Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » РОҒУН –ИНШООТИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАҚОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

РОҒУН –ИНШООТИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАҚОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

1-11-2016, 09:27
Хабарро хонданд: 446 нафар
Назарҳо: 0
РОҒУН –ИНШООТИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАҚОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Асри XXI барои миллати тоҷик бо дастоварду комёбиҳои беназир ва тантанаи Истиқлоли давлатӣ оғоз ёфта, тӯли 25-соли Истиқлолият Тоҷикистон ба кишвари ягона, дунявӣ, соҳибистиқлол табдил ёфт ва миллати сарбаланди он пайи ноил гардидан ба зиндагии шоиста бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору пайкор намуда ба ин васила обрӯю эътибори байналмилалии кишварро таъмин намуд.
Миллати тоҷик моҳи сентябр 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати бузург ва дастовардҳо дар соҳаи таҳкими сиёсати давлатдорӣ, комёбиҳои иқтисодӣ, фарҳанг ва маориф таҷлил намуд.
Инак, 29 –уми октябри соли равон дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун баргузор гардид.
Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди он буданд, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо дуои нек ба ин иншооти бузурги аср ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар баробари дигар корҳои созандагию бунёдкорӣ, ки дар замони Истиқлол дар Тоҷикистон анҷом ёфт, орзу намуданд, ки ин иншооти тақдирсозу сарнавиштсоз низ дар мӯҳлати муқаррар шуда ба охир расида, обрӯи байналмилалии Тоҷикистонро бамаротиб афзояд ва кишвари мо ба давлати истихроҷкунандаи қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил ёбад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли якуним соат бо ибрати шахсӣ заҳмат кашида, бо пеш рондани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба хотири осудаҳолию хушбахтии мардуми тоҷик ҳусни оғоз бахшиданд.
Халқи тоҷик дар марҳилаҳои гуногуни таҳкими Истиқлолият лаҳзаҳои ҷонфидоӣ ва сарсупурдагии ин абармарди беназир ва сиёсатмадори беҳамторо борҳо шоҳид гардида, унвони ифтихории Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона барои ӯ муносиб дида, дар маросими оғози корҳои бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун устуворию мардонагӣ, бо дили пур ва ҳиммати баланд ба кори ин иншоот шурӯъ намудани Сарвари худро дида ба ояндаи нек боварии том ҳосил намуд ва баҳри чунин талошҳо, ки ба хотири хушбахтии миллат анҷом мепазирад, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳсанту офарин хонд.
Асри XXI барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли мардуми шарифи он асри нур ва асри истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад буд.
Вобаста ба ҳадафҳои стратегии ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ тӯли 25-соли Истиқлолият корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд, ки аз ҷумлаи онҳо бунёди нерӯгоҳҳои барқии обии“Сангтуда 1” ва “Сангтуда 2”, оғози татбиқи лоиҳаи КАСА - 1000, таҷдиди нерӯгоҳи Барқии обии Норак, мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500 киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии “Лолазор”, Хати интиқоли барқи баландшиддати 220 киловолтаи “Лолазор - Хатлон”, Зеристгоҳи барқии “Хатлон”, Хати интиколи барқи баландшиддати 500 киловолтаи “Ҷануб Шимол”, ба истифодадиҳии навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии 2 – и Душанбе бо иқтидори 100 мегаватт, идомаи бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии 2 – и Душанбе бо иқтидори 300 мегаваттро номбар кардан мумкин аст.
Аз маърӯзаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ифтихори оғоз ёфтани корҳои бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғуниро агар дид, маълум мешавад, ки сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт - соат) калонтарин нерӯгоҳибарқиобӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун на танҳо барои халқи тоҷик, балки барои дигар кишварҳои минтақа низ аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошта, Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон метавонад кишварҳои дигарро низ бо қувваи барқ таъмин намояд. Таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳи Роғун аз моҳи декабри соли 2018 ба истеҳсоли қувваи барқ оғоз намуда, ба хонадони ҳар як оилаи тоҷик нури барқ ба таври фаровон ворид мегардад ва зиндагии ҳар як тоҷикистониро шоистатар ва хуррамтар мегардонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба кишвари нуру зиё ва рӯшноӣ табдил ёфта, дар асоси бо иқтидори пурра ба кор дароварда шудани Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳамчун давлати содиркунандаи қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза эътироф мегардад ва обрӯи байналмилалии он дар ҷаҳон меафзояд.

С.Ёқубов , мудири шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилоти
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

М. Ҳабибуллоева, сармутахассиси шӯъба
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: