Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » НБО РОҒУН – ОРМОНИ МИЛЛАТ

НБО РОҒУН – ОРМОНИ МИЛЛАТ

15-11-2018, 15:01
Хабарро хонданд: 456 нафар
Назарҳо: 0
НБО РОҒУН – ОРМОНИ МИЛЛАТ
Тоҷикистони соҳибистиқлол зери роҳбарии хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназире ноил гардидаву боз ҳам гардида истодааст, ки онҳоро метавон танҳо ба сифати амалишавии ормонҳои миллӣ ном бурд. Яъне, ҳамаи ин дастовардҳои бесобиқа аз ҷумлаи ормонҳои миллие буданд, ки имрӯзҳо амалишавии онҳоро, хушбахтона, дида истодаем. Нахустин ормони миллӣ соҳиб гардидан ба давлати соҳибистиқлол буд, ки муаррифӣ ва ҳифзи он муҳимтарин вазифа ба ҳисоб мерафт. Ҳамаи ин масъулиятшиносии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси он гардид, ки мардум ба он боварии комил ҳосил карданду баҳри пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу осоиш кӯшиш намоянд.
Ба роҳбарии кишвар омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Раиси Шӯрои Олии мамлакат интихоб гардиданашон бахти миллат буд, зеро кишварро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшиданд, ки кори осоне набуд. Инро саҳифаҳои таърих барои наслҳои имрӯзу ояндаи мамлакат бозгӯ мекунанд.
Ба сифати яке аз се ҳадафи стратегии кишвар шинохтани расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ниҳояти дурандешӣ ва хирадмандии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки заминаи рушди устувори минбаъдаи мамлакатро таъмин менамояд.
Воқеан дар қатори раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ормони дерини миллати мо буд, ки тавассути талошҳои Сарвари ояндабини давлат зина ба зина амалӣ гардид, ки зинаи ниҳоии он оғози кори нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии овозадори “Роғун” хоҳад буд ва мо - сокинони сарбаланду хушбахти мамлакат шоҳиди он хоҳем шуд.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз бузургтарин иншооти энергетикии Тоҷикистон мебошад, ки баробари ба фаъолият оғоз кардан дар кишварамон истиқлолияти энергетикиро таъмин менамояд. НБО «Роғун» иншооти ҳаётан муҳими стратегии кишвар ва бузургтарин неругоҳи барқии обии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, ҷараёни сохтмони ин иншоот чун лоиҳаи сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо аз тарафи гидроэнергетику гидрологҳо, климатологу экологҳо, геологу сейсмологҳо ва мутахассисони соҳавӣ, балки аз ҷониби ҷомеашиносону хабарнигорон ва дипломату сиёсатшиносон низ мавриди пажӯҳиш қарор гирифта, аз ҳамаи санҷишҳо пурра гузаштааст.
Мо фаромӯш накардаем, ки то ба ҷидду ҷаҳд оғоз намудани корҳои сохтмонии ин иншооти муҳим мардуми меҳнатдӯсти мо як қатор иншооти муҳташам, аз ҷумла НБО-ҳои «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», нақбҳои «Озодӣ», «Хатлон», «Истиқлол», «Шаҳристон» ва даҳҳо неругоҳҳои хурду миёнаю ҳазорҳо километр роҳҳоро бунёд карда, дар ин самт таҷрибаи ғанӣ ҳосил кард.
Бунёди Неругоҳи барқии обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», оғози татбиқи лоиҳаи CASA-1000, таҷдиди НБО-и «Норак», мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500-киловолта дар шаҳри Норак, бунёди хати интиқоли барқи баландшиддати 220- киловолтаи «Лолазор-Хатлон» бо зеристгоҳҳои барқии «Лолазор» ва «Хатлон», хати интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол» аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикист, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо роҳбарии Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидааст.
Ниҳояти дурандешӣ ва оқилии Пешвои муаззами миллат аст, ки тавонистанд, собит намоянд, бунёди «НБО Роғун» на танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки аҳамияти минтақавӣ низ дорад. Боиси хушҳолист, ки бо вуҷуди мушкилиҳо ва монеаҳо корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург баъд аз чанд соли қатъ боз ҳусни оғоз пайдо карданд. Зеро баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад давлатҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд.
Мутахассисон мегӯянд, ки пас аз пур шудани обанбор сатҳи об метавонад иқлим тағйир дода, ба бою рангин шудани экосистемаи маҳал мусоидат кунад ва деградатсияи пиряхҳои болообро боз дорад. Ҳамзамон аз обе, ки дар обанбор ҷамъ мегардад, дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузург метавон истифода кард.
Ҳамзамон барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардида, барои инкишофи иқтисоди кишвар такон бахшад. Ҳамчунин энергияи истеҳсолшавандаи НБО «Роғун» на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз буҳрони энергетикӣ мебарорад, балки имкон медиҳад, ки як қисм неруи барқи истеҳсолшуда ба фурӯш бароварда шавад. Аз ин рӯ, бунёди НБО «Роғун» армони миллати сарбаланду тамаддунсози тоҷик буда, ҳам ба манфиати Тоҷикистон ва ҳам ба манфиати минтақа, дар маҷмӯъ як гӯшаи сайёра аст.
Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: