Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ИТТИҲОДИ СИТОРАГОНИ ОСМОНИ ҲУНАР. Дар Фестивали байналмилалии театрӣ Аловиддин Абдуллоев сазовори ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши мардона» гардид

ИТТИҲОДИ СИТОРАГОНИ ОСМОНИ ҲУНАР. Дар Фестивали байналмилалии театрӣ Аловиддин Абдуллоев сазовори ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши мардона» гардид

23-11-2018, 08:27
Хабарро хонданд: 319 нафар
Назарҳо: 0
ИТТИҲОДИ СИТОРАГОНИ ОСМОНИ ҲУНАР. Дар Фестивали байналмилалии театрӣ Аловиддин Абдуллоев сазовори ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши мардона» гардид

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Қирғизистон-шаҳри Бишкек Фестивали байналмилалии театрии «Айтматов ва театр», ки ба 90-солагии нависандаи бузург ва ходими ҷамъиятӣ Чингиз Айтматов бахшида шудааст, баргузор гардид.

Ба ҳайси узви ҳакамон дар ин фестивали калони фарҳангӣ драманависи шинохта, мудири шуъбаи тарҷума ва робитаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато ҲАМДАМ низ ширкат намуд. Пас аз бозгашт ӯ таассуроти худро ба мухбири АМИТ «Ховар» Ҷаҳонгир Гулмуродӣ чунин иброз дошт: «Дар ин фестивали аз лиҳози миқёс ва мазмуну мундариҷаи ғоявию бадеӣ бузург дар маҷмӯъ 18 театр аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Россия, Озарбойҷон ва Туркия ширкат варзиданд. Бояд зикр кард, ки қариб ҳамаи асарҳои Чингиз Айтматов театрикунонида шудаанд. Фестивал бори дигар собит намуд, ки эҷодиёти пурмӯҳтавои нависанда имрӯз ҳам бағоят муҳим ва ҷавобгӯи замон аст».

Дар сухани ифтитоҳӣ вазири фарҳанг, иттилоот ва туризми Қирғизистон Азамат Жаманқулов, аз ҷумла гуфт: «Барои театрҳои мо китобҳои Чингиз Айтматов барои ҳамешагӣ чун хазинаи маънавӣ боқӣ мемонанд».

Воқеан, ҳамаи намоишҳо ҷолиб, тасхиркунанда ва диданӣ буданд. Аъзои ҳакамон якдилона шоҳҷоизаро ба ҳайати эҷодии Театри давлатии миллии русии драмавии ба номи Чингиз Айтматови Қирғизистон сазовор донистанд. Тоҷикистонро дар ин Фестивал Театри вилоятии мусиқӣ-драмавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови вилояти Хатлон муаррифӣ кард. Тамошобинон ва аъзои ҳакамон спектакли ҳунарпешагони тоҷикро бо номи «Қиёмат», ки онро драматург, сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» Ҷумъа Қуддус саҳнавӣ гардонидааст, хуш пазируфтанд.

ИТТИҲОДИ СИТОРАГОНИ ОСМОНИ ҲУНАР. Дар Фестивали байналмилалии театрӣ Аловиддин Абдуллоев сазовори ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши мардона» гардид

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловиддин Абдуллоев сазовори ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши мардона» гардид.

Фестивали байналмилалии театрии «Айтматов ва театр» иттиҳоди ҳақиқии ситорагони олами ҳунар гардид.

Ёдовар мешавем, ки оғози моҳи октябри соли равон дар шаҳри Бишкек Форуми сеюми байналмилалии Истиқкӯл ба ифтихори 90-солагии Чингиз Айтматов доир гардид. Дар форум, ки ба рӯйдоди фарҳангии миқёсан ҷаҳонӣ табдил ёфт, шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур Суруш низ иштирок ва суханронӣ намуд.

P/S. Ато Ҳамдамро ба муносибати 70-солагии зодрӯзаш вазири фарҳанг, иттилоот ва туризми Қирғизистон Азамат Жаманқулов табрик намуд ва аз рӯи анъанаи халқии қирғизӣ ба ӯ кӯлоҳи миллӣ ва қамчин тақдим намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: