
Президенти ИМА Доналд Трамп ҳушдор дод, ки дар сурати "импичмент" ё изҳори нобоварӣ ба ӯ, "бозорҳо суқут мекунанд". Президент ин изҳоротро шаби гузашта дар барномаи Fox & Friends-и шабакаи телевизионии FoxNews пахш кард.
Президенти Амрико гуфт, чӣ тавр метавон нафареро "импичмент" кард, ки ин қадар "корҳои хуб"-ро дар мақоми президент анҷом додааст.
Трамп гуфт, агар ӯ барои як даври дигар президент интихоб нашавад, бозорҳои бурси Амрико "суқут мекунанд". Ӯ давраи раҳбариашро беҳтарин давра барои иқтисоди Иёлоти Муттаҳида унвон кард. Раиси ҷумҳур, инчунин, гуфт, агар дар интихоботи соли 2016 ба ҷойи ӯ рақибаш Ҳиллари Клинтон интихоб мешуд, Амрико "рушди манфӣ" медошт.
Президент дар ин сӯҳбат аз қонунҳои бади муҳоҷират шикоят кард ва гуфт, дар марз бо Мексика деворе дар ҳоли бунёд аст, ки мавҷи муҳоҷирати ғайриқонуниро бозмедорад. Ба маълумоти раиси ҷуҳмур, то ҳол барои бунёди ин девор 3,2 миллиард доллар сарф шудааст ва ӯ мехоҳад аз Конгресс боз 5 миллиард доллар дархост кунад.
Изҳороти раиси ҷумҳур дар пасманзари мурофиаи додгоҳии раҳбари ситоди интихоботии ӯ Пол Манафорт, ки ахиран худро аз рӯи 6 банди 18 иттиҳом гунаҳкор эътироф кард ва созиши вакили пешинаш бо муфаттишон, ҷараён мегирад.
Майкл Коэн, ки солҳо вакили Трамп буд, таҳти савганд эътироф кард, ки бо дастури Трамп "ҷиноятҳои молӣ" содир кард. Бо ин ҳол, баъзе шабакаҳои умдаи телевизионии ИМА масъалаи эҳтимоли "импичмент" шудани прездентро матраҳ карданд.