Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хайём ва «Титаник»

Хайём ва «Титаник»

9-01-2019, 08:30
Хабарро хонданд: 617 нафар
Назарҳо: 0
        Хайём ва «Титаник»

Дар қарни 19 аз Эрон ба Англия пинҳонӣ дастхати нодири Умари Хайём бурда шуд. Хусусияти ин дастхат дар он буд, ки он дар муқоваи қимат корбаст ва бо якуним ҳазор сангҳои гаронбаҳо оро дода шуда буд.
Бо сангҳои қиматбаҳо ва тиллову нуқра оро додани дастхатҳои шоирони маҳбуб хоси миллатҳои эронинажод буд. Дастхати нодири Хайём бо тамоми маънояш бебаҳо буд.
Соҳиби он мехост ин дастхати нодирро ба Амрико бубарад, аммо бо сабабҳои номаълум ин амалро ба таъхир мегузошт.
Дар оғози қарни 20 дар шаҳри Белфасти Британия киштии бузурге сохта шуд, ки нисбати он соҳибонаш чунин мегуфтанд: «ин киштиро ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ғарқ карда наметавонад».
Соҳиби дастхати Хайём ба қароре омад, ки акнун ӯ бидуни хатар ин асари нодирро метавонад ба Амрико барад. Киштӣ «Титаник» ном дошт…
Аз соли 1987 то 2002 ширкати амрикоии RMS Titanic ба қаъри уқёнуси Атлантик 6 экспедитсия доир намуда, ба назди «Титаник» фаромад. Аз киштии ғарқшуда зиёда аз 6 ҳазор ашё бо маблағи умумии 110 миллион доллар бароварда шуд.
Аммо дастхати Хайёми бузург, эҳтимолан, то ҳол дар яке аз ҳуҷраҳои бизнес-класси «Титаник» дар қаъри баҳр маҳфуз ва соати раҳоии худро интизор аст…
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: