Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби пешсафи мафкуравию идеявии ҷомеа

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби пешсафи мафкуравию идеявии ҷомеа

14-11-2018, 10:46
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби пешсафи мафкуравию идеявии ҷомеа

Бо дастур ва супориши Раиси кумитаи иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд М. Н. Маликисломӣ фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ ва санҷиши танзими ҳуҷҷатҳои он роҳандозӣ гардид.
Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ин навбат натиҷагирӣ дар ташкилоти ибтидоии ҶСК «АРЗ-4» баргузор шуд. Бояд қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, дар назди ҳамаи аъзои ҳизб вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи босазо гузорад ва дар ин радиф кумита ва ташкилотҳои ибтидоиро зарур аст, ки мунтазам аз муаммоҳои аҳли ҷомеа огоҳ бошанд. Дар мавриди ҳалли мушкилоти эшон ҳамкории судманду самаранокро дар робита бо мақомоти давлатӣ роҳандозӣ намоянд, зеро рисолати аслии ҳизб он аст, ки тариқи тарщибу ташвиқи пояҳои маънавиасосӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то мафкураи мардум бурда расонидан ва онҳоро ба корҳои созандаву бунёдкорона ҷалб намудан аст.
Дар натиҷаи саъю талоши Раиси ташкилоти ибтидоии ҶСК «АРЗ-4» Умаров Юсуф Очилбоевич ва аъзоёни он ташкилоти мазкур дар асоси талаботи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолият мебаранд.
Қобили тазаккур аст, ки ТИ дар такомул ва инкишофи раванди иқтисодӣ – иҷтимоии шаҳри Хуҷанд саҳми босазо мегузоранд.
Дар амри Пешвои миллат, яъне дастгирии ятимону бепарасторон, қишрҳои ниёзманди ҷомеа, кӯмаки амалӣ ба ҷавонон, ки ояндаи кишвар маҳсуб меёбанд ва корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор мебошанд.
Дар мавриди комиссияи кор бо занон фаъолияти ташкилот густурда ва доманадор арзёбӣ гардид. Намунаи ин фаъолият дар амалӣ гардонидани Қонунҳои Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълуму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарбияи кадрҳои ҷавонон дар рӯхияи хештаншиносиву ватандорӣ, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мунтазам роҳандозӣ мегардад.
Хулоса, ТИ ҶCК «АРЗ– 4 » фаъолияти худро барои ваҳдати миллӣ, сулҳу амният, суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ – иҷтимоӣ, созандагиву ободкорӣ ва зиндагии шоистаи мардум сафарбар менамояд, ки шоистаи таҳсин аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: