Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ансамблҳои «Лола» ва «Садо» Тоҷикистонро дар Фестивали байналмилалии рақси мардумӣ муаррифӣ мекунанд

Ансамблҳои «Лола» ва «Садо» Тоҷикистонро дар Фестивали байналмилалии рақси мардумӣ муаррифӣ мекунанд

21-07-2017, 13:16
Хабарро хонданд: 160 нафар
Назарҳо: 0
Ансамблҳои «Лола» ва «Садо» Тоҷикистонро дар Фестивали байналмилалии рақси мардумӣ муаррифӣ мекунанд
/АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 30 июли соли 2017 дар шаҳри Урумчии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Фестивали V байналмилалии рақси мардумӣ баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши фарҳангии байналмилалӣ ҳайати ҳунарии Ансамбли давлатии хизматнишондодаи «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода ва Ансамбли «Садо»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев муаррифӣ менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати 35-нафараи ҳунармандони ансамблҳои номбурда бо мақсади иштирок дар Фестивал субҳи 19 июли соли 2017 ба сафар баромаданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: