Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БУЛБУЛИ ҲИНДУСТОН

БУЛБУЛИ ҲИНДУСТОН

24-10-2018, 08:58
Хабарро хонданд: 535 нафар
Назарҳо: 0
БУЛБУЛИ ҲИНДУСТОН

Рӯйи гандумгун, пешонаи пурчин, чашмони бодомии ҳанӯз бануру андешаманд, риши хокистарии кӯтоҳакак қайчизадаи кулӯтаи тор-тор сафед, тоқии чоргули хуҷандидӯхташ Аҳмад- боборо дар назар як пирамарди хоса ҷиддинамою дарундор намоён кунанд ҳам, дили нарму ҳасос, лафзи шевою ширин, ҳаракатҳои ба андоми пиронааш шинаму муносибе дорад ва баъзан чунон ҳазлҳое мекунад, ки ба қабулашон ақли кас намегирад. Не, вай амсоли аксиячию ҳазлбозоне, ки миёни қӯри суҳбат ё дар раҳу рӯ шингиле партофта, хомӯш мешаванду мераванд ва худи фардо фаромӯш мекунанд, нест. Аҳмад-бобо солхӯрда бошад ҳам, ба қавле, ҳазлбози нав ва тамоман дигар аст. Дигаре, ки ҳар як кардаю гуфтааш солҳои сол аз хотир сутурда намешавад.
Мана, се рӯз пеш бобо чунон як коре, чунон як коре кард, ки мардуми як маҳаллаи калони шаҳри калонро ба по хезонд. Ҳамсояи девордармиёни Аҳмад-бобо муаллим Мирзо Камол ин амали пирамардро хуш пазируфта, ақида кардааст, ки он бешакку шубҳа дар таърих мемонад. Баъзе ҳаммаҳаллаҳо солшумориро ( ту гӯйӣ то ин дам вуҷуд надошт) аз рӯзи воқеаи бобо сар карда, «чашми духтарам ҳамон рӯза шабаш равшан шуд» ё «домод вақти бобои Аҳмад дар чойхона нишастан ба Маскав парид» гуфта, одитарин бахши хотирнишини ҳаёти ҳамонрӯзаашонро ба он таърих сахт марбут дониста, нисбат медоданд. Албатта, мумкин буд Аҳмадбобо ин ҳазлашро накунад. Вай аксар вақт ба кӯтоҳақлону кӯтоҳбинон гузашт карда метавонист. Вале ҳамон рӯзи шарифи ҷумъа димоғи пирамардро сӯзанданд, сахт сӯзонданд.
Ҳамон саҳарӣ бобо аз рӯи одат барвақт аз хоб хеста, таҳорат карду намоз хонд. Пас, ба оғил даромада, ба гӯсфанде, ки зимистон, вақти арзонии мол, бо андак захирааш аз бозор харида буду ба умеди нишотбахши набераи аввалинашро дар охири ҳамин баҳор, гоҳи бозгашт аз аскарӣ, муносиб пешвоз гирифтан парво мекард, ему об монда, баданашро қашав зад ва ба кӯча баромад.
Дар сар то сари шаҳр ва талу теппаҳои ҳамшафати он баҳори хурраму зебоманзар ҳукм меронд. Парандагони сабукбол дар танаву навдаҳои дарахтони қоматбаланди ду тарафи роҳи кӯчаҳо ва осмони мусаффои болои шаҳр чув-чуву чириқ-чириқкунон озодона сайругашт доштанд. Қад-қади алафзори пуштаи тали ҷониби машриқ аспи сафеде гӯиё баъди гузашти сармои сахт, дер боз набаромадан аз зери собот ва ҷудоию маҳрумиятҳои дурмадароз ҷуфти худро кофта-кофта ҳамин ҷо ёфта бошад, мастона шиҳакашон рӯболо медавид. Растаҳои тозаву озода, ки чашми пирамард аз тамошояшон об мехӯрд ва насими руҳбахш, ки тораҳои риши кулӯтаашро дар панҷаи худ навозишкорона бозӣ медоронд, табъи ӯро болонда, дар сараш хаёлоти хуш – ёди рӯзҳои гузаштаро бедор мекарданд.
Вай аз худу ин дунёяш розист. Ҳарчӣ, ки барои одамон аз дасташ омад, дареғ надошт: Бинокор буд – ба мардум хонаю ҷой сохта дод, бо душман дастбагиребон шуд – Ватанро озод кард, аз майдони ҷанг бо сари баланду сари синаи пур аз ордену медал баргашта, дар фабрикаи «Армуғон» ба шуғли рангуборчигӣ пардохт – одамон гулҳои ба туҳфаҳо партофтаашро дида, ҷаҳон-ҷаҳон завқ мебурданд. То нафақа дар ҳамин корхона буд. Баъд, ӯро бо хоҳиши худаш «Дам гиред, давлати пирӣ ронед» гуфта, баобрӯ гуселонданд. Чӣ кунад, ки умри як одам ба саранҷоми кори дунё намерасад? Агар мерасид, боз кори бисёре мекард. Афсӯс…
Вай ба Панҷшанбебозор даромада, аз миёни растаи гулфурӯшон димоғашро муаттар карда гузашт ва ба рост гашта, ба чойхонаи кунҷакӣ омад. Он ҷо дӯстонаш, мӯйсафедҳо, ӯро интизор буданд.
Ӯро қариб ҳама ҳамсолон, онҳое, ки гарму сарди зиндагӣ дида, солҳои дароз дар як маҳалла ба ғаму шодии ҳамдигар баробар шарик буданд, ҳурмат мекарданд ва бародарвор дӯст медоштанд. Гоҳе ки дар маъракаҳо аз чихела одам будани Аҳмад-бобо гап мехест, «Якумр аз пушти меҳнати ҳаққу ҳалолаш нон хӯрдагӣ» мегуфтанд пирони маҳалла дар ҳозиру ғоибаш бо эҳтироми тамом ва ба шахси суолкарда бо назари тааҷҷуб менигаристанд: «Шумо, чӣ, инҷойӣ нестед? Намедонед магар?» Ва аз рӯзгори мозии бобо бо ҳарорату самимият ҳарф мезаданд.
Аҳмад-бобо ҳам ба пиракиҳои ҳамсинну солаш меҳру муҳаббати хоса дорад. Саҳару бегоҳ дар чойхонаи Шайх Муслиҳиддин дар суҳбати онҳо нишастан, аз ину он чақ-чақу ҳазлу шӯхӣ кардан, хониши кабку бедонаҳои дохили қафас ба хавозаи ангур овезони чойхоначии мисли худаш куҳансол Мирсолеҳро шунидан ба ӯ кайфияти аҷибе мебахшанд, руҳашро мебардоранд. Лекин, гап байни худамон, вақтҳои охир рафтори баъзе пирамардони ҳамнишинаш ба бобо сахт мерасад, ғазабашро меорад. Пирию хартозӣ. Чанд тан аз нафақахӯрони давраи онҳо ҳамин шабу рӯз расо парандадӯст шуда монданд. Бобо шунида буд, ки дирӯз мӯйсафед Қурдат пинҳонӣ ба яке аз дараҳои хилвати доманаи кӯҳи Муғул бедонаашро ба ҷанг бурда, ҳазор сӯм бурида, ҳазор сӯм бохтааст. Аҳмад-бобо ба ин пастфитратӣ тоб оварда наметавонист. Хост таноби Қудратро кашад.
- Ҳай-яй-яй! Бешафқат, бераҳм будаӣ, Қудратчол. Як ба афти бедонаи бечора нигар. Номусулмон одам ин кора намекунад. Худата ҳамту зада, сару гарданата ба хун меҷӯлонданд, баъд қадри ин ҷонварба мерасидӣ, - гуфт Аҳмад-бобо.
- Ҳеҷ, корат чӣ? Ҳар кимба шуғлаш ҳай. Ту бедоная нағз набинӣ, мо гунаҳгор-мӣ? Бозиаш туба нафорад, дигарҳоба маъқул. Ту худата дон, - паст наомада ранҷид Қудрат.
- Ту дар ишқи бедона не, дар ишқи пул! – бо ғазаб гуфт Аҳмад-бобо. – Кошки ҷойи сарф кардани вая ҳам медонистӣ! Мастигариат шаҳрба овоза шуд. Чанд бор ба ҳушёрхона ҳам афтодӣ. Ту барин пиракиба арақхӯрия кӣ мондааст? Оилет вайрон шуд. Яккаписарат аз хонет баромада рафт… Аз вай дида фикри фардоята кун, шукри замонаи серию пурӣ гӯй, ҷавонҳоба ибрат шав.
- Э, рав, э! Насиҳат ҳунари ту.
- Туба гап ҳаром! Ту катӣ шиштан ҳам ҳаром!
Аҳмад-бобо бо ҷаҳл аз кат фуромада, аз чойхона рафтанӣ шуд.
-Ий-эъ! Истед, қудоҷон, истед! – саросема аз болои кат ҷаҳида, пеши роҳи боборо баст пирамард Комил. – Чӣ шуд ба Шумо? Ин хел набудед-ку? Гашта шинед. Хуб не қаҳр карда рафтанатон. Ана, ба вай ҷавонҳо як нигаред, - бо сар ба кати муқобил ишора партофт пиракӣ – Айб мекунанд. «Буду шудаш дар маҳалла чорта мӯйсафеду муноқишаю хархашаашонро бинед!» мегӯянд. Шинед, қудоҷон, шинед… Ана, аз паҳлуи худакам.
Аҳмад-бобо маҷбур баргашта, лаби кат дам ба дарун зада, амонат нишаст. Қиёфаи бе ин ҳам ҷиддии пиронааш ҷиддитар менамуд. Пӯсти пурчини пешонааш ламида, абрӯвонаш дамида, ба болои чашмонаш фуромада меистоданд. Димоғи пирамард сӯхта, дуд мекард. Ҳарчанд улфатҳо ӯро ба суҳбат кашиданӣ, аз ҳазлҳояш лаззат бурданӣ шаванд ҳам, дигар ёрои суҳбат надошт. Шояд барои ором кардани асаб бошад, риши хокистариашро дар қабзаи даст молиш дода, хомӯш менишаст.
Баъде ки шом дар болои шаҳри калон хайма заду тунук торикӣ хамбид, пиракиҳо кати чойхонаро тарк карда, ба кӯча баромаданд, мӯйсафед Комил аз паҳлуи Аҳмад-бобо роҳравон даст ба китфи ӯ монда, дӯсташро тасаллӣ дод.
- Хафа нашавед, қудоҷон. Вая худатон нағз медонед-ку. Одати бад- балои ҷон.
- Аҳ! – даст афшонд Аҳмад-бобо, - аз вай аклаша хӯрдагӣ одам ранҷад чию наранҷад чӣ. Аздусар бефоида, - ва хаёломез табассум кард, ончунон табассум кард, ки агар рӯзи равшан мешуд, кас медид, ки лабонаш шукуфта, дандонҳои садафинаш чӣ гуна намудор шуданд. – Лекин ман вая ин кораш катӣ як боб карда мемонам. Расо аз худ рафтагӣ вай.
- Ҳа, майлаш. Боб кунед, қудоҷон, - дили дӯсташро бекудурат ёфта, шодона гуфт Комил
… ва ин дам ба ёди Аҳмад-бобо дӯсти қадрдони давраи кӯдакию наврасӣ ва ҳамнабардаш мӯйсафед Иброҳим, боғу ҳавлии калон ва парандаву чарандаҳои ӯ дар канори шаҳр расиду гӯиё як чизи бақадру қимати гумкардаашро ёфта бошад, баҳри дилаш батамом кушода шуд, дар лабонаш боз табассуми нозуке падид омад.
Рӯзи дигар саҳари барвақт Аҳмад-бобо роҳи Гулбоғро пеш гирифт. Дӯсташ Иброҳими аёлманд, муаллими биология дар ҳамин деҳа зиндагӣ мекард. Иброҳим аввалҳо бо падару модараш дар шаҳр, дар маҳаллаи Аҳмадино мезист. Баъди аз деҳа зан гирифтанаш бо раъю ташвиқи зану хусуру хушдоманаш буд ё хоҳиши дили худаш, ки зиндагии деҳаро авло донист. Пас, гоҳе ки ҷанг сар шуд, Иброҳим аз деҳа ба ҷанг рафту Аҳмад аз шаҳр. Насиби зиндагӣ будааст, ки ҳарчанд ҳарду ҳам дар бадан се-чортогӣ тир хӯрданд, намурда, зинда баргаштанд.
Иброҳим дӯсташро бағалкушо, риши сафед ба ришаш расонда, самимона пешвоз гирифт. Дар кати дохили боғаш шинонда, ҳолу аҳвол пурсид, бо шӯрбою палави равғанаш аз зағиру гӯшташ аз мурғи марҷон зиёфат кард. Ҳарду гузаштаву имрӯзаро тагурӯ оварда, дурудароз нишастанд. Ва пас, вақте ки шом фаро расиду Аҳмад-бобо моили бозгашт ба шаҳр сари мақсад омад, Иброҳим тамоман ҳайрон шуд.
- О, ҷӯра, - худро аз ханда боздошта натавониста, мегуфт ӯ қафас дар даст хоҳиши дӯсташро ба ҷо оварда, - ту аз ман гову гӯсфанд талаб кун, ҳеҷ набошад, ана аз ин мурғҳои марҷон ё товусҳо гирифта бар. Наход, ки…
- Ташаккур, дӯстам. Ҳамин хурдакакаш лозим шуда монд. Лекин, майлаш, ҳимматат ин қадар баланд бошад, парво накун, навбат ба мурғи марҷону товус ҳам мерасад, - риш дар қабзаи даст, гапро ба ҳазл кашида, худро аз хиҷолат вораҳонд Аҳмад-бобо ва қафасро аз гӯшаи кат бардошта, ба дӯсташ хайрбод гуфт.
Рафтори Аҳмад-бобо дар ду рӯзи охир ҳақиқатан дигар шуда буд. Пирамард дирӯз дӯсташ Иброҳимро дар тааҷҷуб андохта бошад, имрӯз кампирашро моту мабҳут гардонд. Дамдуздию хотирпарешониаш як тараф, ин пагоҳӣ барвақт, баъде ки ба бозор рафта омаду болои кати рӯйи ҳавлӣ нишаста, аз кампираш оби гарм, равғани зағир ва қафаси дирӯз аз деҳа овардаашро хост, вай тамоман гаранг шуд.
- Саҳар вақтатон набуд-чӣ? Акнун дасту рӯй мешуед? Вай равған ба чӣ даркор?
- Корат набошад, кампир. Биёр гуфтам, биёр! – бозарда гуфт Аҳмад-бобо ва ба кор омода шуд.
Кампир бо дили нохоҳаму ғур-ғур фармудаҳои мӯйсафедашро омода карду ҷорӯб ба даст гирифта, ба ҳавлирӯбӣ даромад. Вай ҳеҷ фаҳмида наметавонист, ки мӯйсафедаш дар дил чӣ ният дорад. Барои ҳамин ҷорӯб зада истода, ҳар як ҳаракати ӯро ба таври худ «таъқиб» мекард.
- Вой, ман мурам! Пир шуда, девона шудед-чӣ? Ин чӣ коратон? – шӯрид кампир, баъде ки аз шуғли нави чолаш огоҳӣ ёфт.
- Гуфтам-ку, халал нарасон, - орому хаёлманд саҳл табассум карда, ҷавоб дод пирамард. – Зан мардум ба ҳар кори мард қатӣ шудан гирад, дунё ба охир мерасад. Аз ҳавлирӯбиат намон. Кори Шумо ҳам ба ҳавлирӯби ман набошад! – бо ароз гуфт кампир беихтиёр ҷорӯбзаниашро давом дода.
То Аҳмад-бобо кори «муҳим»-ашро ба охир расонд, то чошт хӯрд, то намози зуҳр хонд ва то ба гӯсфанди парвоияш коҳу кунҷораву об дода, баданашро қишав зад, ки қурси офтоб ба болои қаторкӯҳҳои Муғул хамбид, рӯз ба бегоҳ моил шуд. Кафтарҳои шаҳрӣ аз сафари дуру наздик ба порисахонаҳо баргаштанд.
Вай тағйири либос карда, қафас дар даст аз ҳавлӣ баромаду аз пайроҳаи гузар оҳиста-оҳиста қадамзанон сӯйи чойхона пай сипарид. Табъаш чоқ буд ва ин табъчоқии худро пинҳон дошта натавониста, хаёле зери лаб табассум карда мемонд. Димоғашро нафаси серуни кӯҳи наздики алафпӯш, рутубати руҳафзои дарёи Сир форам мехорониданд.
- Ҳа… Насиб бошад, ҳоло рафта, ту чоли ҳаромхӯрро чунон бобкунам, чунон боб кунам, ки то охири умрат аз хотират набарорӣ, - қиёфаи коҳидаю айёронаи пиракӣ Қудратро пеши назар оварда, худ ба худ мегуфт ӯ. – Беинсоф. Он пулҳои ҳароме, ки ту имрӯз аз ҳисоби ҷанг андохтани ҷонваракони бегуноҳ мегирӣ, пагоҳ таги хоки лаҳадат кирм шуда, пӯсту устухонатро мехӯранд. Ин кирдори ту беҷазо намемонад. Худо ҳамабин, ҳамаашро мебинад…
Вақте ки Аҳмад-бобо аз дари чойхона даромад, ҷӯраҳои рӯйи кати кунҷӣ нишасташ ӯро дидан замон бо чеҳраи кушод ба истиқболаш хестанд ва якбора… чашми ҳайрати ҳама ба қафаси дар даст овезони ӯ дӯхта шуданд. Пирамард ба ҳар кадом алоҳида даст дода, салому аҳволпурсӣ карду гузашта аз боло, ба ҷойи ҳаррӯзаш нишаст. Чунон бепарво, чунон бепарво нишаст, ки гӯиё аз дунё хабаре надошта бошад. Улфатҳо акнун гоҳ ба парандаҳои зебои афсонавии дохили қафас дар ҷунбуҷул менигаристанду гоҳ ба чеҳраи осуданамои Аҳмад-бобо.
- Эҳ-ҳа! Муборак шавад, қудо! – чашм аз қафас наканда, Аҳмад-боборо табрик гуфт пирамард Комил. – Парандабоз шудаед-ку? Мебахшед, ҳарчанд зеҳн монам, ҳеҷ чӣ ҷонвар буданашонро фаҳмида натавониста истодам. Инзайлин ҷонвараконро дар умри сарам бори аввал мебинам, е! Чӣ инҳо?
- Булбули Ҳиндустон, - кӯтоҳ ҷавоб дод Аҳмад-бобо.
- Наход? Аҷиб-ку? Ваҳ-ваҳ! Паранда ҳам ин қадар хушрӯ мешудааст? Ина бинед, а: Нӯл сурх, қанотҳо сабз, ишкамчеш зард… Зеботарин булбул будагист ин дар дунё, - мегуфт Комили мӯйсафед бо чигуна як ҳайрате қафас ба даст гирифта ва ба рӯйи қудояш менигаристу ширин табассум мекард.
Қафас аз даст ба даст мегузашт. Аксарият дуборӣ ва ҳатто баъзеҳо себорӣ ҷонваракони назаррабои дохили қафасро ба чашм наздик бурда, тамошо мекарданд.
- Валлоҳ, Аҳмадҷон, инҳоро аз куҷо ёфтед? – пурсид яке аз мӯйсафедон.
- Аз бозор харидам, -гуфт Аҳмад-бобо қиёфаи бепарвои худро заррае тағйир надода.
- Расо қимат будагист. Яктааш чанд пул? – зуд дубора пурсид ҳамон пирамард.
- Қимат не. Панҷоҳсӯмӣ пурсид, ба чиҳил фуроварда гирифтам. Ҳардуяш ҳаштод сӯм.
-Ӯҳу, яктааш чиҳил сӯму боз арзон мегӯед, а. Қимат аз ин намегузарад.
- Парандаи нодир-дия! – хулоса кард пирамарди дигаре, ки дар рӯйи калонаш риши пахта барин сап-сафеди калон дошт ва аз ҳама нишастагон калонсолтар менамуд. – Чизи нодир баҳо надорад.
- Ҳа, ҳақиқатан нодир. Сад бедонаро фурӯхта, яктаи ҳаминро ёфта гирӣ, пушаймон намешавӣ, - гуфт мутафаккирона мӯйсафед Комил.
Қудрати бедонабоз бо чунин як таваҷҷуҳу ҳайронӣ ба ҷонваракони дохили қафас менигарист, ки худаш бехабар аз даҳони кушодааш об мешорид.
- Мехонад? – пурсид боз яке аз мӯйсафедон.
- Албатта. Саҳари барвақт бисёр мехонад, - гуфт Аҳмад-бобо. – Овозаш чунон форам, чунон форам, ки кас аз шуниданаш ҳеҷ дил канда наметавонад.
- Гӯш кунед, қудоҷон, - ба Аҳмад-бобо рӯ оварда, пас, аз дигарон пинҳонӣ маънидор чашмак зад пирамард Комил. – Ҷояша гӯед, ман ҳам рафта дутеша мегирам. Дар сари пирӣ чота овозаша шунида, ҳузуру ҳаловат кунам, ҷӯра.
- Ёфтанаш ҷудо ҳам душвор, - гуфт Аҳмад-бобо. – Тасодуф сари бозор дучор шуда монд. Вай, ҷавонмард, худаш, «Ман аз Шайдон» гуфт-мӣ, аз куҷо гуфт, нағз ёдамба нест. Шаҳрӣ не.
- Афсӯс, - бо ҳасрат даст ба зону зад пирамард Комил. – Ба ин булбулак як хум тилло ҳам арзон. Эҳ, агар меёфтам…
- Хайр, ғам нахӯред, қудо. Майлаш, яктеша Шумоба мебахшам, - ҳимматбаландона гуфт Аҳмад-бобо.
- Раҳмат, қудоҷон, - миннатдорона гуфт Комил-чол ва дар лабонаш табассуми ҳалиме дамид.
- Биё, ба ман фурӯш, - ногоҳ бо як азми ҷазм, гардани рагу мушакҳояш тарангро ба пеш ёзонд пирамард Қудрат.
- Ту булбула чӣ мекунӣ? Туба бедона бошад, - нописандона ғурунгид Аҳмад-бобо, агарчӣ ҳамин лаҳзаро кайҳо боз интизор буд.
- Ҳа, рост. Туя садқаи булбул кунад! – гуфт муғамбирона мӯйсафед Комил, пичинги қудояшро қувват дода.
- Монед, таъна назанед, Комилбой. Ман харидор. Чиҳилсӯмӣ гирифта бошад, панҷоҳсӯмӣ медиҳам, - дубора қӯра партофт Қудрат.
- Садсӯмӣ ҳам гӯӣ, туба намедиҳад! – паст наомад Комили мӯйсафед.
Қудрат музтар монд. Дарк кард, ки Комил чиро дар назар дорад. Вай димоғсӯзии пареррӯзаашонро бо Аҳмад-бобо ба хотир оварда, алам кашид.
- Валлоҳ, ба ту ҳайфам меояд, Қудрат, - таасссуфхӯрон гуфт яке аз улфатҳо. – Дар таги кисет як тин надорию боз ту булбули Ҳиндустон хариданӣ. Чӣ ҳавои даҳан мекунӣ?
- Надорам? Ана пул! – мӯйсафед намоишкорона як даста пулро аз киса бароварда, рӯйи қолин партофт.
Ҳама хомӯш монданд.
- Чанд сӯм медиҳӣ? – ногаҳон аз ҷаҳл фуромада, ба савдо гузашт қудои Аҳмад-бобо пиракӣ Комил. – Майлаш, яктеш ба ман бахшидагӣ-ку, аз баҳраш баромадам.
- Чанде ки гӯед.
- Сад мешавад?
- Ба дуяш-мӣ?
- Ҳа, ба ҳардуяш.
- Мешавад. Фурӯшед, Аҳмадҷон, фурӯшед. Як бор мо кафил шудем, не нагӯед.
Аҳмад-бобо сар поин афканда, гӯиё ба андеша рафт. Чуқур ба андеша рафт. Андешааш тӯл кашид. Ҳозирон интизор буданд: Ҳозир пиракӣ Аҳмад сар мебардораду рост ба чашмони мӯйсафед Қудрат нигоҳ карда, мегӯяд: «Не, Қудрат! Ба ту савдо ҳаром. Дафъ шав бо пулат! Ба чашмам нанамо!»
Вале баракси чашмдошти ҳама Аҳмад-бобо оҳиста сар бардошту мулоим табассум кард:
- Майлаш, ба хотири Шумо, қудо. Лекин ба як шарт.
- Боз чӣ шарт? – бетоқат шуд Қудрат.
- Ман пул намегирам. Пул даркор не . Шарт ҳамин, ки ҳозир рафта, аз бозор ба ҳар чаҳорамон як ҷуфтӣ калушу маҳсӣ харида тияд, шуд.
- Эҳ, хез Қудрат!
- Зуд бош, ки боз Аҳмадҷон аз савдояш пушаймон нашавад! – ӯро ҳадаҳа карданд улфатҳо.
- Булбули Ҳиндустон... бедона не ин ба ту.
Тахмин баъд аз як соат ҳар чаҳор мӯйсафедони чойхонанишини маҳалла калушу маҳсии наппа-нав зери каш бо табъи чоқ аз чойхона берун шуданд. Хурсандии Қудрати мӯйсафед ҳам интиҳо надошт.
«- Худо хоҳад, ҳар роҳ қатӣ ризқа додан мегирад. Ту, Аҳмад, аҳмақ, аз росткориат намон. Росткорӣ гуфта, мурда рав. Расо боб кардам, а? Бин чӣ хел? Шаст сӯм ҳам харҷ нашуд. Пагоҳ дар бозор вай пул як тин кам не, ду баробар шуда, ба киса медарояд…» - миёни пардаи нимторики шом қафас дар даст ба сӯйи ҳавлиаш равон бо ҳаловат аз дил мегузаронд мӯйсафед.
Вай ба хонааш расида, дар равшани чароғ аз миёни панҷараи қафас ҳусни беҳамтои парандагони хушхисолро тамошо карду завқ бурд, дурудароз ба серӣ тамошо карду завқ бурд. Ва ниҳоят, гоҳе ки шаб аз нисф гузашта, ба ҷонваракон обу дон дода ( то пагоҳ фарбеҳтар шаванд) , қафасро саҳни ҳавлӣ ба ҷойи баландтарини бари сутуни хавозаи ангур овехта монд ва дарвозаи ҳавлиро аз дарун қулф зада ( аз чашми дуздон ҳазар), ба хоб рафт. Ӯро пагоҳ барвақт бозори калони шаҳри калон интизор буд…
… Аммо саҳарии солеҳони рӯзи дигар доду фарёду ҳақоратгӯиҳои нобаҳангоми пиракӣ Қудрат аз саҳни ҳавлиаш гӯши ҳамсояҳоро ба қомат овард. Шаби баҳор нохост борон зада, ҳама чизи дар берун мондаро тоб-тоза шуста буд. Вақте ки мӯйсафед Қудрат ба бозорравӣ омода шуда, қафас аз сутуни хавоза мегирифт, дид, ки ба ҷойи ду булбули дар зебоӣ беамсоли Ҳиндустон дар кунҷакҳои дохили қафас аз хунукӣ паноҳ бурдаю қанотҳои худро ба танашон ҷафс карда, дир-дир ларзида, ду гунҷишкаки одии назарногир меистад. Ва аз таги қафас қатра-қатра оби ранголуд ба замин мечакад

Неъматулло Худойбахш
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: