
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, суханрониашро дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо зикри пешрафти ИМА дар соҳаи иқтисод оғоз кард. Ӯ рӯзи 25-уми сентябр гуфт, ҳеҷ як аз маъмуриятҳои Амрико чунин дастовард надошт.
"Бозорҳои бурс дар ҳоли болоравӣ ва бекорӣ дар ҳоли коҳиш аст", - гуфт Трамп ва афзуд, "мо амниятро дар марзҳои худ таъмин кардем, ба зудӣ саноати низомии мо нерӯмандтар аз қабл хоҳад шуд."
Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, "Иёлоти Муттаҳида манфиати кишварҳои дигарро эҳтиром мекунад ва мехоҳад, онҳо низ ба манфиатҳои Амрико эҳтиром гузоранд".
Ҳамон тавр ки қаблан пешгӯӣ мешуд, як бахши суханронии Трамп ба масоили Кореяи Шимолӣ ва Эрон тамаркуз ёфт. "Вашингтон барои пешгирӣ аз таҳдиди низоъ бо Кореяи Шимолӣ кор мекунад. Аз маводи ҳастаӣ орӣ шудани нимҷазираи Корея ба манфиати Кореяи Ҷанубӣ ва Шимолӣ аст", - гуфт Трамп.
Ӯ аз раҳбари Кореяи Шимолӣ барои ҳамкориаш изҳори сипос кард, вале гуфт, таҳримҳо то пурра нест шудани силоҳҳои ҳастаӣ идома хоҳанд ёфт.
Дар робита ба Эрон Трамп гуфт, "Эрон дар умури давлатҳои дигар дахолат мекунад ва раҳбарони Эрон ҳамаҷо тухми низоъ, бесуботӣ ва харобӣ мекоранд." Ӯ гуфт, ки алайҳи Теҳрон таҳримҳои бештар ҷорӣ хоҳад шуд.
Доналд Трамп бо зикри "фоҷеаи Сурия" қавл дод, ки дар сурати истифодаи маводи кимиёвӣ дар Сурия, Амрико ба он вокуниш хоҳад кард.