Трамп иҷозат дод, дар марз бо Мексика ба муҳоҷирон оташ кушоянд23-11-2018, 09:30
Хабарро хонданд: 549 нафар
Назарҳо: 0
Президенти ИМА Доналд Трамп ба низомиён иҷозат дод, дар сурати зарурат, дар марз бо Мексика ба самти муҳоҷироне оташ кушоянд, ки аз Амрикои Марказӣ меоянд. Дар ин бора телевизиони CNN хабар додааст. Ба гуфтаи Трамп, дар миёни муҳоҷирон садҳо ҷинояткор ҳаст ва онҳо барои ӯ «интихоби дигар»-еро намегузоранд. Президенти ИМА ҳамзамон изҳори умед кард, ки зарурати оташкушоӣ ба самти муҳоҷирон пеш нахоҳад омад. Ӯ баста шудани тамоми марзҳои кишварашро бо Мексика аз эҳтимол дур надонист. Аз ин пештар, ҳафтаи равон Вазорати дифои ИМА ба низомиён иҷозат дод, дар ҳолатҳои сар задани бетартибӣ ва таҳдидҳо ба ҷони кормандони гумруку марзбонон муҳоҷиронро боздошт кунанд ё зидди онҳо оташ кушоянд. Ба марзҳои ҷанубии Иёлоти Муттаҳида муҳоҷирон асосан аз Амрикои Лотинӣ меоянд. Онҳо мақсади дарёфти паноҳандагӣ дар ИМА-ро доранд. Трамп борҳо гуфтааст, ки дар миёни онҳо «каллабурон» ҳам ҳастанд. Ба хатти марз ҳудуди шаш ҳазор низомии амрикоӣ сафарбар шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.