Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Роғун» моро сарбаланд кард

«Роғун» моро сарбаланд кард

10-12-2018, 09:16
Хабарро хонданд: 269 нафар
Назарҳо: 0
«Роғун» моро сарбаланд кард

Баробари ба кор даромадани чархи аввали «Роғун» сари миллати тоҷик ва ҳар тоҷикистонӣ баланд шуд ва ба осмон расид. Ин рӯйдоди муҳим, ки натиҷаи талошу ҷонбозиҳои Сарвари кишвар аст, чеҳраи моро ба таври мусбат ба ҷаҳониён нишон дод.
Нури «Роғун» сояҳоро аз номи тоҷику аз Тоҷикистон дур андохт ва бархурду назари гармро нисбати мо бедор кард.
Ҷойи таъкид аст, ки ҳамзамон бо барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар, бо вуҷуди вазъи мушкили молиявию иқтисодии мамлакат, иқдомҳое ҷиҳати дубора оғоз бахшидан ба сохтмони ин неругоҳи азиму ҳаётан муҳим ба иҷро расида буд, чунки ба дурустӣ дарк мешуд, бе бунёди «Роғун» талаботи мунтазами аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишварро бо барқ қонеъ намудан ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин кардан ғайриимкон мебошад. Ба як маънӣ, аз ҳамон ибтидо неругоҳи “Роғун” омили муҳимтарини рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии осудаи мардуми мо ба ҳисоб мерафт.
Маҳз бо мақсади таъмини рушди кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, ҳукумати мамлакат тараққиёти соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ эълон кардааст.
Агар ин мавзӯъро дақиқтар таҳқиқ кунем, мебинем, ки ин дастовард тавъам бо такмилу навсозии заминаҳои қонунии пешрафти кишвар ба мо насиб шудааст.
Тавре медонем, такмили бахши қонунгузорӣ бо қабули Конститутсияи нав оғоз ёфт, ки чунин зарурат ҳанӯз баъди эълони мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада буд. Зеро Конститутсияи то он замон амалкунанда дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, соли 1978 қабул гардида, ба талаботи ҳаёти нав мувофиқат намекард. Ғояи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҳадафи стратегии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон шуд, дертар дар лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум гардид.
Лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, апрел-июни соли 1994 барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Ва мавриди дастгирии васеи сокинони мамлакат қарор гирифт. Қишрҳои гуногуни аҳолӣ зарурати ҳарчӣ зудтар амалӣ сохтани ислоҳоти конститутсиониро пазируфтанд.
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул кард.
Бо дастрасии Эъломия дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки лоиҳаи Конститутсия бо дарназардошти ҷамъбасти муҳокимаи халқӣ маъқул дониста, ба овоздиҳии халқӣ (референдум) гузошта шавад. Тибқи қонуни мазкур рӯзи референдум 6 ноябри соли 1994 таъин гардида, муқаррар шуд, ки он ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардад. Инчунин, мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва қарор шуд, ки дар як вақт бо референдум оид ба қабули Конститутсия интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шавад.
Дар Қонуни мазкур бори аввал дар таърихи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «қонуни конститутсионӣ» ворид шуда, муқаррар гардид, ки он дорои эътибори Қонуни конститутсионӣ мебошад ва ҳамчунин ба ташкил гардидани Суди конститутсионӣ ва нахустин судҳои иқтисодии ҷумҳуриамон асос ва заминаи устувор гузошт. Тибқи муқаррароти моддаи 13 Қонуни мазкур судҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуданд.
Яке аз тадбирҳои иҷтимоию сиёсие, ки баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омад, ислоҳоти ҳуқуқӣ аст. Ислоҳоти мазкур бо дарназардошти дурнамои рушди ҷомеа, ҳамоҳангӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ ҷараён гирифта, то имрӯз натиҷаҳои хеле муҳим додааст. Дар партави Конститутсия кишварамон дорои як силсила қонунҳои сарнавиштсоз шуд, ки инкишофи пайвастаи онро ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ таъмин мекунад. Дар фосилаи кӯтоҳе аз ҷониби Парламенти мамлакат чандин қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул шуданд, ки барои тараққиёти ҷумҳурӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани иқтисоди бозоргонӣ ва муҳимтар аз ҳама, ворид шудани Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва нуфузу эътибор пайдо кардани он дар сатҳи байналхалқӣ заминаҳои устувору боэътимод фароҳам оварданд.
Ислоҳоти судӣ ҳамон вақт ба дигаргунсозии ҷомеа, инкишофи мунтазами он мусоидат мекунад, ки агар роҳу усулҳои пурра татбиқ шудани қонунҳо аз ҷониби суд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои ҳуқуқӣ таъмин шаванд. Аз ин сабаб, масъулияти бештаре ба дӯши мақомоти судӣ вогузор аст, зеро таъмини адолат боиси устувории пояҳои давлатдорӣ хоҳад буд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: «Адолати том ва таъмини ҳаққу манфиатҳои ҳамаи аъзои ҷомеа, муассисаю созмонҳо дар ниҳоят ҳалли худро дар фаъолияти мақомоти судӣ меёбанд. Сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва пешрафти муносибатҳои бозорӣ маҳз ба фаъолият ва кафолати судӣ эҳтиёҷ дорад».
Дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардида, дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ барои баровардани ҳокимияти судӣ аз тобеияти ҳокимияти иҷроия асоси қонунӣ гузошта шуда, бори аввал ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид.
Нақши созандаи Сарвари кишвар на фақат дар он аст, ки лоиҳаҳои бузургеро ба монанди «Роғун» аз ҳамлаҳои беасос ҳифз кард, балки дар баробари ин бо тавсияву ҳидоятҳояшон роҳро барои ба қонунҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҳуҷҷатгузориҳои миллӣ бо даровардани ислоҳу тағйирот ба Конститутсия фароҳам карданд. Ба ин тартиб давлати Тоҷикистон ҳамзамон бо рақобат ва дастболо шудан дар баҳсҳои сиёсӣ бо фароҳам кардани заминаҳои қонунӣ шароитро барои ҳамкорӣ бо созмонҳои иқтисодиву моли ҷаҳонӣ, ҷилавгирӣ аз эҳтимоли пеш омадани баҳсҳои судӣ фароҳам кард.

Раҳматулло Камолзода,
судяи Суди Олии иқтидии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: