ДУОЙИ ПИРАМАРДИ САДСОЛА18-01-2019, 10:53
Хабарро хонданд: 772 нафар
Назарҳо: 0
(идома) -Фаҳмидӣ, бародар?- мегуфт Ҳакимзода ба ҳамсӯҳбати хаёлиаш рӯ оварда, агар ман ин гапро ба хонандаи синфи якум бигӯям, нағз мефаҳмад. Ту ҳам ба фикрам, фаҳмидаӣ, аммо дар дилат кадом ғаразе ҷо дорад ва нагузошта истодааст, ки бовар кунӣ. Имрӯз бовар накунӣ, фардо бо чашмони худ дида, бовар мекунӣ. Зинда бошам, салом медиҳам, ки Роғун, медонӣ-а, неругоҳи бузург дар минтақа бунёд мешавад ва олам чароғону нуристону гулистон мегардад. Беҳтараш бо ман баҳсу мунозира накуну ҳоло ки тансиҳатӣ ва қувват дорӣ, ба он ҷо раҳсипор шав. Агар ман ту барин ҷавон мебудам ва қувват медоштам, кайҳо рафта, дар сохтмони ин иншооти обу ҳаво барин зарурӣ иштирок мекардам. Афсӯс, ки пирам ва аз дастам ғайри дуо кардан дигар коре намеояд. Баъди гуфтани ин суханҳо худ ба худ раҳмаш меомад, дилаш аз андӯҳу яъсу ноумедӣ пур мешуд. Оҳ-ҳ, нотавон аст, дар бунёди неругоҳи Роғун иштирок карда наметавонад. Не, не, мегуфт боз ба худ Ҳикматшоҳ пас аз лаҳзае, ту кор карда натавонӣ ҳам дуо карда метавонӣ-ку, решаи дуо сабз аст, тилло нагир дуо гир, тилло нате, дуо те. Аз Худованд талаб кардан гир, аз таҳти дил, самимона талаб кун. Ҳиссагузории ту ба бунёди иншооти азим ин аст. Вай акнун ҳар як қадами Сарвари давлат ва ҳар як рӯзу моҳу соли пешрафти Тоҷикистонро хондаю шунидаю тамошо карда ҳаловат мебурд ва дар хотир нигоҳ дошта, дар бораи ин масъалаҳо бо одамон суҳбат менамуд, агар касе маълумот надорам гуфта, китф дарҳам кашад, бо мулоиматӣ ба он нафар мефаҳмонид, ки ин рафторат хато аст, бародар, бояд ҳар як қадами пешрафти Ватани ҷоноҷонамона бидонӣ ва шодӣ кунӣ. Баъзеҳо ин гуна гуфтору рафтори Ҳикматшоҳро шунидаву дида, ба ӯ шӯхиомез лақаби «бобои Мирзоватан» монда, дар ғоибаш ҳар гуна суханҳо гуфта, механдиданд, баъзеҳо рӯирост шӯхиомез мепурсиданд: «Ҳа, бобои Мирзоватан, корҳоятон чи тавр? Пешрафти Ватанамон шод карда истодагист, шуморо?» Ҳикматшоҳ аз ин суханон ба хашму ғазаб намеомад, ҳар чи гӯянд, гуфтан гиранд, Мирзоватан ном гирифтан бад не-ку. Ифтихор кун, Ҳакимзода, ифтихор. Акнун бошад мавзӯи фикру хаёлот ва гуфтугӯю муҳокимарониҳои вай дигар шудааст. Акнун Ҳикматшоҳ зина ба зина бунёд гардидани неругоҳи Роғун ва зиддияту мушкилоти аз беруни кишвар пайдошуда, матонату устувории Сарвари давлат ва азму ирода, ҷӯшу хурӯши аҳли ҷомеаро нисбати зарурати сохтани иншоот аз матбуот хондаю аз радио ва телевизор шунидаю тамошо карда, аз забони ҳамсӯҳбатон шунавида, гоҳе ғам мехӯрду оҳ мекашид, гоҳе аз шодӣ дар ҷойи нишастааш ҷастухез карданӣ мешуд. Муштоқи он буд, ки ба дидори коргар, ё мутахассисе аз бунёдкоронаш бирасад, сӯҳбат кунад ва хотирҷамъ шавад. Рӯзе ба гӯшаш расид, ки аз шаҳри Исфара низ чанд нафар мардон бо хоҳиши худ Роғун рафта кор карда истодаанд. Ба дилаш оташ афтод. Бо яке аз онҳо суҳбат кардан лозим, ҳатман суҳбат кардан лозим. Шитобид. Пурсуков карда, манзили он касро дарёфт. Хайрият, ба рухсатӣ баромада, барои хабаргирии падару модараш ду-серӯза омада будааст. Ҷавонмард миёнақад, абрувонаш пайваста буд ва чашмони тезнигоҳи зирак, дар кунҷи чапи лабонаш холи сиёҳи зебандае дошт. Самимона ва бо табассум бо Ҳакимзода вохӯрӣ намуд. Дасту панҷаҳояш чун санг сахт, танаш мисли оҳан пурқуввату чеҳрааш мис барин офтобхӯрда. Ҳикматшоҳ дастони худ аз дастони вай раҳо карда, ғайричашмдошт бародарвор ба оғӯш кашид, бӯидан ва бӯсидан мехост, аммо истиҳола намуд, ки мабодо, дигар хел гумон набаранд. Соҳиби манзил нигоҳи кунҷкобона ва пур аз меҳру муҳаббати ба чеҳра ва қаду қоматаш дӯхта, ҳаракатҳои чобукона ва рафтори пирамардро дида лаҳзае ҳайрону парешон истод. Баъд таклиф намуд, ки ба ҳавлӣ дароянд. -Медароем, медароем, писар, ман ба зиёрати ту омадам, ба ту гапи бисёр дорам,-изҳор кард бо меҳрубонӣ ва пасу пеш вориди хона шуданд. Чор фатири аз бозор харидаашро рӯйи миз монда, гуфт, ки дасти хушк омаданро эб надидааст. Одати мо тоҷикона худ хуб медонӣ-ку, писарам, аммо илтимос, дастархон накушо, ман меҳмонбозира бад мебинам. Агар дастархон густарӣ хеста меравам. Аввал гапи мана гӯш кун. Номат чист? -Номам Нуриддин, насабам Равшанзода. Нуриддин Равшанзода. -Эҳ-ҳ, олиҷаноб. Нуру рӯшноӣ будаӣ-ку. Аберае дорам, исми ӯ ҳам Нурия аст. Хонадор шудаӣ?-гуфта пурсиду аз ҳаяҷон саволи ноҷо доданашро фаҳмида хиҷолат кашид ва хомӯш монд. Ҷавонмард шармгинона сар хам намуд: -Кор карда истодаам, ҳамааш ҳоло дар пеш. -Хайр, биё мон ин гапҳора, дар бораи масъалаи асосӣ гуфтугӯ мекунем, масъалаи хонадоршавӣ сонӣ ҳам ҳал мешавад. Гуфтам-ку, ба зиёрати ту омадаам. Гапҳои бисёр дорам. -Ба зиёрати ман омадед? Ба ҳаҷ нарафтаам, Худо хоҳад, ният дорам, кай вақташ расад… -Медонам, медонам, ки ба ҳаҷ нарафтаӣ. Аз Роғун омадӣ-а? Барои ман Роғун ҳам мисли Маккаи мукаррама табаррук аст. Охир дар он макон нуру рӯшноӣ ҳосил мешавад, дилҳо ва манзилҳоро равшану гарм мекунад он нуру рӯшноӣ. Магар аз ин кори савобтаре ҳаст? Фоидаи мерасонидаи Роғуна ба халқи олам гӯям, тамом карда наметонам. Биё, беҳтараш ту гап зану ман гӯш кунам,- бо меҳрубонӣ ба ҷавонмард рӯ овард. -Ҳа, аз Роғун омадам, бобо. Чи буд? Тинҷӣ аст охир? -Тинҷӣ, тинҷӣ. Ҳикоя кун, ки ман кайф карда гӯш андозам, ҳаловат барам. -Мабодо шумо журналист-ку нестед? Ҳа, ҳа, ҳаҳ. -Ман журналист не, ман роғунистам, роғунист. Ҳа, ҳа, ҳаҳ! Медонӣ, роғунист чи маъно дорад? -Роғунро медонам, аммо ист ва роғуниста нафаҳмида истодаам. -Дидӣ, шумоён ҷавонон хуб одамони нағзед, аммо бисёр масъалаҳоро намефаҳмед ва ё бо таври худ мефаҳмед. Пештар коммунист, марксист, оппортунист, дарвинист ва монанди ҳаминҳо калимаҳои бисёре буданд ва ҳоло ҳам як-як садо медиҳанд. Ин маънои онро дорад, ки писарам, марксист пайрави Маркс асту дарвинист пайрави Дарвин, барои ин гуна одамон Марксу Дарвин азизу муқаддасанд. Барои ман бошад,-ангушти ишорат ба сари синааш зада, идома дод,-Роғун азизу муқаддас аст. Ана, барои ҳамин наздат омадам, ки чорта ҳикоя куну гӯш андохта, дар бораи Роғунҷон маълумоти васеътар гирам. Дигар мақсаде надорам. Маро дуруст фаҳм. Замоне ман ҳам дар бунёди як гэсча иштирок карда будам. Он гэсча назди Роғуни офтоб барин бузургу дурахшон мисли шамъе буд, аммо аз бемеҳрию беаҳамиятиҳо вайрону валангор шуд. Худо хоҳад, неругоҳи «Роғун» асрҳои аср чун хуршеди тобон дурахшон ва нурафшон хоҳад монд, чунки ин иншоот бо дилу нияти соф, меҳру муҳаббати бузург, азму иродаи қавӣ ва дасту бозувони тавоно бунёд шуда истодааст. Ҷавон боз ҳам ҳайрон шуда пурсид, ки охир, бобо, ҳамаи ин ба шумо чи даркор? Дар ин синну сол китоб менависед-чи? -Ту, писарам, ишқ гуфтани оташ ва нури дилу дидаҳоро медонӣ-а? Дар умрат ягон бор ошиқ шудаӣ? Бовар дорам, ки шудаӣ. Медонӣ, ки ошиқ дар бораи маъшуқаи ба дил наздику аз чашм дураш ҳарчи бештару беҳтар донистан мехоҳад, ана, ман ҳам дар бораи Роғунҷонам, Роғунҷони ба дил наздику аз чашм дурам бисёртар донистан мехоҳам. Бигӯ, ки вай ҳоло дар кадом ҳолат аст. Ба наздикӣ чашмонаш равшан мешудагист. Агар чашмони вай равшан шавад, дили ман ҳам боз равшантар мешавад, бовар кун, дилу манзили ҳамаи ҳамватанонамон низ мунаввар мегардад. Ҳа, Ҳикматшоҳ Ҳакимзода корманди неругоҳи Роғунро бовар кунонида, ба гап дароварда тавонист ва ӯ дар бораи дар кишвари дуру сармояш сахти тансӯз ғарибӣ ва мусофирӣ кашиданҳо, ба дидори ёру диёр пазмон шуданҳояш ва оқибат аз азияти муҳоҷират дилбазан шуда, бо мақсади дар сохтмони Роғун кор кардан ба Ватан баргаштанаш нақл намуд. -Ба Тоҷикистони азизам омада, худро мисли моҳии даруни об ҳис кардам. Дар он мамлакат гӯё моҳии ба шаст дармондае будам. Сохтмони Роғун маро чун оҳанрабо сӯяш мекашид. Охир, боумед панҷ сол дар донишгоҳ хонда, бо ихтисоси худ кор кардан ва дар бунёди иншооти ҳаётан заруре ҳисса гузоштан мехостам. Аммо ҷойи кор ёфта натавонистаму маҷбур ба хориҷа рафтам ва сохтмони неругоҳи Роғун умеду орзуям буд. Рафтам ба ин коргоҳи азим, кор кардам ва дидаму донистам, ки дар он мамлакатҳо чунин шароит ва чунин ҷойи кор нест. Ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ, дӯстӣ, ҳиммату ғайрат ва умеду орзуҳою корнамоиҳои бунёдкорона бинед… -Ист, ист, ки дар он ҷо ягон бор бо Пешвои миллат вохӯрдӣ?-аз ҷойи нишастааш қариб нимхез шуда пурсид Ҳакимзода. -Пешвои миллат чандин маротиба ба Роғун сафари корӣ доштанд. Дар қатори мутахассисону коргарони дигар дастони маро ҳам фишурданд, самимона ва меҳрубонона маслиҳатҳо доданд, сӯҳбат карданд ва ҳар бори омаданашон фазо ва муҳити коргоҳи азим рангу рӯйи тоза ва нури боҳарорату ҳаловатбахше мегирифт, аҳли заҳмат ҳиммату ғайрату қувваи нав пайдо намуда, кор бо ҷӯшу хурӯш пеш мерафт. -Эҳ-ҳ, чи хел ту хушбахтӣ-а? Дар Роғун меҳнат кардан ва бо Пешвои миллат вохӯрдан… -Боз як аҳамияти сохтмон ин, ки бобоҷон, кор ёд гирифтам. Панҷ сол донишгоҳ хонда, худро мутахассис меҳисобидам, дар хориҷа дар ошхона кор кардам, аммо Роғун ба ман ва ман баринҳо нозукиҳо ва сирру асрори бунёди чунин иншооти замонавӣ ва бузургро анча омузонид. Барои ман ва ман баринҳо мактаби бузурги таҷрибаомӯзӣ шуд Роғун. Ҷавонмард бо даҳони во ва чашмони калон-калон кушода, ҳарисона суханҳоро гӯш кардани пирамард, чанд бор беихтиёр ашки шодӣ рехтанашро дида, баъзан рӯй гардонда, механдид. Дар умраш бо чунин пирамарди аҷоибхислат бори аввал дучор шуда, фаҳмида наметавонист, ки мақсади ӯ чист. -Ман ҳам, ман ҳам…- Ҳикматшоҳ аз ҳаяҷон давоми гапашро гум карда, лаҳзае сар хорида, хомӯш истод ва оқибат тавонист гӯяд, ки сабил монад пирӣ, чи гуфтанӣ будам-а? Ҳа, ҳа, ман ҳам, ман ҳам ба бунёди ин неругоҳи бо ҷону дил баробар ҳисса гузоштанӣ будам, аммо пирӣ ва бемадорӣ садди роҳам шуд. Ба ҳар ҳол, писарам, кам бошад ҳам ҳиссаам ҳаст ва агар аз дунё рафта монам, беармон меравам. Ту гумон накун, ки ин пиракиҳо аз иҷрои амалҳои хайр дар канор мондаанд. Чандин саҳмия харида будам дар вақташ. Ихтиёрӣ. Ҳамчунин чандин каса тарғиб кардам, онҳо ҳам саҳмия хариданд ва акнун аз кори кардаамон ҳама хурсандем. -Бобо, ҳамин ба аҳволпурсӣ омадан ва ҳурмату эҳтироматон нисбати Роғун ва бунёдкорони он худаш ҳиссаи арзанда аст. Сари мана ба осмон расонидед. Раҳмат! -Ба Пешвои миллат раҳмат, ба фарзандони созандаву бунёдкор раҳмат. Худ нағз медонӣ, вақте муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари чанбари сиёсатмадорӣ ва давлатдорӣ омаданд, Ватанамон чун як иморати фаношудаистода дар коми оташ месӯхт, ҳама ҷо вайрону валангор буд, дили одамон аз ёру диёр сард гашта, сарсону паҳну парешон мешуданд, дар Бонки миллии мамлакат як тини сиёҳ набуд. Роғун чи, тоҷикон чун фарзанди ятиммонда буданд. Аксарият дар ёди ҳифзи ҷони худ, ба куҷо сар задана намедонистанд. Баъдан чи гапу корҳо шуд? Ба ёд дорӣ-а? Ба нақл кардани воқеаю ҳодисаҳои мудҳиши минбаъда ҳоҷат нест. Тоҷикистони ҷавон аз ҷонбозиҳои Пешвои миллат ва фарзандони дилсӯзаш ҷон гирифт. Дар як муддати бо ченаки таърих хеле кӯтаҳ қомат рост кард, устуворона пеш қадам зад, дар байни миллат ва давлатҳои дигар шинохта шуд, обрӯ ёфт. Ҳамсояҳо, ҷаҳониён тоҷикон ва Тоҷикистонро эҳтиром мекардагӣ шуданд, ҳатто дӯст доштанд. Аз бунёди неругоҳи «Роғун» шод шуданд. Донистанд, ки вай ба онҳо ҳам манфиат мебахшад. Ана акнун бисту ду ҳазор кас, бисту ду ҳазор коргару мутахассис дар ин коргоҳи бузург фаъолият бурда истодаанд-а. Агар хато карда бошам, мебахшӣ, писарам. Пирам, аммо ҳамааша медонам. Пургапӣ шавад ҳам мегӯям, ки ин ҷавонмардро, Эмомалӣ Раҳмонро Хоҷаи Хизр назар кардагӣ. Як ривоят нақл кунам, майлаш? -Бо дилу ҷон гӯш мекунам, бобо. -Гӯш кун, писарам. Подшоҳе аз шикор меомад. Ташна монда буд ва ба деҳаи сари роҳ даромад, ки косае об дарёбад. Дареро кӯфт. Пиразане баромад. Подшоҳ, ки либоси сайёдӣ дошт, нашинохт ва хоҳиши ӯро фаҳмида, ба ҳавлӣ таклиф намуд, пас косае аз кулбааш баровард ва назди буттаи анори шохсоронаш хам аз меваҳои лахчасон сурх рафта, як донаи каллаи ман баринашро фишориду фишорид бо панҷаҳои мисли чангак каҷшуда ва борикаш. Меваи анор чун шафтолуи пухта мулоим шуд ва аз он чанд қатра обе чакид ҳамранги хун. Пиразан ҳарчанд зӯр зад, анор дигар обе надод, афсӯсхурон назди шоҳ омад, пиёларо дароз кард ва гуфт, ки ризқат ҳамин қадар будааст, писарам. Дар замони ҳукмронии он подшоҳ қиматию қаҳтӣ, гуруснагию камбизоатӣ ва ғаму андӯҳу мусибат одамонро ба гирдоби азобу кулфат печонида буд. Пас аз чанд сол шоҳе дигар дар он мамлакат ба тахт менишинад ва ба шикор мебарояд, вақти баргашт ташна мемонад, ба ҳамон дар барои об медарояд. Боз ҳамон пиразан, боз ҳамон анорзор ва соҳибхона косае гирифта, назди буттаи пурмеваи шохсоронаш ба замин хам меояд ва анори каллаи ман баринро мефишорад, ки он лабрез аз шарбати ширину гуворо ва мисли лахчаи ҳезуми зардолу суп-сурх мешавад. Пиразан эҳтиёткунон, калавида қадамзанон рӯйи кафҳо косаи пури оби анор меорад, медиҳад ба подшоҳ ва бо мамнунӣ мегуяд, ки баризқу рӯзӣ будаӣ, писарам, Худо ба ту эҳсон кард, ина бин, насибат лабрез аст. Дар даврони сарварии ин шоҳ серию пурӣ, шодию хурсандӣ ва аз ҳама асосиаш тинҷию амонӣ ҳукмронӣ дошт. Бо диққат гӯш кардӣ-а? Ҳар касе бо ризқу рӯзии худ ба дунё меояд ва он Раззоқи яккаву ягона ва доною тавоно ба ҳар нафар мувофиқи дилу нияташ рӯзу рӯшноӣ, ризқу рӯзӣ ва имконияту шароит ва бахту саодат медиҳад. Мувофиқи дилу нияташ. Фаҳмидӣ-а? Медонӣ, ки чанд сол пеш аҳволамон чи хел буд. Одамон гуруснагӣ мекашиданд, парешон, ноумед ва рӯҳафтодаю ғамзада буданд. Шукр акнун… Ба ин Ватан, ба ин миллат ва Пешвою фарзандони раиятпарвар ҳазор раҳмат! Аз Худованд пайваста талабгорам ва мегӯям, ки ҳамаи мо, Ватанамон, Роғунамонро дар паноҳат то абад нигаҳ дор, дилҳо ва манзилҳои мардум доимо равшан, дастархонашон ҳамеша пур аз нозу неъмат ва пур аз нон бошад. Оъ, одамон, ки серу пур шуданд, хурсандӣ мекунанд-дия. Бештари умри ман дар даврони Ҳукумати Шуравӣ гузаштааст, писарам. Баъзеҳо зиндагии онвақтаро таъриф мекунанд. Ганда набуд. Он давлат аз ҳафтод сол зиёдтар умр дид ва аз ин муддат бештари вақт ба инқилоб, ба мубориза бо аксулинқилобчиҳо, ба таъқиботу тайёрӣ ба муборизаи зидди фашистон, ба набарду ғалаба ва барқароркунии пасазҷангӣ ва ғайраву ҳоказо сарф шуд. Бист солакаш, аз 1970 то 1990 тинҷию оромию серию пурӣ буд. Бист солакаш. Ана имрӯз зиндагия бин, замин, табиат, бойигариҳое, ки дар мо ҳаст… Биё, гап назанам, кӯҳҳо ва рӯдҳо, чашмасорон ва пиряхҳои Тоҷикистон сарвату саодати мо-насли кунунӣ ва ояндагонанд. Ин дороиҳоро бояд оқилона ҳифз намоем ва барои зиндагии осудаҳолонаю хушбахтона истифода барем. Бояд шумоён-ҷавонон, донед, ба дигарон фаҳмонед ва Тоҷикистонро, ки ба ҳамаамон Ватан аст, чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунед. -Гапҳое гуфтед, ки бобо, орзуҳои дили ман ва ҳазорон ҷавонони дигарро ифода мекунанд. Мо-ҷавонон, бобо, бояд аз шумо ба қадри миллату Ватан расидана ёд гирем. Суханҳотона бодиққат гӯш карда, оҳи сабук кашидам. Хайрият, гуфтам ба худ, ба қадри миллат ва Ватану ҳамватан мерасидагӣ одамон зиёданд ва ман ҳам ба онҳо андаке наздикӣ дорам. Агар чунин намебуд, ба Роғун рафта, кор намекардам. Ба наздикӣ, ба қавли шумо, Роғунҷон ба оламу одам неру, нуру ҳарорат ва ҷавонӣ мебахшад. -Эҳ, аз забонакат гардам, аз забонат асал рехта истодааст-ку. Ҳамон рӯз расад, ба ту ҷомаю тоқӣ мепӯшонам. Худо хоҳад, он рӯз наздик омада истодааст ва албатта, фаро мерасаду ин гуфтаи Пешвои миллат: «Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод» амалӣ мегардад. Оре, Ватанамон ба ахтари ҳамеша тобон табдил меёбад, ба ахтари ҳамеша тобон. Акнун ба ман рухсат деҳ, барои пазироӣ ва суханони гарму ҷӯшон ба ту ташаккур изҳор мекунам. Мана анча ҷавон кардӣ. Дилу манзилат ҳамеша мисли Роғун пурнуру гарму бароҳат бошад, писарам. Аммо маро аз ёдат набарор. Ҳамин ки аз Роғун ба рухсатӣ омадӣ, хабар гир. Ҳавлиам дур не. Дар кӯчаи Дӯстӣ, рақами ҳаждаҳ. -Ҳатман хабар мегирам, бобо, акнун бо шумо ҳамфикру дӯстам. Маро ба сифати дӯстатон қабул кунед. Ҳикматшоҳ Ҳакимзода ҷавонмардро бори дигар ба оғӯш кашида, дастонашро фишурд ва ашки чашмон пок карда аз дар баромад. Эҳсос намуд, ки дилаш равшану хурсанд аст ва ба тану пойҳои бемадораш гармии гуворо ва неруи тоза дамидааст. Он рӯз, рӯзи баистифодадиҳии чархи аввали неругоҳи «Роғун» фаро расад, ҳатман ин ҷавонмарда ба манзилаш таклиф карда, дастархон мекушояд. Ҷомаю тоқии Нурия аз сандуқ гирифтамондаро ба ӯ мепӯшонад. Агар ҷавонмард он рӯз дар ҷойи кораш, дар Роғун бошад-чи? Хайр, кадом вақте омада монад, таклиф намудан дер намешавад-ку. Он ҷавони бунёдкори Роғун баъди суҳбат гуфтагист, ки одами пир кӯдак барин беақл мешудааст, ба маънои гапи гуфта ва кори кардааш сарфаҳм намерафтааст. Хайр, гӯяд, гуфтан гирад. Аз ин Ҳикматшоҳ Ҳакимзода зараре нахоҳад дид. Муҳимаш дар бораи бунёди неругоҳ суханҳои даркориро шунида, дилаш равшану бақувват шуд. Охир, сохтани ин иншоот марому мақсади Пешвои миллат буду ҳаст, марому мақсади тамоми тоҷикистониён, аз ҷумла Ҳикматшоҳ Ҳакимзода ҳам. Акнун орзуҳо ҷомаи амал пӯшида истодаанд. Оъ, кайҳо боз вай интизори ҳамин рӯзҳо буд, кайҳо боз тоҷикистониҳо интизори бунёди неругоҳи Роғун буданд. Вай медонад, нағз медонад, ки пештар, дар даврони шӯравӣ ва аввалҳои солҳои истиқлол низ дар бораи зарурати сохтани иншооти мазкур фикру мулоҳизаҳо ва суханони умедворкунанда гуфта мешуданд. Нахустмарҳилаи тарҳррезиаш соли 1930 оғоз ёфта будааст-а! Соли 1974 бошад, лоиҳаи техникиаш аз тарафи Госстройи Иттиҳоди Шуравӣ тасдиқ гардида, соли 1976 корҳои омодагӣ ва бунёди неругоҳ сар мешавад ва бо ҳамин… Баъдан солҳои гуногун ва иҷрои корҳои майда чуйдаи сарам-дилам. Созем, ё насозем. Ба кӣ даркор? Дар хусуси сохтмони неругоҳ аз ҳар тараф монеаҳо ва мушкилиҳо пайдо зада, гап бисёр шуд. Ҳатто баъзеҳо умед канданд, дар ин замонаи мураккаби бархурдҳои сиёсию иқтисодию иҷтимоӣ ва пур аз муборизаҳои манфиатхоҳонаи дигарон бунёди чунин иншооти бузург хеле душвор ва ҳатто имконнопазир аст ва боз ҳам дарди дили кулли ҳамватанонро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ бе сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун ғайриимкон аст». Аҳамияти бунёди ин иншооти азимро барои миллат ва давлати Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аниқ муайян карда, гуфтанд: «Роғун» манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обруи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад». Бо ҳамин сохтмони бузурги аср, иншооти тақдирсоз, неругоҳи ҳаётан муҳим бо маром идома ёфт. Худашон бо азму иродаи шикастнопазир сари чанбари булдозери муқтадир нишаста, пеши талотуми оби Вахши пуртуғёни саркашро бастанд, ром карданд онро ва он лаҳзаҳо Ҳикматшоҳ мижгон таҳ накарда, гӯё тамоми вуҷудаш ба гӯшу чашму ҳуш табдил ёфта, бо диққати том мусиқии форами меҳнатро гӯш карда, манзараи пурҷӯшу хурӯш, рафти корро тамошо намуд ва чанд бор ашк пок кард. Мардуми сарбаланд камари ҳиммату ғайрат баста, аз паси Пешвои худ қадами устувор ниҳод. Мақоли «зӯри мушт дар панҷ ангушт»-ро бо амали сарҷамъона ба ҷаҳониён нишон дод ва мустаҳкаму фанонопазир будани ваҳдати миллатро исбот намуд. Бо ҳамин гуна фикрҳо ва ниятҳои нек ба ҳавлии худ расиданашро надониста монд. -Оҳ-ҳ! Ҳамаи ин чи хел фараҳбахшу гуворост,-андешид ӯ ва вориди манзилаш гардида, бори дигар чеҳраи бунёдкори неругоҳро ёдаш овард. Ба Ҳикматшоҳ Ҳакимзодаи пир, ба пири торикию рӯшноӣ, талхию ширинӣ, пастию баландӣ, омаду ноомад, гармию сардӣ ва шодию ғамҳои дунёро бисёр дидаи акнун умраш ками кам монда як ҷаҳон хурсандӣ ва қувват бахшид сӯҳбат бо он ҷавонмард. Оҳ-ҳ, афсӯс, сад афсӯс, ки вай дар идомаи сохтмони Роғун ва бунёдкориҳои дигари минбаъдаи ҳамватанон аз сабаби нотавонӣ иштирок карда наметавонад. Аз дасташ коре намеояд. Фақат…Фақат…Кош, Худованд ба Ҳакимзодаи пири бемадор як солаки дигар умр ва қувват ато мекард…Роғун рафта, дар оғӯши кӯҳсорон, дар як гӯшаи нообод кохи муҳташами нур бунёд намудани дастони мӯъҷизаофари инсонро медид, рамзи зафар аз болои ҳама гуна мушкилотро тамошо мекард ва беармон аз дунё мерафт. Кош, бори дигар бо яке аз ҳазорон бунёдкорони неругоҳ- Нуриддин Равшанзода вомехӯрду сӯҳбат мекард ва ба вай ҷомаю тоқии ваъдагиро мепӯшонид. Ба ҳар ҳол, мабодо, агар умраш ба интиҳо расида бошад ва мурда монад ҳам беармон аз дунё меравад. Дидан наздик омадааст, ин лаҳзаҳои фараҳбахши зафар, ки тамоми ҳамватанон дар орзуяш буданду интизорӣ мекашиданд, наздик омадааст. Акнун хотирҷамъ аст, хотирҷамъ аз он аст, ки ба фарзандону набераҳо, абераву чабераҳояш, ба авлодаш, ба миллаташ дар чунин айёми ҳазорон сол боз гузаштагони хирадмандамон орзудошта, дар чунин Ватани орому обод зиндагӣ кардан насиб гардидааст. Канӣ Абулқосим Фирдавсӣ, канӣ Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мирсаид Миршакару дигар шоирон, ки дар бораи шоҳи одилу давлати раияташ саодатманд ва қишлоқи тиллоӣ асарҳо навиштаанд. Агар зинда мебуданд…Ин тинҷию осудаҳолӣ, зиндагии серу пур ва зафар аз болои мушкилиҳо ва ҷомаи амал пӯшидани орзуҳояшонро дида, Ҳикматшоҳ барин оҳи сабук мекашиданд. Медиданд, ки қишлоқи тиллоии хаёлкардаашон дар ҳақиқат, ба шаҳри тиллоии Роғун табдил ёфта, рӯзи равшаниву нур фаро омада, пойдевори устувору асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистон гузошта шуд. Ҳикматшоҳ Ҳакимзода тамоми умр барои бо чашмони худ дидани ҳамин рӯз зиста, кор карда, ғам хӯрдааст. Аммо… Ин лаҳза эҳсос кард, ки дилаш торафт равшан, вуҷудаш аз нур пур шуда, дасту пойҳо ва танаш бошад…Бемадор, ҳолати аҷибе, дар умраш бори аввал гирифтор шуда истодааст ба ин гуна ҳолат. Пеши чашмонашро гоҳ-гоҳе сиёҳӣ мегирад. Ин чи гуна ҳолат-а? Умраш ба интиҳо расидагӣ барин. Тавба. Чанд дақиқа пештар аз Худованд талаб карда буд, ки як солаки дигар вақт ва қувват ато кунад, акнун… Илтиҷо, як сол не, як-ду соати дигар муҳлат бидеҳ, Ҳикматшоҳ баистифодадиҳии чархи аввалини Роғунро бубинад. Аммо… Аммо бо ҳамин тамом барин. Ана, фикрҳояш ҳам дарҳам-барҳам шуда истодаанд. Худро ба даст гир, Ҳакимзода! Ё, Аллоҳ, ё Раҳмон, ё Раҳим. Илтиҷо дорам, имонам солим бимонад. Дуойи мани пири бемор ва мирандаро мустаҷоб гардон. Ин лаҳза тавонист тамоми неруи тан ва фикрашро ҷамъ оварда бори дигар иншооти Роғунро пеши назар тасаввур намояд. Ҳамин дам овози шиносе дар гӯшҳояш ҷарангос зад, ки мегуфт: «Халқи бузургвори ман! Хонадони ҳар як фарди ту аз нури «Роғун» то абад равшан, қалби хурду бузурги сокинонат то ҷовидон гарм аз меҳри Ватан бошад!» Вай ҳам пичирросзанон ин суханонро бори дигар такрор намуд ва неругоҳи «Роғун» бо тамоми азаматаш андаруни дилу мағзи сараш ҷо гирифта, дар олами тасаввураш лаҳзае чанд биистод ва баъдан шакл дигар намуда ба Каъба табдил ёфт, аз хонаи Худо амвоҷи нур пош мехӯрд. Чашмони Ҳикматшоҳ Ҳакимзода ғайри рӯшноӣ дигар чизеро намедид. Вай ба худ пайваста талқин менамуд, ки Аллоҳи яккаву ягона, доною тавоно, бахшандаву бахшоянда, самӣ-шунаванда, басир-бинанда, садои дили маро шунида, аҳволи маро дида истодаӣ, ту муҷибӣ, ту иҷобаткунадаи дуойӣ, дар ин гуна ҳолат, дар дами вопасин аз ту талаб мекунам, Тоҷикистони маро, миллати ҷафокашида ва Сарвари сарсупурдаашро дар паноҳат аз ҳамаи офату балоҳои заминӣ ва самовӣ нигаҳ дор. Ин сарзамини муқаддас доимо осмони соф дошта, сабзу хуррам ва ободу шукуфон бошад, то фарзандон, авлодам ва ҳамаи ҳамватанонам дар оғӯшаш бо хотири ҷамъ, оромона, осудаҳолона, саодатмандона зиндагӣ кунанду моро, ҳамаи рафтагони накӯкорро бо некӣ ёдоварӣ намоянд. Орзуҳои Пешво ва ҳамватанонамро, ки боз ҳам тинҷию оромӣ ва ободии сарзамин, саодатмандии миллатанд, ҷомаи амал пӯшон. Ба ҳамаи онҳо саломатӣ, қувват ва ғайрат ато намо, то дар вақти нияткардаашон чархҳои дигари Роғунро ба истифода диҳанд, ба истиффо-о-о-да… Ин дам Нурия хона даромад, ки пирамардро ба тамошои телевизор таклиф кунад. То оғози тантанаи баистифодадиҳии чархи аввали неругоҳ дақиқаҳои башумор мондааст. Ин лаҳзаҳоро кайҳо боз интизор буд бобо, аммо ғанабаш бурдагӣ барин. Дар паҳлуи рахти хоби Ҳикматшоҳ Ҳакимзода ҷомаи бахмали сабз ва тоқӣ меистод, ӯ дасти рост болои ин ду гузошта дар лабон табассум ба хоби ноз фурӯ рафта буд, аммо абера намедонист, намедонист, ки бобояшро хоби ҷовидонӣ бурдааст. Субҳон ЁДГОР |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.