Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Миср боқимондаҳои киштии 4,5 ҳазорсоларо пайдо намуданд

Дар Миср боқимондаҳои киштии 4,5 ҳазорсоларо пайдо намуданд

8-02-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 537 нафар
Назарҳо: 0
Дар Миср боқимондаҳои киштии 4,5 ҳазорсоларо пайдо намуданд- Ҳафриётчиён (археолог)-ҳои чех дар минтақаи Абу Сейр, ҷанубтари шаҳри Қоҳираи Миср боқимондаҳои киштии қадимаи чӯбиеро дарёфт намуданд, ки синнаш ба камӣ 4,5 ҳазор сол тахмин мешавад,- гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати осори қадима ва фарҳангии Миср.

Бозёфт дар наздикии марқад, ки номи илмии «мастаба AS 54» дорад, ҷойгир шудааст ва марқади (қабр)- и мазкур, аз рӯйи тахминҳо ба як ашрофзодаи замони ҳукмронии сулолаҳои 3 ё 4-и фиръавнҳо (2500-2550 сол то милод) тааллуқ дорад.

Киштӣ, ки гумон аст дар гӯр кардани шахси воломақом истифода шудааст, соли 2015 ҳангоми корҳои ҳафриётӣ дар марқади қадима ёфт шуд. Айни замон ба олимон муяссар гардид, ки баъзе қисмҳои ин киштии чӯбини 18-метраро тоза кунанд. Ҳамчунин боқимондаҳои бандҳои он, ки қисмҳои мухталифи киштиро ба ҳам мепайвастанд, низ пайдо гардиданд.

Тибқи иттилои вазорати мисрӣ, бозёфти ҳафриётчиёни чех метавонанд тасаввуроти олимонро нисбати ҳаёти Мисри Қадим зиёд кунанд.
©Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: