НЕРУГОҲИ РОҒУН- ИНШООТИ АСР7-11-2018, 08:53
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
«Тавре ки маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои хеле бузурги гидроэнергетикӣ мебошад. Мо имкон дорем, ки дар давоми сол 527 миллиард кВт-соат қувваи барқ истеҳсол кунем. Вале, мутаассифона, айни ҳол ҳамагӣ 6 фоизи захираҳои мавҷуда истифода карда мешаванду халос». Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи энергетикаи кишвар, ки аз бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ба шумор меравад, тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, барои тайёр намудани мутахассисони соҳа дар Донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳад. Ҳоло дар мамлакат панҷ неругоҳи барқи обӣ - «Норак» бо иқтидори 3000 мВт, «Қайроққум» 126 мВт, «Помир» 28мВт, «Варзоб» 25мВт, «Сангтӯда-1» 670 мВт, «Сангтӯда-2» 250 мВт амал мекунанд. Инчунин дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар деҳоти кӯҳистон зиёда аз 240 неругоҳи хурд сохта ва ба истифода дода шуданд. Солҳои 70-уми қарни ХХ роҳбарияти ИҶШС дар чаҳорчӯбаи инкишофи гӯшаю канорҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мақоми ҶШС Тоҷикистонро ҳамчун тавлидкунандаи неруи барқ муайян намуд, ки аслан ин беасос ҳам набуд, зеро 93 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро кӯҳҳои баландтарини ҷаҳон ишғол карда, ба иртиботи ин тараққиёти соҳаи кишоварзӣ дар ин диёр маҳдуд ҳисоб меёфт. Соли 1972 ҳаҷми пурраи асосноккунии техникию иқтисодии неругоҳи обии «Роғун» ба анҷом расид. Асосноккунии техникию иқтисодиро Вазорати барқи ИҶШС баррасӣ ва муҳокима карда, аз тарафи Комиссияи иқтисодии давлатии Госплани ИҶШС бо иштироки намояндагони ваколатдори тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ намуд (Қарори КИД-и Госплани ИҶШС, №6 аз 27.02. 1974). Экспертизаи асосноккунии техникию иқтисодӣ, хулосаҳоро дар бораи боэътимодии техникӣ ва самаранокии баландии неругоҳи «Роғун» комилан собит кард (Се навъи дарғоти неругоҳи обии «Роғун» баррасӣ гардид), арзу тӯли асосии неругоҳ ва обанбор пазируфта шуд. Мураттабсозии лоиҳаи техникии НБО «Роғун» соли 1974 шурӯъ гардида, моҳи ноябри соли 1978 ба анҷом расонида шуд. Моҳҳои ноябр-декабри соли 1978 лоиҳа аз тарафи экспертизаи пажӯҳишгоҳи Гидропроект таҳти муҳокима қарор гирифта, моҳи июни соли 1979 муҳокимаи он дар Шӯрои илмию техникии Вазорати барқи ИҶШС ба анҷом расид. Моҳи октябри соли 1980 лоиҳа аз тарафи Экспертизаи асосии давлатии Гостройи СССР ва ГКНТ ИҶШС (Қарор мутобиқи мактуби Гострой ИҶШС аз 16.10.1980 №380) ва моҳи ноябри соли 1980 бо фармони Шӯрои Вазирони СССР тасдиқ шудааст. Лоиҳа бо тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мувофиқа шуда, аз тарафи онҳо ҳамчун лоиҳаи минтақавӣ доир ба таъминкунандаи талаботи рӯзафзуни барқи покиза ва захираҳои об маъқул дониста шуд. Соли 1990 лоиҳа аз тадқиқи махсуси мустақими назди Комиссияи давлатии экспертизаи Госплани СССР гузашт ва боэътимодии иншооти сохташавандаи неругоҳ мутобиқи маводи тасдиқшудаи лоиҳа ва ба ҳисоб гирифтани ҳамаи амалиёту санҷишҳо қабул гардид. Дар ин солҳо як чанд олимон, мутахассисони соҳа ва коршиносонро барои муайян ва аз ҷиҳати заминҷунбӣ ва дигар корҳои геологӣ даъват карда аз ҷои иншоот дидан намуданд. Дар натиҷа олимон ба хулоса омаданд, ки нерӯгоҳ аз ҷиҳати мавқеъ хеле хуб буда, хароҷоти маблағро низ кам талаб мекунад. Дар маҷмӯъ зиёда аз 300 корхонаҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин лоиҳа иштирок карданд. Барои сохтмончиён ва сокинони шаҳри Роғун бунёди биноҳои баландошёна, мактаб ва дигар иншоотҳои маъмурӣ ба нақша гирифта шуда буд. Неругоҳи барқи обии Роғун бузургтарин иншооти гидроэнергетикии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт ва он дар зарфи 7-8 сол бо сарбанди 335 метраи иборат аз хоку санг бояд сохта ба истифода дода мешуд. Барои қабул намудани қарори мазкур силсилаи бузурги тадқиқоти назариявӣ ва амалӣ, муҳосибавӣ, озмоишгоҳӣ, корҳои муоинавӣ ва мушоҳидаҳо гузаронида шуданд. Сохтмони сарбанди 335 метра дар ин иншоот имкон фароҳам меорад, ки: а) захира намудани 13 млрд. мукааб ҳаҷми умумии об ва аз он ҷумла 8,6 млрд. мукааб ҳаҷми муфиди об ва ба ҳамин васила якҷоя бо обанборҳои Норак маҷрои Амударё ба тӯли солиёни дароз ба танзим дарояд; б) ба таври илова дар минтақаи Осиёи Миёна 320 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ карда, таъмини 1 млн гектар заминҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон бо об беҳтар гардад; в) об дар обанбори Роғун соф шуда, бо ҳамин фаъолияти обанбори «Норак»-ро боз ба муддати 100 сол дароз кунад; г) солона истеҳсоли 13,3 млрд. киловатт/соат барқро таъмин намуда, норасоии шадиди ба неруи барқ доштаи минтақаро бартараф созад. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сохтмони неругоҳ қатъ гардид. Соли 1993 дар натиҷаи обхезию сел нақбҳо ва ҳуҷраи муҳаррикон қисман зери об монд. То ин муддат зиёда аз 43 фоизи тамоми корҳои сохтмонии ин иншооти азим анҷом дода шуда буд. Дар чунин вазъият роҳбарияти олии мамлакат тасмим гирифт, ки лоиҳаи неругоҳи «Роғун» аз нав эҳё намояд. Бо саъю кӯшиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 миёни Ҳукумат ва ширкати РусАли Федратсияи Русия дар бораи ба анҷом расонидани неругоҳи «Роғун» шартнома ба имзо расид. Аммо баъди 2,5 сол Ҳукумати ҷумҳурӣ шартномаи мазкурро яктарафа лағв намуд, зеро дар ҳамин давра ширкат ягон боби шартномаи имзокардаро ба иҷро нарасонда буд. Дар соли 2010 миёни Тоҷикистону Бонки Ҷаҳонӣ барои гузаронидани экспертизаи байналмилалии лоиҳа шартнома имзо шуд. Дар соли 2010-2012 Бонки Ҷаҳонӣ бо ташхиси иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологии лоиҳаи Роғун мутахассисони сатҳи олиро сафарбар намуд. Дар ин муддат тамоми паҳлуҳои неругоҳро ташхис карда, ба хулосае омаданд, ки неругоҳ ягон мушкили аз ҷиҳати заминҷунбӣ, геологӣ надорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ба сарварони давлатҳои минтақа дар ин бора расман иттилоъ додаанд. Боиси қаноатмандист, ки дар ин иншооти нур зиёда аз 40 корхонаву ширкатҳои дохиливу хориҷӣ кор карда, шумораи коргарон дар сохтмони ба 15 ҳазор нафар, мошину механизмҳо ба 2600 адад расонида шуда, азхудкунии маблағҳои ҷудошуда давра ба давра зиёд гашта, сатҳу сифати кор аз санҷиши мутахассисони соҳа мегузарад. Роғун барои ҳамаи мо мактаби бузурги омӯзиш, истифода ва баҳрабардорӣ ва дар айни замон равнақи иқтисодиёти Тоҷикистони имрӯзу фардо мегардад. Тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон навбати якуми неругоҳи барқи обии Роғун, яъне агрегати аввал дар Рӯзи Президент (16 ноябри соли 2018) мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Маълум аст, ки дар ҷараёни сохтмони неругоҳ якчанд деҳаҳои атрофи шаҳри Роғун ва ноҳияҳои наздик зери обанбор мемонанд. Барои ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчонидани деҳаҳоро ба ноҳияи Данғара ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ба нақша гирифта, онро амалӣ намуд. Бо таври умумӣ зиёда аз 46 ҳазор нафар одамон кӯчонида шуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар байни иншоотҳои мавҷудаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки неругоҳи барқ истеҳсол мекунанд, неругоҳи Роғун аз ҷиҳати иқтисодиву экологӣ афзалияти калон дорад: - Иншооти бузургтаринест, ки истифодаи маҳсулоти он чӣ дар шакли неруи барқ, чӣ дар шакли танзим ва баланд кардани кафолатнокии обтаъминкунии заминҳои бекорхобидаи давлатҳои Осиёи Марказӣ қиёсан арзонтару судмандтару аз ҷиҳати экологӣ ба мақсад мувофиқ буда, ба нафъи манфиатҳои ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ хизмат менамояд ва дар баланд бардоштани сатҳи иҷтимоёти аҳолии зиёда аз 56 млн. нафари минтақа мавқеи хоса дорад; -Иншоотест, ки ба кор андохтани он амалӣ шудани натиҷаи саъю кӯшиш ва меҳнати зеҳнии даҳҳо ва садҳо олимону мутахасисонро ифода намуда, ба таври воқеӣ бори дигар (баъди сохтмони неругоҳи Норак) шуҳрати ҷаҳонӣ доштани мутахассисони махсусан Пажӯҳишгоҳи «Гидропроект»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистонро хотирнишон карда, тахассуси эшонро боз ба сатҳи баландтарини дунявӣ мебардорад; -Иншоотест, ки ҷараёни сохтмони он мутахассисони мухталифи даҳҳо давлатҳоро гирд оварда, сатҳи ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқоти истеҳсоливу саноатии онҳоро баланд бардошта, дар рушд ва вусъати муносибатҳои иқтисодиву сиёсӣ саҳми арзандае мегузорад, садҳо ҷавонон ихтисосу тахассусҳои мухталифро аз худ карда, соҳиби ҷои кор мешаванд; - НБО «Роғун» барои муътадил нигоҳ доштани на танҳо иқлими Тоҷкистон, балки Осиёи Миёна нақши муассир дорад. Баъди сохтмони неругоҳҳои барқи обии банақшагирифташуда дар Тоҷикистон истеҳсоли солонаи қувваи барқ ба 527 миллиард кВт\соат мерасад. Аз ин миқдор 27 миллиард кВт/соат қувваи барқ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон то солҳои 2025 басанда аст. Боқимонда, яъне 500 миллиард кВт/соат қувваи барқро ба давлатҳои ҳамсоя интиқол додан мумкин аст. Агар мо ин миқдор қувваи барқро ба ҳисоби миёна бо нархи 25 дирамӣ ба бозор ҷаҳонӣ барорем, яъне дар як сол 125 миллиард сомониро ташкил мекунад, ки ба сари ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол 17857 сомонию 15 дирам рост меояд. Неругоҳҳои барқи обӣ ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад. Неругоҳҳои барқӣ обӣ - воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад. Неругоҳҳои барқи обӣ - иқтисодиёти давлат, миллат ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёди иншоотҳои барқӣ ҳамчунин ният дорад, ки ҳаҷми содироти барқро ба хориҷи кишвар афзун намояд. Ин манбаи нурро мо дар зарфи чандин солҳо бо мушкилӣ ба анҷом мерасонем ва таъкидан бояд гуфт, ки саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон дар сохтмони он ниҳоят бузургу беназир аст. Инак, эътимоди комил пайдо шуд, ки мо тавонистем монеаи бузурги рушди мамлакат – норасоии барқро бартараф намоем ва андешаву назари муғризонаи душманони миллату ватанамонро, ки ҳалли ин мушкилотро ғайриимкон мешумориданд, ботил созем. Инак, мо дар арафаи як падидаи бузургу фараҳбахш – ба истифода додани агрегати нахустини НБО «Роғун» қарор дорем. Ин падидаи хуҷаставу хушҳолкунанда мояи ифтихору сарафрозии ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти ин сарзамин аст, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҳама самту соҳаҳои ҳаёти миллату мамлакат заминаи боэътимод фароҳам меоварад. Ин рӯйдод дар саҳифаҳои китоби миллат бо ҳарфҳои заррин сабти ҷовидонӣ хоҳад шуд. Абдураҳмон Хонов, роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Салим Гадоев, мутахассиси Дастгоҳи КИМ ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.