Вохӯрии гуруҳи таблиғотӣ бо занони фаъол дар маҳаллаҳои ба номи У.Хайём ва Ваҳдат17-03-2016, 11:03
Хабарро хонданд: 280 нафар
Назарҳо: 0
Гуруҳи таблиғотӣ бо мақсади омода ва огаҳ намудани шаҳрвандон аз баргузории раъйпурсии умумихалқӣ, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 22 майи соли ҷорӣ баргузор мегардад, вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар ин вохӯрӣ сараввал узви КИМ ҲХДТ С.Қосимова баромад намуда, аз занону модарон даъват ба амал овард, ки иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» диққати авалиндараҷа дода шавад. Баъд аз он раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Т. Наҷидуллоев ҳозиринро бо муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи иҷрои онро фаҳмонида дод. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.