ман ба ҷоятон ваъдаҳои калон додам. Барои ҳурмататон ана ин кас худашон омаданд. Яке аз роҳбарони ҳизби бақуввату машҳуршудаистода, оянда ҳаминҳо кори давлата пеш мебаранд. Дар митинг иштирок карда, чор даҳан сухан мегӯед, дар ҳақи инҳо ва мо-тарафдоронашон дуо мекунед, дуойи шумо мустаҷоб мешавад, дуойи шумо даркор аст. Нарафта монед, инҳо хафа мешаванд, баъд аз худатон гила…
Ҳикматшоҳ ба ишораи хап шав, кафи дасти росташро назди даҳони раиси маҳалла бурд. Хунаш ба ҷӯш омада буд. Ғазабашро базӯр фурӯ нишонда, лаҳзае хомӯш истод, баъд бонафрат сӯйи шахси ношинос нигарист ва ӯ дар торикӣ теғи нигоҳи пирамардро фарқ накард, аммо бо ташаддуд гуфт, ки ба мӯсафед гапҳои шумо нафорид. Ин ҷо истоданамон бефоида. Рафтем.
Ҳакимзода аз қафои онҳо бо овози ларзон ба забон овард:
- Ман ба митинги шумоён иштирок карда наметавонам. Вақт надорам. Корам бисёр. Рафтан гиред, чор тарафатон қибла. Ман аъзои ҳизби Сарвари давлатам. Ҳамин ҷавонмард-Эмомалӣ Раҳмон ба кадом ҳизбе раис бошанд, ман ба ҳамон ҳизб аъзоям, дониста монед, ба ҳамон ҳизб аъзоям.
Даме хомӯш истода, пас бо қаҳру ғазаб илова кард:
-Хиёбона ба майдон табдил дода, боз ном мондааст-а! Муборизон! Бо кӣ мубориза мебарӣ? Бо ман?
Онҳо истода, ба ӯ нигаристанд.
-Дидед, гуфтам-ку, ба ин пири нодон гапҳои мо маъқул намешавад, тезтар қадам монед, рафтем, рафтем.
-Як лаҳза тоқат кунед, ман ба ин одам дурустакак фаҳмонам,-гуфт раиси маҳалла.
-Ҳамаашро фаҳмидам, нағз фаҳмидам. Дар ин тараф ҳам обро лой кардан мехоҳед. Дониста монед, ки мардум аз қафои шумоён не, аз паси Сарвари давлат меравад. Монед, кор кунанд, марому мақсадашона гуфтанд. Ба одамон роҳи интихобкардаи он кас маъқул. Акнун митингбозиҳои шумоён бефоида ва ҳатто хавфноканд. Шумо раиси маҳаллаед ва бояд раиятро ба роҳи рост ҳидоят кунед. Ба роҳи ро-ост!
-Роҳи мо рост аст. Гапа дароз накунед, Ҳакимзода, баъдтар пушаймон мешавед, ғами фарзандонатона хуред.
Ҳикматшоҳ бо қаҳру ғазаб аз паси онҳо ғурғуркунон гап мезад. Аммо митингчиҳо рафта буданд.
Он шаб хобаш парид. Аз паҳлу ба паҳлу мегашту оҳ мекашид. Пушаймон буд, ки ҷавобе сазовор надод ба ду нафар гумроҳшуда. Пасфардо ба митинги онҳо рафта иштирок ва баромад мекунад, рӯйрост ба одамон мегӯяд, ки ба инҳо бовар накунед, мехоҳанд митингбозиҳои бемаъниро, ки ғашу ғурбат ба миён овардааст, дар ин ҷоҳо ҳам ташкил кунанд. Бовар накунед, бовар накунед, мо бояд фақат аз қафои Сарвари давлатамон равона шавем…
-Ҳа, аз қафои Сарвари давлатамон бояд равона шавем,-гуфта, субҳи дигар аз хоб бедор гардид ва вақт ба назараш чи тавр мегузашт, намефаҳмид.
Рӯзи дигар ба ҷойи таъинкардаи раиси маҳаллаашон, ба қавли онҳо ба майдони Муборизон ба митинг рафт. Садупанҷоҳ нафар ба ин издиҳоми ҳангомапараст гирд омада буд ва гапи баромадчиҳоро касе дуруст гӯш намекард. Ҳикматшоҳ одамонро бо китф тела дода тела дода, пеш гузашт. Дар минбар истодаҳо ба ҳамдигар маънодор нигоҳ мекарданд. Марди олуфтаи оншаба ҳам он ҷо буд. Ҳакимзода далерона ба пеш баромад. Нафаре бо овози пасти ношунаво ба суханронӣ оғоз намуд, издиҳом ба шӯр омада, кафкӯбӣ карду ҳуштак кашид , ки маънои «бас кун»-ро дошт. Нотиқ гапашро гум кард. Ҳикматшоҳ аз ин истифода бурда пештар баромад, ба паҳлӯи гӯянда гузашт ва дасти рост боло бардошт, аксарият шинохтандаш ва ором шуданд. Гӯяндаи овозаш ношунаво боз сухан сар кард ва ӯ ҳам баробари вай ба гап даромад:
-Бародарон, хуб кардед, ки омадед. Ман бошам, омаданӣ набудам, аммо ба шумоён фикрамро гуфтан мехостам, гӯш кунед…
-Ба ту касе гап надодааст, поён фаро, пири беимон,-сахту баланд гуфт марди оншаба ва одамони ростистода ба шӯр омаданд.
-Мон, ин пиракӣ гапҳоша гӯд. Набошад, худат поён фаро,-аррос зад як ҷавони дар пеш истода мушташро гиреҳ карда.
Ҳикматшоҳ шердил шуда, гуфт, ки ба суханони инҳо гӯш наандозед. Мехоҳанд, обро лой кунанд, аз даруни оби лой гавҳари мақсуд ба каф оранд, яъне моро ба дасти бегонаҳо ва бегонапарастон бисупоранд. Акнун мо бесоҳиб ва бесарвар нестем. Бас аст митингбозию ҷангу хунрезӣ. Митингбозӣ кори мо не. Аз қафои Сарвари давлат меравем.
-Меравем.
-Меравем, он кас моро ба роҳи рост мебаранд.
-Шумоён равед аз ин ҷо. Дар ҷои дигар митинг кунед.
-Дониста монед, ки дар ҷои дигар ҳам ба гапатон касе гӯш намедиҳад.
Баъди ин суханон паси ҳам аз ҳар тараф садо додан одамон гурӯҳ-гурӯҳ пароканда шуданд ва раиси маҳалла назди вай омад.
-Маро назди инҳо шарманда кардед. Беҳтар буд, ки намеомадед,-гуфт ӯ ба Ҳакимзода бо нафрат нигоҳ карда.
-Ҳоло шарманда нашудаӣ, бача. Ман намеомадам, дар охир, баъди камтар муддат расво мешудӣ, беҳтараш аз инҳо алоқаата кан,-бо нармӣ ба забон овард пирамард ва ба қафояш нигоҳ накарда, монда рафт.
Он шаб оромона хобида буд. Маддаи дилашро кафонд. Ба нобакорон зарба зад, ё не, аҳамият надорад. Муҳимаш митингашонро вайрон намуд, одамонро аз онҳо рӯ гардонид. Барои амалӣ шудани супоришҳои Сарвари давлат, барои тинҷию оромӣ, ваҳдату тараққиёт ба қадри мӯйе ҳисса гузошт. «Агар бинӣ, ки нодонию ҷоҳ аст, хомӯш биншинӣ гуноҳ аст»,-гуфтаанд. Хомӯш истода натавонист, гунаҳгор нашуд. Раиси маҳалла бад бинад, дидан гирад. Хатоиашро баъдтар мефаҳмидагист?
Баъди ин гуна митингу митингбозиҳо орзуҳои Ҳикматшоҳ Ҳакимзода як ба як ҷомаи амал мепӯшиданд, ҷанги бемаънӣ ба охир расид, гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуданд, гуфтаҳои Сарвари давлат дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ паси ҳам ба иҷро мерасиданд, дар дили аксари одамон нури умеду орзуҳо ба ояндаи неки Ватан фурӯзон гардид, аммо ин зиндагӣ баробари гармӣ сардӣ, баробари ширинӣ талхӣ, баробари рӯшноӣ торикӣ ва баробари шодӣ ғам ҳам доштааст. Ва баъди чанде боз рӯзҳои зимистони қаҳратун фаро расиданду шабҳои зулмот дилҳоро мисли ранги худ тираю тор мегардонид. «Солҳое буданд, ки мардуми кишвар дар хунуктарин даври сол ҳамагӣ як-ду соат барқ мегирифтанд ва баъзе рӯзҳо умуман бебарқ мемонданд»,-ин нуктаро дар як баромади худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ карданд. Оре, Тоҷикистон он айём гӯё мисли инсони яккаву танҳое дар муҳосираи торикӣ ва сардӣ қарор дошт. Баъзеҳо барои ин бебарқию сардиҳо аз боду ҳаво ва шароит не, аз давлат гилагузорӣ мекарданд. Ҳикматшоҳ Ҳакимзода ба он одамон мегуфт, ки канӣ як ҷӯйи кандаро вайрон кун, дар он магар об ҷорӣ мешавад? Охир, фарзандони як хонадон, ки аз як дег ғизо мехӯрданд, ҳама аз ҳам ҷудо шуда, пушт ба якдигар гардониданд. Ҳоло тоҷикон ба манзилу макони худ худашон соҳибанд ва онро бояд худашон обод созанд. Пештар бародарони калонӣ, бақувваттару доротар ба бисёр чизҳо соҳиб шуда, ғами дигар бародаронро намехӯрданд. Акнун мо бояд худ ғами худамонро хурем. ДУОЙИ ПИРАМАРДИ САДСОЛА
Ҳикояи воқеӣ

(давом дорад)
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: