Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Трамп: гуфтугӯҳо бо Мексика ва Канада "одилона" буданд

Трамп: гуфтугӯҳо бо Мексика ва Канада "одилона" буданд

2-10-2018, 08:39
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
Трамп: гуфтугӯҳо бо Мексика ва Канада "одилона" буданд

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи душанбе, 1 октябр бо баргузории як нишасти хабарӣ дар Кохи сафед созишномаи нави тиҷории кишварашро шарҳ дод, ки ҷойгузини созишномаи тиҷорати озоди Амрикои Шимолӣ - (NAFTA) хоҳад буд.

Трамп гуфт, ин хабар аҳамияти таърихӣ дорад ва гуфтугӯҳои созишномаи нав дар асоси усули адолат ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Ба гуфтаи ӯ, Мексика ва Канада розӣ шуданд, ки ба созишнома муқаррароти ҳифзи кормандон, муҳити зист ва моликияти зеҳнӣ шомил карда шавад. Трамп, изҳор дошт, ки созишномаи нав барои содироти гандум, тухм ва маҳсулоти ширии кишоварзону чорводорони амрикоӣ шароити беҳтареро фароҳам мекунад.

Доналд Трамп афзуд, ки гуфтугӯҳо дар робита ба масоили тиҷорӣ бо Иттиҳоди Аврупо низ идома доранд ва ибрози умедворӣ кард, ки бо комёбӣ ба поён хоҳанд расид. Дар мавриди низои тиҷорӣ бо Чин гуфт, дар ҳоли ҳозир, Пекин барои созишномаи нави дуҷонибаи тиҷорӣ бо Вашингтон омода нест.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: