Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РОҒУН – ХУРШЕДЕ БАР ФАРОЗИ МАШРИҚЗАМИН

РОҒУН – ХУРШЕДЕ БАР ФАРОЗИ МАШРИҚЗАМИН

19-12-2018, 08:32
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
РОҒУН – ХУРШЕДЕ БАР  ФАРОЗИ МАШРИҚЗАМИН
Инсоният дар сабоҳи таърихи хеш нуру рӯшноӣ ва оташу офтобро муқаддас меҳисобид. Аввалин шарорае, ки аз бархӯрдани ду санг падид омад ва сипас аз он оташ бархост дар ҳаёти одамизод нақши бузурге бозид. Ниёгони ориёии мо тамоми сол оташкадаҳоро фурӯзон нигоҳ медоштанд, ҷашнҳои Наврӯзу Садаро бо оташафрӯзиҳои бошукӯҳ таҷлил мекарданд, ки он рамзи муқаддас доштани нуру рӯшноӣ буд.
Инсоният дар сайри таърихии хеш оқибат ба асре расид, ки дар партави донишу хирад неруи барқ кашф гардид ва аз қувваи об нур тавлид гашт. Ин кашфиёти беназир рӯзгори башариятро ба куллӣ дигаргун сохт ва боиси рушду тараққиёт гардид.
Аввалин неругоҳи обӣ – барқие, ки соли 1937 дар Тоҷикистон бо қувваи 7 ҳазор киловатт дар Варзоби Боло бунёд гашт, пойтахти мамлакатро чароғон намуд ва гуё дар қалби сарзамини мо, ки ҳазорон сол дар оғӯши шабҳои зулмотӣ ғарқ гашта буд, шамъе фурӯзон гашт. Бо мурури замон аввалин неругоҳҳои Қайроқум, Шаршара, Сарбанд, Бойғозӣ ва ғайраҳо бунёд гаштанд ва Тоҷикистонро чароғон намуданд. Чун неругоҳи «Норак» бо иқтидори се ҳазор мегаватт ва бо садди 300 метр баландӣ сохта шуд, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон чун манбаи бузурги неруи барқ эътироф карданд.
Сарзамини Тоҷикистон гарчанде дорои захираҳои фаровони нафту газ набошад ҳам, вале ба бахти баланди халқу давлати мо табиати эъҷозофарин онро ба манбаи беинтиҳои обҳои фаровон ва софу зулол табдил додааст. Тоҷикистон кишвари ҳазор дарёи хурду бузург буда, тӯли онҳо аз 28 ҳазору 500 километр иборат аст. Аз рӯи ҳисоби коршиносон дар 12 маҷрои нисбатан калони дарёҳои Тоҷикистон 36 неругоҳи азим сохтан мумкин аст. Танҳо дар ду дарёи бузурги Вахшу Панҷ 14 неругоҳи бузург метавон сохт ва беш аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул ёфта, иқтидори неруи барқи онҳо 527 миллиард киловатт – соатро ташкил менамояд ва қодир аст, ки тамоми минтақаи Осиёи Миёнаро бо барқ таъмин намояд. Аммо дар айни замон Тоҷикистон танҳо панҷ фисади ин сарвати азими миллиро истифода менамояд.
Таҷрибаи бунёди неругоҳи «Норак» собит намуд, ки дар Тоҷикистон имконияти аз он ҳам бузургтар бунёди неругоҳи обӣ – барқӣ вуҷуд дорад.
Бо назардошти масъалаҳои ҳаётан муҳими обу энергетика ва вазъияти иқтисодиву иҷтимоии минтақаи Осиёи Марказӣ давлати собиқ шӯравӣ бунёди неругоҳи азими «Роғун»-ро ба нақша гирифт ва соли 1974 лоиҳаи техникии он тасдиқ гардид.
Ҳадафи асосии бунёди «Роғун» дар баробари аҳамияти бузурги энергетикӣ инчунин ободу обшор намудани 360 ҳазор гектар заминҳои наву бекорхобида ва инчунин бо об беҳтар таъмин намудани чоруним миллион гектар заминҳои минтақа буд.
Соли 1976 аввалин бинокорон ба Роғун омаданд ва корҳои бунёдкорӣ оғоз ёфтанд. Майдони сохтмони «Роғун» аз ҳазор то як ҳазору 700 метр дар баландӣ воқеъ гардида буд. Барои бинокорон бунёди шаҳри Роғун оғоз ёфт ва биноҳои баландошёна бо тамоми шароити зиндагӣ қомат меафрохтанд. Дар навбати аввал барои як ҳазору 200 ҷои нишаст мактаби нави замонавӣ ва кӯдакистонҳо бунёд гардиданд. Шаҳри навбунёди Роғун сол аз сол ободтару зеботар мегашт. Пас аз омодагиҳои зиёд ниҳоят соли 1983 сохтмони неругоҳи «Роғун» ба таври расмӣ оғоз ёфт. Аз рӯи нақшаи тасдиқ гардида мебоист зиёда аз 300 корхонаи бузурги саноатии ҷумҳуриҳои шӯравӣ «Роғун»-ро бо техникаву таҷҳизот таъмин менамуданд .
Корҳои асосӣ аз кандани нақбҳо оғоз ёфтанд. Бо мақсади равнақ ёфтани бинокорӣ кандани нақбҳо якбора аз ду самт сар шуданд.
Оқибат, пас аз чанд соли меҳнати диловарона 27 декабри соли 1987 маҷрои дарёи Вахш баста шуд ва бунёди садди 335 метраи «Роғун», ки баландтарин дар ҷаҳон аст, оғоз гардид.
Аммо замоне, ки бунёди садди «Роғун» ба 40 метр мерасид ва 70 – 80 фоизи корҳои сохтмонӣ дар толори мошинҳо анҷом ёфт ва даҳҳо километр нақб канда шуд, бузургтарин фоҷиаи асри бист – пош хӯрдани давлати шӯравӣ ба вуқӯъ пайваст.
Бинокорӣ дар «Роғун» ба куллӣ қатъ гардид, сохтмонро боз надоштанд ва ё мавқуф нагузоштанд, эҳтиёт накарданд, балки ба ҳоли худаш гузоштанд. Бинокорон майдони сохтмонро тарк намуданд ва тамоми техникаву таҷҳизоти мавҷударо пас гардониданд ва аз Тоҷикистон берун бурданд.
Моҳи майи соли 1993 мавҷи муқтадири дарё ва селҳои даҳшатовар садди «Роғун»-ро хароб намуда, шуста бурданд, нақбҳо ва толори мошинҳоро селу лойқа паҳш намуд. Фурӯ рехтан ва хароб гаштани Роғун ба воқеият табдил ёфт.
Тоҷикистон, ки дучори бӯҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ гардида ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ забона мезад, дасташ ба домони «Роғун» намерасид. Ҷумҳуриро бӯҳрони шадиди энергетикӣ низ фаро гирифт ва сокинони ҷумҳурӣ дар фаслҳои тирамаҳу зимистон аз неруи барқ маҳрум мегаштанд, корхонаҳо аз фаъолият бозмемонданд.
Пас аз он ки 27 -уми июни соли 1997 созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ливои сулҳ ба таври доимӣ дар саросари Тоҷикистон барафрохта гашт, ҷумҳурӣ ба ҳаёти осоишта ва созандагиву бунёдкорӣ баргашт ва боди мурод ба рӯи «Роғун» низ вазид.
Соли 1999 бори аввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъияти неругоҳ ба Роғун омад.
Роҳбари давлат ва кулли мардуми тоҷик хуб медонистанд, ки бидуни бунёди «Роғун» Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ расида наметавонад. Ба ҷуз ба кор андохтани «Роғун» чораи дигаре вуҷуд надошт. Аммо Тоҷикистони ба тозагӣ аз ҷанги нангини шаҳрвандӣ раҳо ёфта ва аз ҷиҳати иқтисодӣ заиф дар танҳоӣ аз ӯҳдаи дубора эҳё намудани «Роғун» баромада наметавонист. Бинобар он миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Русал» - и Россия гуфтушунид оғоз ёфт ва соли 2004 оид ба бунёди «Роғун» шартнома ба имзо расид. Аммо оид ба лоиҳаи техникӣ баҳсу мунозира ба миён омад ва «Русал» пешниҳод намуд, ки садди Роғун аз 335 метр ба 285 метр расонида шавад ва он бо роҳи бетонрезӣ бунёд гардад. Тарафи Тоҷикистон ин пешниҳодро напазируфт ва моҳи сентябри соли 2007 шартномаи ҳамкорӣ ба таври расмӣ бекор карда шуд. Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи «Роғун»-и хароб гашта яккаву танҳо монд. Тақдири сохтмони неругоҳи азиме, ки онро мебоист 300 корхонаи бузург месохт, акнун пурра ба дӯши Тоҷикистон афтода буд.
Ин монанди он буд, ки кӯҳи азиме бар дӯши ҷавони наврасе афтодааст. Аммо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳарос наафтод, баракс, нангу номус ва ифтихори миллиаш боло гирифт, ба неруи бузурги халқи бунёдкораш такя намуд ва қотеона азм намуд, ки ба қимати ҷон бошад ҳам, «Роғун»-ро бунёд хоҳад кард.
Сохтмони «Роғун» аз рӯи қуввату имконияти иқтисодии ҷумҳурӣ идома меёфт ва натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меовард. Муҳориба барои бунёди «Роғун» бо муҳорибаи Рустами Достон дар роҳи озодиву соҳибихтиёрии сарзамини Аҷам баробар буд.
«Роғун» ба нангу номус, ба ифтихори миллӣ, ба мазҳари ватанпарастӣ табдил ёфт:
Аё Роғун! Аё Роғун!
Туро аз ашку аз хуни дили худ мекунам бунёд
Туро аз хеш, аз обу гили худ мекунам бунёд!
Туро чун бораи имони худ бунёд хоҳам кард,
Туро аз лахт – лахти ҷони худ бунёд хоҳам кард!
Биё, созем Роғунро
Ба рӯи тахтапушти худ,
Ба рӯи шонаҳои худ,
Зи ҳоки эътиқоду эътимоди худ!
(Камол Насрулло)
Ҳар соле, ки мегузашт, барои «Роғун» имтиҳони бузурге буд ва он қадам ба қадам пеш мерафт. Ниҳоят, соли 2010 фаро расид ва барои «Роғун» соли пурфайзу бобаракат ва пешрафтҳо гардид.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 – уми январи 2010 ба мардуми Тоҷикистон бо паёми саросар пур аз меҳру муҳаббат муроҷиат намуд. Ӯ бори дигар аҳамияти таърихӣ ва тақдирсози «Роғун»-ро ёдовар шуда ва аз куллӣ мардуми тоҷик даъват ба амал овард, ки ба хотири манфиатҳои давлату миллат ва ободиву сарсабзии Тоҷикистон сохтмони неругоҳи «Роғун»ро аз ҷиҳати модиву маънавӣ дастгирӣ намоянд.
Паёми Президент ба зуддӣ дар дили пиру ҷавон маъво гирифт ва неругоҳи «Роғун» ба як набарди бузурги миллӣ, ватанхоҳӣ ва ба мавҷи пуриқтидори умумихалқӣ табдил ёфт.
Дар паём омада, ки таърих бар дӯши мо мардуми шарофатманду сарбаланд ва хештаншиноси тоҷик рисолати бузурги бунёди «Роғун» – ин кохи азими нурро гузоштааст, ки барои имрӯзу фардои миллат масъулияти бузург ва ифтихору шарафи ватандорист. «Роғун» на танҳо манбаи адонашавандаи неруи барқ, балки воситаи умдатарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии халқи мо, неруи таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми кулли иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Дар паёми Пешвои муаззами миллат зикр гардида, ки майдони сохтмони «Роғун» ба корзори заҳмати созанда, ба майдони ҳиммату ҷавонмардӣ, ба арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин ба ғояи миллии мо табдил ёфтааст. Зеро «Роғун» на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки ба санги маҳаки номуси миллӣ, омили иқтидору пайдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон табдил ёфтааст:
Майдони имтиҳон шуд имрӯз НОБ – и Роғун,
Машҳур дар ҷаҳон шуд имрӯз НОБ – и Роғун.
Ин арсаи набарди номусу нанг бошад,
Мизони нангамон шуд имрӯз НОБ – и Роғун
Дунё дигар надорад садде ба ин баландӣ,
Симурғошён шуд имрӯз НОБ – и Роғун.
Аз ҳиммати баланди тоҷику сарвари ӯ
Муъҷизаи замон шуд имрӯз НОБ – и Роғун.
(Кароматулло Олимзода)
Муроҷиати Президенти кишвар дар роҳи бунёди “Роғун” ба савганди вафодории бинокорон ва тамоми мардуми Тоҷикистон табдил ёфт ва дастгирии ин сохтмони азим вусъати тоза пайдо намуд. Дар натиҷа, қариб дар муддати ду моҳ ба суратҳисоби “Роғун” 734 миллион сомонӣ ворид гардида бошад ҳам, аммо фурӯши саҳмияҳо бомуваффақият идома доштанд.
Дар соли 2010 рафти бинокориву барқарорсозӣ дар нақби аввал ба итмом расид, ки ин пешрафти хеле муҳим буд.
Шояд сарнавишти “Роғун” чунин сурат гирифта, ки дар ҷараёни бунёдкориҳо берун аз марзи ҷумҳурӣ борҳо мавриди эътирозу нобоварӣ қарор гирифт. Аз ин рӯ барои ба куллӣ аз байн бардоштани ҳамагуна шакку шубҳа ва нобоварӣ ва дар сатҳи баланд ва холисонаву шаффоф анҷом додани ташхиси байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ муоҳида ба имзо расид.
10 -уми марти соли 2010 аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ изҳор шуд, ки барои анҷоми ташхис аз 12 то 18 моҳ вақт сарф хоҳад шуд.
Пас аз ҳосил шудани натиҷаҳои мусбат ва дилхоҳ Бонки ҷаҳонӣ ҳам неругоҳи “Роғун” ва ҳам САSА – 1000 – ро маблағгузорӣ хоҳад кард. Аммо ташхис хеле тӯл кашид.
Инчунин Президенти мамлакат зимни мулоқот бо коргарони “Роғун” зикр намуд, ки Тоҷикистон ҷихати ҳамаҷониба ба инобат гирифтани манфиатҳои кишварҳои минтақа ҳануз соли 2007 ба хотири гузаронидани ташхиси байналмилалии лоиҳаи “Роғун” ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат намуд ва ҳафт соли пурра сарфи гуфтушунид ва омӯзишу таҳқиқоти лоиҳа гардид. Ташхисҳо аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳониӣ ва олимону мутахассисони сатҳи баланд сурат гирифта, соли 2014 арзёбии асоснок ва илмии техникиву иқтисодӣ, таъсири иҷтимоиву экологӣ ва ба зилзилаҳо тоб овардани лоиҳаи неругоҳ имконпазирии сохтмони неругоҳи “Роғун”-ро собит намуданд.
Ширкати “Солини импре - ҷило” – и Италия, ки дар сохтмони иншооти гидротехникӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст, ғолиби озмун гардид ва фаъолияташро барои бунёди неругоҳ оғоз кард.
Неругоҳи “Роғун” чун Сиёвуш аз миёни оташ гузашт, покию бегазандии худро собит сохт ва чун мурғи Самандар аз болои ҳокистари сӯзон бархост ва болафшон ба парвоз даромад.
“Роғун” нур аст, ҳаёт аст ва қуввае нест, ки садди роҳи нур гардад.
Дар рафти сохтмони “Роғун” 46 ҳазор сокинони 63 деҳаву маҳалли зист, ки зери обанбори неругоҳ мемонанд, ба ноҳияҳои Рӯдакӣ, Турсунзода, Данғара ва минтақаҳои дигар кӯчонида шуданд ва бо хонаву дар, шароити зиндагӣ, мактабу кӯдакистонҳо, марказҳои фарҳангию фароғатӣ таъмин гардиданд.
Метавон соли 2016 – ро баҳори бунёдкориҳои “Роғун” номид. Рӯзи 12 – уми маи ҳамон сол дар Душанбе маросими оғози тадбиқи лоиҳаи бунёди хати интиқоли барқи САSА – 1000 бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Пешвои миллат, зимни суханронии хеш бунёди тарҳи ҳаётан муҳим рамзи ҳамкориҳои воқеӣ миёни кишварҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ қаламдод намуд.
Лоиҳаи мазкур аз нигоҳи меъёрҳои тиҷоратӣ ва аз лиҳози технологӣ камназир буда, аз 1342 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат иборад хоҳад буд. Тавассути онҳо дар як сол то панҷ миллиард киловатт – соат неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тозаро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистону Покистон метавон интиқол дод. Маблағи умумии лоиҳаи САSА – 1000 аз як миллиард доллар фароҳам омада, Тоҷикистон барои иҷрои тарҳи мазкур 320 миллион доллари амрикоӣ сармоя мегузорад.
Соли 2016 воқеан дар сохтмони неругоҳи “Роғун” марҳилаи наве оғоз гардид.
Дар ин сол дар бунёди “Роғун” 15 ҳазор коргарону коршиносон ва 2100 техникаву мошинолот шабу рӯз машғули кор буданд.
“Роғун” ба майдони корзори ҳақиқӣ табдил ёфта буд.
29 – уми октябри соли 2016 аз субҳидам сар карда, мардуми зиёде сӯи “Роғун” равон буданд.
Ин рӯзе буд, ки бо иштироки Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорон коргарону меҳмонон маҷрои дарёи Вахш баста мешуд ва бунёди сарбанди баландтарин дар ҷаҳон оғоз меёфт. Одамон сӯи “Роғун” мешитофтанд, то шоҳиди ин воқеаи таъриҳӣ гарданд. Майдони сохтмон, раҳравҳои бетонӣ, зинапояҳо саросар пур аз одам буд.
Соат ба даҳ расид ва ҳама интизори он буданд, ки ҳоло даҳҳо булдозерҳои бузург вориди майдони корзор мегарданд ва бо фурӯ рехтани анбӯҳи бузурги сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро дигар мекунанд. Аммо ин тавр нашуд ва расо соати даҳ Президенти кишвар танҳо вориди майдони корзор гашт, ба булдозери бузургу вазнин нишаста, онро ба сӯи анбӯҳи сангу шағал равона кард. Ин шабеҳи он буд, ки дар замонҳои қадим агар ду лашкар дар майдони набард рӯ ба рӯ меомад, аввал барои қувваозмоӣ аз ҳар ду тараф ё ду паҳлавони номдор ва ё ду сарлашкар аввалин шуда ба майдон медаромаданд. Ва имрӯз дар майдони набард Роҳбари хирадманд Эмомалӣ Раҳмон бо булдозери худ дар рӯ ба рӯи дарёи Вахш танҳо истода, барои мӯтеъ сохтани ин дарёи бузургу саркаш саргарми кору пайкор буд. Ҳазорон чашмҳо ӯро наззора мекарданд, дилҳо ба тапиш меомаданд ва ҳаяҷон ҳастии ҳамаро фаро мегирифт. Саросари майдонро хомӯшӣ паҳш кард, касе ҳарфе намезад ва танҳо ду садо – яке садои булдозери Роҳбари кишвар, дигаре садои руди Вахш хомӯшии гаронро халалдор месохт.
Пешвои миллат бо руҳи болидаву азми дучанд аз баландӣ сангу шағалро ба дарё мерехт. Бисёр касон гумон доштанд, ки Президенти мамлакат ба тариқи рамз маросими бастани пеши дарёро ифтитоҳ намуда, сипас майдонро ба ихтиёри коргарон вомегузорад, аммо ин тавр нашуд. Баракс, садои булдозери Роҳбари давлати тоҷикон то рафт баландтар шуда, суръати рехтани сангу шағал ба дарё то рафт афзунтар мегашт. Садои Вахш ҳамоно баланд ва хурӯшон буд.
Шояд дар ин лаҳзаҳо, ки Сарвари давлат барои бастани пеши дарё ҷаҳду ҷадал менамуд, кору пайкори бисёрсолааш дар роҳи бунёди “Роғун” як – як аз лавхи хотир мегузашт ва имрӯз бо дасти худ орзуву омолашро ба ҳақиқат табдил медод.
Аз байн як соати расо гузашт, аммо булдозери Пешвои миллат ҳамоно саргарми кор буд. Маҷрои дарё то рафт тангтар мешуд ва садои Вахши пуртуғён кам – кам хомӯш мегашт.
Боз ним солати дигар сангу шағал ба дарё рехта шуд. Садои хурӯшони Вахш тамоман хомуш гашт, пеши маҷрои он баста шуд ва дарё ба самти нав ҷорӣ гашт. Ин манзара шабеҳи он буд, ки паланги мағрури асоратнописанде ба дом афтодааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расо пас аз якуним соат баъди бастани маҷрои Вахш фотеҳона аз булдозер фуруд омад ва ба ифтихораш мавҷи пуртуғёни кафкӯбиҳо баланд гашт.
Мавриди зикр аст, ки ҳаҷми сарбанди “Роғун” 76 ҳазор метри мукааб буда, барои бунёди садди 335 метра қариб 72 миллион метри мукааб сангу шағал рехта хоҳад шуд, ҳоло он ки барои садди неругоҳи “Норак” 43 миллион метри мукааб сангу шағал рехта шуда буд.
Пас аз он, ки Вахш маҷрои худро дигар кард, дар сар то сари неругоҳ корҳои бинокрӣ равнақи тоза пайдо карданд. Танҳо дар муддати шаш моҳ ду миллион метри мукааб омехтаи сангу шағал ба пешдарғот хобонида шуд ва дар як шабонарӯз аз 23 то 26 ҳазор метри мукааб омехтаи сангу шағал ба пешдарғот ва дарғоти навбати аввали неругоҳ рехтаву мустаҳкам карда мешуд. Соли 2018 дар ҳаёти неругоҳи “Роғун” дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Шумораи умумии коргарону мутахассисон аз 22 ҳазор нафар бештар гардид, ки дар ду баст машғули кор буда ва техникаи бинокорӣ ба 3600 адад расонида шуд.
Маблағгузорӣ ба “Роғун” дар соли 2018 ба ду миллиард сомонӣ расид.
Оқибат, аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муждаи хуш ва нишотангезе расид, ки 16 – уми ноябри соли 2018 агрегати аввали неругоҳи “Роғун” ба тавлиди нерӯи барқ оғоз хоҳад кард.
Ин хабарро мардуми тоҷик солҳои дароз интизор буданд ва инак, он чун муждаи бахту саодати ҳар сокини Тоҷикистон дар саросари кишвар паҳн гардид.
“Роғун” ба корзори ҳақиқӣ ва ба мазҳари олии ифтихори миллию ватанпарастӣ табдил ёфт.
Коргарон чи шабу чи рӯз тамоми ҳастии худро, оташи дил ва орзуву омоли хешро ба “Роғун” мебахшиданд, то агрегати аввал дар муҳлати муайяншуда ба тавлиди барқ оғоз намояд.
Боз рӯзҳои зиёди пур аз ҷаҳду ҷадал, далерию шуҷоат, кору пайкори созандагию бунёдкорӣ сипарӣ гардиданд ва он рӯзи босаодат – 16 ноябри соли 2018 фаро расид. Рӯзе фаро расид, ки таваҷҷуҳи миллионҳо нафар мардуми ҷаҳон ба сӯи Тоҷикистон, ба сӯи Роғун равона гашт. Дар таърихи Тоҷикистони нав санаи мубораки 16 ноябри соли 2018 бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт хоҳад шуд. Дар ин рӯз воқеан, садди баланди “Роғун” ба сари баланди тоҷик табдил ёфт.
Дарёи нурофарини Вахш он рӯз шукӯҳу азамат ва иқтидори адонашавандаи энергетикии худро намоиш медод ва “Роғун” нӯҳумин неругоҳест, ки рӯи дарёи Вахши бостонӣ бунёд мешуд.
16 -уми ноябри соли 2018 бо иштироку раҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки воқеан, коҳи бузурги нур аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва ба тавлиди неруи барқ оғоз намуд.
Ба ифтихори тавлиди аввалин нерӯи барқи “Роғун” дар майдони бузурги сохтмон ва дар домони Вахши ҳаётбахш бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва чандин ҳазор коргарон ва меҳмонон ҷамъомади бошукӯҳу ботантанае барпо гардид, ки таърихи ин сарзамин шояд онро бори аввал медид. Мавҷи шодию нишот, чеҳраҳои шукуфону гулгун, мавҷи рӯҳи болидаву ифтихори баланди ватандорӣ бо амвоҷи Вахши сероб омезиш ёфта, шукӯҳу шаҳомати беандозае пайдо мекарданд. Шодиву ифтихори ҳазорон коргарони неругоҳ интиҳо надошт. Аз нишоти ин рӯзи фархунда чашмонашон барқосо медурахшид ва гуё нури “Роғун” аз чашмони онҳо берун меҷаст. Оре, маҳз онҳо буданд, ки бо нерӯи бозуяшон, бо хираду азму иродаи матинашон “Роғун”-ро ба кохи нур табдил додаанд.
16 ноябри соли 2018 аз дили неругоҳи “Роғун” силсилаи хабарҳои нишотовар чун кабутарони сабукбол ба ҳаво бархоста, дар саросари ҷаҳон паҳн мегаштанд:
 Дар Тоҷикистон неругоҳи “Роғун” бо сарбанди баландтарин дар ҷаҳон ба тавлиди нерӯи барқ оғоз кард.
 Иқтидори “Роғун” аз 3600 мегаватт иборат буда, дорои шаш агрегат мебошад.
 “Роғун” дар як сол зиёда аз 17 миллиард киловатт – соат неруи барқ тавлид менамояд.
 Обанбори “Роғун” аз 13,3 километри мукааб иборат аст.
 Агрегати дуюми “Роғун” моҳи апрели соли 2019 нерӯи барқ тавлид хоҳад кард.
 Тавассути лоиҳаи САSА – 1000 нерӯи барқи “Роғун” ба Афғонистон ва Покистон интиқол меёбад.
Басо рамзиву мантиқист, ки рӯзи тантанаи “Роғун” бо ҷашни фархундаи Рӯзи Президент баробар омад ва ҳар ду ҷашн якдигарро шукӯҳи тоза бахшиданд.
Ҷашни Рӯзи Президент бо Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд барпо гашт, пайванди ногусастанӣ дорад. Бузургтарин дастоварди Иҷлосия дар он таҷассум гардид, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ овард ва тақдири миллати тоҷикро ба дасти ӯ супорид. Азбаски қадамаш хуҷаста, иқболаш баланд, мақсаду маромаш пок буд, тамоми ваъдаҳои додааш, нақшаҳову орзуҳояш як – як ҷомаи амал пӯшиданд ва дар натиҷа Тоҷикистон ба як сарзамини биҳиштосо табдил ёфт.
Қадам ба қадам, зина ба зина ба истиқлолияти энергетикӣ расидани Тоҷикистон низ бо номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зич алоқаманд мебошад. Самараи кору пайкори қаҳрамононаи Пешвои миллат буд, ки неругоҳи “Роғун” дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардид ва оқибат ба тавлиди неруи барқ сар кард.
Тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳар як хонадони тоҷик ва миллионҳо дӯстони сарзамини биҳиштосои мо аввалин тавлиди неруи барқи “Роғун”-ро чун як ҷашни фархундаву шукуҳманд истиқбол карданд ва итминони комил пайдо намуданд, ки меъмори асосии ин кохи бошукӯҳи нур маҳз Пешвои миллат мебошад. Биёед, дар рӯзи тавлиди неруи барқи “Роғун” лаҳзае ба орзуву дуои хайри Президенти кишвар нисбат ба мардуми диёраш гуш фаро бидиҳем, ки гуфтааст: “Халқи бузургвори ман! Хонадони ҳар як фарди ту аз нури “Роғун” то абад равшан, қалби хурду бузурги сокинонат то ҷовидон гарм аз меҳри Ватан бошад!”
Бисту ҳафт сол дар назди таърих як лаҳзаест, аммо корҳои азиме, ки Тоҷикистон дар ин муддат дар роҳи рушди энергетика ва бунёдкориҳову созандагиҳо анҷом додааст, бо садсолаҳо баробар аст.
Дар муддати 27 соли истиқлолияти давлатӣ барои рушди соҳаи энергетика 25 лоиҳа ба ба маблағи умумии 23 миллиард сомонӣ ба ҳаёт тадбиқ гардид ва 9 лоиҳаи дигар ба маблағи 6 миллиард сомонӣ идома дорад. Ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи “Роғун” аз оғози корҳои сохтмон то имрӯз аз ҳисоби буҷети давлатӣ 24 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ намудааст.
Ин иқдомҳои таърихӣ ба хотири расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бевосита бо ном ва бо саъю талошҳои бардавоми Сарвари давлат сахт алоқаманданд.
Одатан, сохтмони неругоҳҳои бузург кори саҳлу осоне нест ва солҳои зиёд идома меёбанд. Неругоҳи “Норак” бо он ҳама шароити мусоид дар муддати 18 сол сохта шуд. Аммо сарнавишти “Роғун” ранги дигар гирифт. Сохтмони асосии он соли 1983 оғоз шуд, сипас дучори монеаҳои зиёд гардид ва баъд аз сипарӣ гаштани 35 сол агрегати аввалини он ба кор оғоз намуд.
“Роғун” неругоҳҳои поёнобро ба танзим медарорад ва умри “Норак”-ро сад сол дароз мекунад.
Лоиҳаи “Роғун” аз нигоҳи техникиву бинокорӣ дар ҷаҳон назир надорад ва тамоми иншооти неругоҳ дар зери замин бунёд мегардад. Нақби 70 километра воситаест, ки кулли сохтмони бузургро чун як пайкари воҳид ба ҳам мепайвандад.
Бинои зеризаминии неругоҳ аз толори мошинҳо ва трасформаторҳо иборат буда, 67 метр баландӣ дорад.
Толори мазкур аз ҷиҳати шукӯҳу азамат беназир буда, бузургтарин кохҳо ва қасрҳои ҷаҳон дар баробари он камнур ва ночиз менамоянд. Дар бинои боҳашомати дигар, ки 172 метр дарозӣ ва қариб 17 метр паҳноӣ дорад, 26 нуқтаи идораи барқ фъолият мекунад. Барқ аз неругоҳ бо панҷ хати барқи баландшиддати 500 – киловолта ва ду хати 220 – киловолта интиқол дода мешавад.
Нақби сохтмони қабати сеюм аз иншооти асосӣ ҳисоб ёфта, 1794 метр дарозӣ дошта, дар як сония имконияти гунҷоиши се ҳазору 500 метри мукааб обро доро мебошад. Нақби мазкур ҳамчун нақби обпарто дар вақти баланд шудани сатҳи дарёи Вахш истифода мешавад.
Дар айни замон барои идомаи бунёди неругоҳи “Роғун” ба миқдоре таҷҳизоти техникӣ фармуда шудааст, ки барои кашондани онҳо 210 – 220 мошини боркаш лозим меояд. Тамоми ин таҷҳизот дар зери замин насб хоҳад шуд.
Нависандаи рус АлександрПроханов бо эҳсоси ифтихору шодмонӣ гуфтааст: “Неругоҳи “Роғун” мӯъҷизаи беназир, як шаҳри зебову боазамат ва тамаддуни навест, ки дар зери замин бунёд мегардад.”
Донишмандон ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ба лоиҳаи нодири неругоҳи “Роғун” баҳои баланд дода, бунёди онро барои Тоҷикистон ногузир ҳисобидаанд. Олими маъруфи итолиёӣ Филинно Менга гуфтааст: “Сарбанди “Роғун”, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, метавонад ифтихори мардуми Тоҷикистон бошад. Чуноне, ки сарбанди неругоҳи “Марафон” дар Юнон дастоварди бузург ва боиси ифтихори ин кишвар ва макони дӯстдоштаи сайёҳон аст”.
Ва он рӯз дур нест, ки шукӯҳу шаҳомати обанбори “Роғун” ва зебоии табиати он дар ҷаҳон овоза хоҳад гашт.
Неругоҳи “Роғун” ба хотири фардои дурахшони Ватан ба майдони корзори воқеӣ ва арсаи ҳақиқии корнамоиву фидокориҳо табдил ёфтааст.
Имрӯз мардуми тоҷик рӯ ба сӯи “Роғун” оварда, мегӯянд: “Тавлиди барқат муборак, Роғуни пирӯзу сарбаланд!”
Неругоҳи “Роғун” хуршедест, ки аз зери замини Тоҷикистон тулӯъ намуда ва ба ҳаво бархоста, Машриқзаминро нурборон хоҳад кард.
Ку Рӯдакии суханорову сухангустар, ки мадҳияи “Роғун”-ро бисарояд?!
Ку Фирдавсии вассофи қаҳрамониҳо, ки васфи достони “Роғун”-ро бигӯяд?!
Ку устод Айнӣ, ки достони “Ҷанги одаму об” – и хешро дар ситоиши “Роғун” эҷод намояд?!
Достони “Роғун” асрҳо варди забон ва зеби таърих хоҳад гашт.
Неругоҳи барқи обии “Роғун” садсолаҳо чун манбаи адонашавандаи нури ҳаёт ва пешрафту тараққиёт дар зери чархи гардун пойдор хоҳад монд. Ин боргоҳи нур паёмест ба асрҳову наслҳои ояндаву дур то онон бидонанд, ки Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон, мардум ва бинокорони эъҷозофарини тоҷик дар оғози асри ХХI ба хотири рӯзгори босаодати онҳо чи ҷонфишониҳо ва қаҳрамониҳо нишон дода, ин кохи нурафшонро бунёд кардаанд.
Имрӯз, ки Тоҷикистон ба истиқболи 30 – солагии истиқлолияти далатии хеш қадамҳои устувор мегузорад, тавлиди барқи аввалин агрегати “Роғун” қимматтарин армуғон ба ин ҷашни фархунда мебошад.
“Роғун” кохи нур аст, ки бо амри парвардигор ва табиати эъҷозофарин насиби Тоҷикистон ва ҳалқи он гардидааст.
Дар партави анвори “Роғун” таърих ва тамаддуни пурифтихор ва чандинҳазорсолаи тоҷик дурахшу ҷилои тоза пайдо хоҳанд кард ва ҷаҳони нави донишу маърифат ба рӯи мардуми мо боз хоҳад шуд.
“Роғун” дар дилу дидаи мо маъво дорад ва Тоҷикистонро ҳамеша ҷавону шукуфон ва ободу сарсабзу хуррам нигоҳ хоҳад дошт.
“Роғун” болу пари Тоҷикистони озод аст, ки чун уқоби баландошён сӯи ояндаҳои боз ҳам дурахшон парвоз дорад.
Дар ин роҳи пуршараф ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон халқи бунёдкори моро неруи наву ғайрату илҳоми тоза мебахшанд. Он суханҳои саршор аз муҳаббату садоқат ва самимияти гарму ҷӯшон, ки соли 2010 дар муроҷиатномаи Президент ба мардуми кишвар дар роҳи бунёди “Роғун” омадааст, дили мардуми Тоҷикистонро ҳамеша ба ҷӯшу хурӯш хоҳад овард ва онро ба корномаҳои боз ҳам азимтар рӯҳбаланд хоҳад намуд. Биёед, бори дигар ба ин суханҳои пурҳарорат гӯш фаро бидиҳем:
“Милати азиз ва тоҷдори ман! Имрӯз вақти исбот кардани тоҷдориат расидааст! Имрӯз замони нишон додани нангу номус ва ғайрату ҳиммат фаро расидааст! Миллати ҳимматбаланду номдори ман! Ҳоло фурсати ҳифзи номи некат расидааст! Имрӯз фурсати ватанхоҳиву ватандории мо ворисони тамаддуни ҷаҳонӣ ва меросдорони Рӯдакиву Фирдавсӣ ва ҳазорон алломаҳо ва имрӯз вақти озмоиши рӯҳи бешикасти авлоди Спитамену Деваштич, Абӯмуслиму Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалику Восеъ ва ҳазорон родмардони ин миллати фарзона фаро расидааст!”
Ин даъвати оташини Президенти кишвар на танҳо нангу номуси бинокорони “Роғун”-ро барангехт, балки имрӯзу фардо низ халқи моро ба созандагиву бунёдкориҳои боз ҳам бузургтар илҳому неру хоҳад бахшид.
Имрӯз Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол аз тавлиди неруи барқи “Роғун” сарфарозӣ дорад. Хонаву дари мо ва саросари диёри мо ғақи нур аст. Аз ин воқеаи фараҳбахш ҳар сокини Тоҷикистон ва хонаводаи тоҷик ифтихор мекунад. “Роғун” акнун рӯзону шабон бар сари Тоҷикистон нури ҳаёт, нури тараққиёт ва нури маърифат нисор мекунад. Тоҷикистон имрӯз чун боғу бӯстон шукуфон гашта, дар партави барқи “Роғун” боз ҳам зеботар ва пурҷилотар медурахшад.
Пеш рав, чаман – чаман бишукуф, эй Тоҷикистон, эй диёри босафое дар домони хуршеди тобон!
Ва орзуву таманниёти ҳамешагии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳам чунин аст, ки бо садои баланд мегӯяд: “Роҳат сафеду пурнур, озодиву истиқлолият ҷовидонӣ, қадамҳоят ба сӯи фардои обод устувор ва хонадони ҳар як фарзандат пур аз хушбахтиву иқбол бошад, Тоҷикистони азаз!”.
Ҳар кас, ки бувад туро дар оғуш,
Аз ишқи ту мезанад дилаш ҷӯш,
Ҳар бор рухат чу гул кушояд,
Лаъл аз дили санг берун ояд.
Паҳлуи чаман суман кунад гул,
Сар то қадами Ватан кунад гул.
Эй, хурраму сабз боғу бӯстон,
Эй, машъали шарқ – Тоҷикистон!
(М. Турсунзода)
Раҷабалӣ Қудратов
корманди шоистаи Тоҷикистон.

ФаттоҳзодаС.С,
Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: