Дар Ҳиндустон дастнависи Ҳофиз дарёфт гардид23-08-2017, 14:06
Хабарро хонданд: 353 нафар
Назарҳо: 0
Гурӯҳи олимони ҳиндустонӣ, ки дар Ҷамъияти Осиёӣ, воқеъ дар Донишгоҳи шарқшиносии шаҳри Калкуттаи ин кишвар фаъолият доранд, дастнависи «Девон»-и Ҳофизи Шерозиро пайдо карданд, ки 700-сола аст. Дар ин хусус рӯзномаи The Times of India хабар дод. Дар ин дастхати қадима имзо ва рамзи заррини Шоҳиҷаҳони 1, подшоҳи Империяи Муғулҳои Бузург, ки аз соли 1628 то 1658 ҳукм рондаву Тоҷмаҳали машҳурро сохтааст, насб шудааст. Ҳофизи Бузург хеле пеш аз Шоҳиҷаҳон ба сар бурдаву эҷод кардааст, аммо рамзи заррин шаҳодат аз он медиҳад, ки дастхати бо навиштаҷоти каллиграфӣ орододашуда дар китобхонаи ҳоким маҳфуз буд. Ҳамин, ки аз пайдоиши дастхат маълум гардид, бисёре аз олимон ва адабиётшиносон махсус ба Калкутта омаданд, то ин ки ин бозёфти қадимаеро, ки айни замон дар осорхонаи Ҷамъияти Осиёӣ қарор дорад, бо чашми худ бубинанд. Гуфта мешавад, пажӯҳишгарони Ҷамъияти Осиёӣ ҳангоми омӯзиши осори Мирзо Ғолиб, ки бо забонҳои форсиву урду эҷод мекард, тасодуфан ба ин бозёфти арзишманд рӯ ба рӯ гардиданд: -Ҳангоме олимони мо, ки бо забони форсӣ машғул ҳастанд, ин манускриптро ёфтанд, онҳо мабҳут гардиданд. Дастхат аз Мирзо Ғолиб қариб 500 сол бузургтар аст,- мегӯяд таърихнигор Рамкришна Чаттерҷӣ. Дастхати ба ин монанд дар китобхонаи Худойбахши шаҳри Патнаи кишвар маҳфуз аст. -Ҳофиз шахсан зиёда аз 500 ғазал навиштааст. Баъд аз марги ӯ бархе аз шогирдонаш ашъорашро бо мақсади паҳн намудан нусхабардорӣ намуданд. Нусхаҳои пешинаи «Девон»-и Ҳофиз ҳаммонанданд, аммо чун дар дастхати пайдогардида ғазали то ин замон номаълуми интишорнашуда ҳаст, аслияти он зери шубҳа гузошта намешавад,-иброз дошт профессори адабиёти форсии Донишгоҳи Мэриленди ИМА Аҳмад Карим Ҳаккок. Ягона суоле, ки пешорӯи таҳқиқгарон истодааст-барои чӣ дар дастхат имзои Шоҳиҷаҳон аст, агар ба назар онро гирифт, ки Ҳофиз хеле пеш аз ин ҳокими машҳури ҳинду ба сар бурдааст? Ба гуфтаи Аҳмад Карим Ҳаккок, оғоз намуда аз Ҳумоюн, подшоҳи дуввуми Империяи Муғулҳои Бузург, ҳокимони ин сулола дастхатҳои шоирони форсро ҷамъоварӣ мекарданд, ки садрнишинашон Ҳофизи Шерозӣ буд. Ҳокимон дастхатҳои нодирро ба ҳамтоёнашон тақдим мекарданд, ҳангоми моҷарову ҷангҳо китобхонаҳо аксаран вақт ғорат карда мешуданд, аз ҳамин сабаб осори арзишманди гуногун аз ҷое ба ҷое «кӯч мебастанд». Ин бозёфти ҷадид дастоварде дар илму адаби форсӣ ва ҷаҳонӣ буда, аҳамияти бузургро дорост. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.