Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори Неругоҳи барқии обии Роғун

Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори Неругоҳи барқии обии Роғун

13-11-2018, 09:18
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 1
Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори Неругоҳи барқии обии Роғун
«Ба шарофати сулху салоҳ мо тавонистем дар давоми ду сол сохтмони чандин иншоотҳои барои пешрафти мамлакат такдирсозро ба анҷом расонем. Худи шумо хуб медонед, ки дар арафаи ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён дар ҷумҳурии мо бештар аз 500 иншоотҳои истеҳсолию маъмурӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба истифода дода шуд. Фикр мекунам, ки дар бораи иншоотҳои бунёдгардида ҳоҷати батафсил сухан гуфтан нест, зеро шумо тавассути воситаҳои ахбори омма аз рафти сохтмони онҳо огоҳ ҳастед. Фақат ҳаминро мехоҳам зикр намоям, ки дар тарҳрезии созандагию бунёдкориҳо мо бояд камаш панҷоҳ соли ояндаро ба ҳисоб гирем. Тақдири ояндаи Ватан ва сарнавишти наслҳои минбаъдаро дар асри XXI пешбинӣ намоем. Ба ҳамин хотир мо ба бунёди иншоотҳои тақдирсоз рӯ овардем, бори гарони марҳилаи созандагиро бар дӯш гирифтем. Сохтмони туннели Анзоб, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа— Кӯлоб, роҳи байналхалқии мошингарди Душанбе—Кӯлоб— Хоруғ—Кулма—Қароқурум, ба истифода додани кони гази Хоҷасартез, бунёди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда ва идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегие мебошанд, ки дар асри XXI истиқлолияти иқтисодию энергетикии ҷумҳуриро таъмин месозанд».
Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба
муносибати фарорасии Соли 2000-ум

Бо хотима ёфтани ҷанги хонумонсузи шаҳрвандӣ ва амали гардидани ваъдаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - «Ман ба Шумо сулҳ меоварам» мардуми тоҷик аз паи қадамҳои устуворонаи ин марди наҷиб, ки он ҳам ободгариву дунёдгузорӣ дониста мешуд, роҳсипор гардиданд. Таи солҳои аввали ба даст овардани Ваҳдати миллӣ Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани се ҳадафи стратегӣ; таъмини истиклолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, ки он дар як муддати начандон тулонӣ метавонист кишварро ҳамчун мамлакати рӯ ба тараққиниҳода муаррифӣ намояд, камари ҳиммат баст.
Пешвои миллат, мутарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бунёди туннели Анзоб, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа— Кӯлоб, роҳи байналхалқии мошингарди Душанбе—Кӯлоб— Хоруғ—Кулма—Қароқурум, ба истифода додани кони гази Хоҷасартез, бунёди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда, идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва сохтмони якчанд иншооти азими дигарро барои 50 соли оянда пешбинӣ намуда буданд. Аммо зери сиёсти бунёдкорона ва созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон теъдоде аз иншооти барои миллати тоҷик тақдирсоз дар марҳилаи нисбатан кӯтоҳ хотима ёфта, ҷиҳати ноил шудан ба се ҳадафи стратегии худ (таъмини истиклолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ) замина гузошт.
Мавриди зикр аст, ки таи солҳои соҳибистиқлолӣ то ба оғози корҳои сохтмони дар НБО Роғун, як қатор ишооти муҳим ҷиҳаи ноил гардидан ба истиқлолияти энеретикӣ сохта шуданд, аз ҷумла НБО «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», нақбҳои «Озодӣ», «Хатлон», «Истиқлол», «Шаҳристон» ва даҳҳо неругоҳҳои хурду миёна бунёд гардида, дар ин самт таҷрибаи ғанӣ андӯхт. Бунёди НБО «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», оғози татбиқи лоиҳаи CASA-1000, таҷдиди НОБ «Норак», мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500-киловолта дар шаҳри Норак, хати интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол», бунёди хати интиқоли барқи баландшиддати 220- киловолтаи «Лолазор-Хатлон» бо зеристгоҳҳои барқии «Лолазор» ва «Хатлон», ва ғ аз ҷумлаи онҳо маънидод мегардад.
Тавре, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханонии худ вобаста ба зарурати бунёди НБО Роғун иброз намуда буданд; «Дар масъалаи барқарорсозии иқтидори нерӯгоҳҳои мавҷуда мехоҳам зикр намоям, ки бо сабаби дар муддати чандин даҳсола фаъолият кардани онҳо, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии Норак аз соли 1972 ва Қайроққум аз соли 1956 таҷҳизоту дастгоҳҳои технологӣ дар ин иншоот хеле кӯҳнаву фарсуда шудаанд. Бар замми ин, қаъри обанбори онҳо бинобар таҳшиншавии гил торафт баланд гардида, ғунҷоиши об дар онҳо маҳдуд шуда истодааст».
Бобати ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ Тоҷикистонро мебоист, нақшаи бунёди Неругоҳи барқии бузургеро тарҳрезӣ намояд. Аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар бар меояд, ки ҷиҳати расидан ба манфиатҳои хеш Чумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои ҷомеаи ҷаҳониро низ аз мадди назар дур намегузорад. Чумҳурии Тоҷикистон талошҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳониро бобати гузаштан ба “иқтисоди сабз” ба инобат гирифта, дар раванди бартараф намудани мушкилоти энергетии худ ва ҳамзамон саҳм гузоштан дар пешрафти иқтисодиёти минтақаву дар умум сайёра лоиҳаи НБО Роғунро рӯи даст гирифт.

Бо назардошти он, ки дар бунёди НБО Роғун қувваҳои зиёде монеагӣ менамуданд, ҷиҳати ҳаматарафа ба инобат гирифтани манфиатҳои кишварҳои поёноби минтақа Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон созмонҳои байналмиллалиро ҷалб кард. Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон соли 2007 ба Бонки Ҷаҳонӣ барои гузаронидани ташхиси байналмилалии лоиҳа муроҷиат намуд. Хафт сол сарфи гуфтушунид ва омӯзишу таҳқиқоти ин лоиҳаи муҳим гардид. Беҳтарин коршиносони ҷаҳонӣ тавассути ду ширкати мушовир ва ду гурӯҳи мутахассисони мустақил ба ин раванд ҷалб гардида буданд, ки тавассути машварату пажӯҳишҳо ва ташкили ҷаласаҳои махсус бо кишварҳои минтақа ҷанбаҳои гуногуни лоиҳаро ҳамаҷониба баррасӣ карда, хулосаҳо пешниҳод намуданд. Дар натиҷа соли 2014 арзёбии асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва таъсири иҷтимоиву экологии лоиҳа имконпазирии сохтмони нерӯгоҳи Роғунро тасдиқ намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки корҳои таҳқиқотии бунёди НБО «Роғун» ҳанӯз солҳои 30-юми асри гузашта зери роҳбарии В.А. Горбунов оғоз ёфта буданд. Вале корҳои лоиҳакашии иншооти муҳташам танҳо соли 1960 оғоз гардид. Вобаста ба солҳои 70-80-ум асри гузашта бо назардошти афзоиши талабот ба неруи барқ, зиёд гардидани корхонаҳои саноатӣ зарурати сохтани иншооти нави барқи обӣ ба миён омад. Лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» дар шуъбаи осиёимарказии Донишкадаи «Гидропроект»-и шаҳри Тошканд дар аввали солҳои 70-ум таҳия карда шуда, лоиҳаи мазкур соли 1974 аз ҷониби Кумитаи давлатии сохтмонии ИҶШС тасдиқ гардид. Вале пошхӯрии ИҶШС ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки ин сохтмон пурра ба итмом расонида шавад.
15 апрели 2008 Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон Карор Дар бораи тасдиқ намудани Оиннома ва сохтори идоракунии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун тасдиқ гардид.
Бо тул кашидани гуфтушунид ва омӯзишу таҳқиқоти лоиҳаи НБО Роғун, ки барои миллати тоҷик муҳим ва барои ҷомеаи минтақаву дар умум сайёра манфитовар ҳисобида мешуд, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин иншооти аср тамоми неру ва дониши худро равон намуданд. Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 апрели соли 2008 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун нав оғоз нашудааст, балки он аз даврони шӯравӣ идома ёфта, дар ин иншоот тақрибан 40 фоизи корҳои асосии сохтмон ва харидории таҷҳизот ба маблағи умумии беш аз як миллиард доллари амрикоӣ анҷом дода шудаанд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим ба мардуми кишвар аз ҷумла муроҷиат намуда буданд, ки; «Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳар як шахси бонангу номус, ҳамаи мардуми шарифу ватандӯсти кишвар ва хусусан сохтмончиёну мутахассисони ботаҷрибаи соҳаҳои энергетика ва сохтмон муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки ба хотири ҳарчи зудтар сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун фаъолона иштирок намоянд ва дар таъмин кардани истиқлолияти энергетикии кишвар саҳмгузор бошанд».
Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар баҳри саҳмгузорӣ дар бунёди нерӯгоҳи обии Роғун аз ҷониби тамоми табақаҳои шаҳрвандон, аз ҷумла тоҷикону тоҷикистониёни бурунмарзӣ низ мавриди ҳамовозию дастгирӣ қарор гирифтанд. Номаҳои густурдаи ҳамовозӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар бунёди НБО Роғун аз ҷониби сокинони кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ ворид мегардиданд. Дар ин номаҳо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба «ҷабҳаи заҳмати созанда ба хотири ободии Ватан» эълон гаштани майдони сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун мавриди ҳамовозӣ қарор гирифт. Дар номаҳо таъкид мегардад, ки баробари омода гаштани саҳмияҳои нерӯгоҳи обии Роғун, тоҷикону тоҷикистониён аз ҷумла соҳибкорону тоҷирони соҳибнуфуз омодаанд аз онҳо харидорӣ кунанд.
Тавре дар боло зикр шуд, оғоз аз соли 2007 то 2014 коршиносони ҷаҳонӣ тавассути ду ширкати мушовир ва ду гурӯҳи мутахассисони мустақил ба ин раванд кор бурда, тавассути машварату пажӯҳишҳо ва ташкили ҷаласаҳои махсус бо кишварҳои минтақа ҷанбаҳои гуногуни лоиҳаро ҳамаҷониба баррасӣ карда, хулосаҳо пешниҳод намуданд. Дар натиҷа соли 2014 арзёбии асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва таъсири иҷтимоиву экологии лоиҳа имконпазирии сохтмони нерӯгоҳи Роғун тасдиқ гардид. Оғози расмии бунёди НБО Роғун маҳз дар соли таҷлили ҷашни муқаддаси 25 - солагии истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон рост омад, ки чунин ҳолат як дастоварди беҳтарини мардуми шарифи кишварамон дар ин сол дониста шуд.
Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи нерӯгоҳи “Роғун” ба талошҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан ба “иқтисоди сабз”, ки асоси онро истифодаи сарчашмаи энергияи барқароршаванда ташкил медиҳад, мувофиқ буда, татбиқи он имконият медиҳад, ки партофти садҳо ҳазор тонна газҳои карбон ба ҳавои атмосфера кам карда шавад. Маҳз ба ин хотир, баъди анҷом ёфтани марҳалаи арзёбии асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва таъсири иҷтимоиву экологии лоиҳа, Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон тендери байналмилалӣ эълон намуда, ширкатҳои бонуфузи ҷаҳониро барои иштирок дар сохтмони нерӯгоҳ даъват намуд. ва ширкати пирӯз – “Салини Импре - ҷило”-и Италия, ки дар соҳаи сохтмони иншооти гидротехникӣ дар арсаи байналмилалӣ яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба ба шумор меравад, фаъолиятро барои сохтмони сарбанди нерӯгоҳ оғоз кард. Иҷрои корҳо оид ба назорати раванди сохтмон ва намояндагии фармоишгар ба дӯши ширкати бонуфузи дигар – “Трактебел инҷи - ниринг”-и Франсия, ки дар самти корҳои машваратӣ ва муҳандисӣ таҷрибаи зиёд дорад, гузошта шудаанд.
Масъалаи дигаре, ки таваҷҷуҳи хосаро тақозо менамояд, аҳаммияти минтақавӣ доштани лоиҳаи мазкур аст. Ба ақидаи коршиносон иншооти “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он, дар ҳақиқат метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад. Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони машҳури ҷаҳонӣ бар он назаранд, ки бунёди иншооти энергетикӣ дар дарёҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба таъмини тавозун байни масъалаҳои обӣ ва энергетикӣ равона шуда, дар ояндаи наздик ба ягона роҳи паст кардани зарар ва камобиву обхезиҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни миёна ва поёноби Амударё табдил хоҳад ёфт. Иншооти мазкур имкон медиҳанд, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад. Дар хотир бояд дошт, ки маҳз сохтмони нерӯгоҳҳои нави хурду бузурги барқи обӣ имкон фароҳам меорад, ки на танҳо норасоии нерӯи барқ бартараф карда шавад, балки дар давраҳои хушксолӣ ҳамаи кишварҳои поёноби минтақа бо об таъмин гарданд.
Санаи 29 октябри соли 2016 зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури як гурӯҳ аъзои Ҳукумати мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён ва як гуруҳ ҷавонони кишвар маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барпо шуд, ки ин ҳолат боиси сарбаландиву сарфарозии мардуми сарбаланди тоҷик гардид. Дар ин маросим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозер якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамоташ аст, ҳусни оғоз бахшиданд.
Бинобар сабабе, ки «НБО Роғун» на танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки аҳамияти минтақавӣ низ дорад, бо вуҷуди мушкилиҳо ва монеаҳо корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург баъд аз чанд соли қатъ боз ҳусни оғоз пайдо карданд. Зеро баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад давлатҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар силсилаи неругоҳҳои руди Вахш аз боло нӯҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт - соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад.
Инак мо дар рафаи мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» қарор дорем. Бо ин рӯзи пирӯзии миллати тоҷик эътимоди комил пайдо шуд, ки мо тавонистем монеаи бузурги рушди мамлакат – норасоии барқро бартараф намоем. Бо бовари метавон гуфт, ки ин руйдоди наҷиб миллати тоҷикро ҳамчун қавми созандаву бунёдгаро ва мубориз дар дафтари таърих сабти ном хоҳад кард.
Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
grapple00pine 8 февраля 2022 19:43
<a href="https://www.google.com/">https://www.google.com/</a>
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: